Дейвид Люис: "Ғояи ваҳдат набояд ба нооромӣ барад"

Сарони кишварҳои Осиёи Миёна.

Як пажӯҳишгари бритониёӣ мегӯяд, ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ низоми худкомаро як роҳи муассири таъмини суботу оромӣ медонанд ва роҳи пешгирифтаашон то кунун натиҷа додааст.

Дейвид Люис, як пажӯҳишгари бритониёӣ, мегӯяд, ҳукуматҳо дар минтақаи Осиёи Миёна низоми худкомаро як роҳи муассири таъмини суботу оромӣ медонанд. Ба гуфтаи ӯ, роҳи пешгирифтаашон то кунун натиҷа додааст, аммо дар дарозмуддат ингуна сиёсат кор намедиҳад, зеро мушкилоте, ки дар ҷомеаҳо ҷамъ шудааст, дар ниҳоят метавонад, субот дар ҳар кишвари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро ноором ва халалдор кунад.

Пажуҳиши Дейвид Люис аз Донишгоҳи Эксетери Бритониё зери номи “Режимҳои худкома ва баҳси сулҳ дар Осиёи Марказӣ” чанде пеш нашр шуд. Ӯ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Озодӣ, ибтидо роҷеъ ба шеваи таъмини субот дар Осиёи Миёна аз сӯи раҳбарони минтақа гуфт:

Дейвид Люис: "Ба фикри ман, ин шева босамар нест ва ба андешаи ман суботро дар кӯтоҳмуддат таъмин мекунад. Дар дарозмуддат масъала ин аст, ки худкомагӣ наметавонад, низомеро ба вуҷуд биёрад, ки ҷомеа баъдан худаш тавонад, ихтилофотро ва ё ҷилавгирӣ кунад. Ба таъбири дигар, ҷомеа ҳамеша ба ҳукумат такя мекунад, ки ба ихтилофот дахолат кунад ва ё онро фӯру нишонад. Вале худкомагӣ шеваи ҳалли ихтилоф аз тарафи худи ҷомеаро таъмин намекунад, чизеро ки мо дар ҷомеаҳои озод мебинем. Яъне инсонҳо вақте баҳс доранд, ба ҳукумат такя мекунанд, ки омада онро рафъ кунад, вале бо гузашти вақт ингуна роҳи ҳал мушкилу мушкилтар мешавад."

Радиои Озодӣ: Шумо дар ин пажӯҳиш гуфтаед, ки дар шарқи Тоҷикистон баъзе аз мардум чунин фикр мекунанд, ки ихтилофро бояд як нафари бонуфуз ва ё масалан марди бонуфузе ҳал кунад. Метавон гуфт, ки мардум тарафдорни ҳукуматдории худкома ҳастанд?

Дейвид Люис.

Девид Люис: Мушкил ин аст, ки баъзе аз афрод ингуна шеваро қабул доранд, вале баъзеи дигар не. Ман баъзе аз рустоҳоро намуна овардам, ки пешвои онро баъзе аз сокинон қабул доранд, вале қисмати дигари одамон ҳастанд, ки аз қарорҳои қабулкардаи ӯ хушҳол нестанд. Ингуна раисони маҳаллаҳо умдатан мард ва ё пир ҳастанд, вале ҷавонон ва занон, аққалиятҳо мумкин эҳсос мекунанд, ки дар ҷараёни қабули қарорҳо онҳоро роҳ намедиҳанд. Дар ҳукумат низ айни чиз аст. Мумкин аст, ки қисмате аз ҷомеа раҳбари худкомаро тарафдорӣ мекунад, вале баъзе аз мардум ҳастанд, ки ранҷ мекашанд, канор зада шудаанд ва ё онҳоро ба низоми сиёсӣ роҳ надодаанд. Бе интихобот пайдо кардани раҳбаре, ки дар байни тамоми гурӯҳҳои ҷомеа машрӯъияти комил дошта бошад, бисёр сахт аст.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон тавре медонед, чанде пеш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро "Пешвои миллат" эълон карданд ва раъйпурсии рӯзи 22-уми май роҳи ӯро барои ҳукуматдории доимӣ боз мекунад. Онҳо мегӯянд, бо назардошти хусусияти ҷомеа ин корро карданд, ки тарафдори раҳбари қавианд?

Девид Люис: Миёни пешвои қавӣ ва пешвои машрӯъ фарқ ҳаст. Мушкил ин аст: пешво он вақт қавист, ки дар ҳукумат аст, вале вақте бӯҳрони сиёсӣ пеш меояд, ки маъниаш нооромист, вазъ дигар мешавад. Мо бисёр дидаем, ки дар чунин ҳолатҳо режимҳои худкома осон барҳам хӯрдаанд, чун машрӯъияти зиёд надоштанд. Раҳбарони алоҳидаи қавӣ ҳаст, вале дар ҷомеаҳои онҳо рушди возеҳи иҷтимоӣ ва сохторӣ дида намешавад, ки ба тағйирот дар ҷомеа дар дарозмуддат мусоидат карда бошад. Ин вазъият дар бисёре аз кишварҳои зиёди Осиёи Марказӣ ва ҳамингуна дар Ховари Миёна дида мешавад. Мо режимҳои бисёр қавиии худкомаро дидаем, ки дарозмуддат натавонистаанд, ихтилофот дар ҷомеаро ба ғайр аз истифода бо зӯр аз роҳи дигар аз байн бурда тавонистаанд, ки ин на нишонаи тавоноӣ, балки нишонаи заифӣ аст.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон ба ғайр аз идеяи пешвои қавӣ идеяи ваҳдат низ ҳамарӯза ташвиқ мешавад ва шумо мегӯед, ки танҳо бо ингуна ташвиқ ба даст овардани ягонагии воқеӣ ва таъмини сулҳу ҳамбастагӣ дар дарозмуддат имконнопазир аст.

Девид Люис: Фақат бо ташвиқи ваҳдат сулҳи дарозмуддатро кафолат дода намешавад. Возеҳ аст, ки бисёре аз мардум мехоҳанд, дар кишвар ваҳдати зиёдтар бошад, масалан ихтилофоти минтақавӣ рафъ шавад ва ихтилофоти мазҳабӣ аз байн равад. Вале мушкил дар фалсафаи ташвиқи ваҳдат ин аст, ки бо назардошти ин мушкилоти асосӣ нодида гирифта мешавад ва ба он расидагӣ намекунанд. Чунки ҳеҷ кас намехоҳад, мушкилоти бузургро ошкоро дар ҷомеа баҳс намояд. Аз ин рӯ ба андешаи ман, яке аз мушкилоти фалсафаи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ин аст, ки бо назардошти он ба ба баҳс кашидани мушкилоти печида ва ҳал кардани он дар ҷомеа мушкил мешавад. Аз як тараф хуб аст, ки одамон кӯшиш мекунанд, ба як навъ ваҳдат ноил шаванд, вале аз тарафи дигар бояд ба ноил шудан ба суботи доимӣ шумо бояд ихтилофоти амиқу мушкил дар ҷомеаро аз байн баред.

Радиои Озодӣ: Шумо кадом мушкилоти ҷомеаро дар назар доред?

Девид Люис: Масалан, масъалаи ҳуқуқи мазҳабӣ, маҳалгароӣ, нобаробарӣ. Масалан ин масъалаҳо агар сабаби ихтилофу муноқиша шаванд, пас барои ҳукумат ва дигар бахшҳои ҷомеа муҳим аст, ки ба онҳо расидагӣ кунанд. Кӯшиш кунанд, ки мардум ба манобеи иқтисодӣ дастрасии баробар дошта бошанд, роҳҳои ҳалли баҳсҳо аз роҳи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад. Яъне кӯшиш кунанд, ки мушкилоти рӯзмарра баҳс ва ҳал шаванд. Барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ҳам муҳим аст, ки ба омилҳои мавҷуд барои танишҳои сиёсиву иҷтимоӣ расидагӣ кунанд.

Радиои Озодӣ: Аз пажӯҳиши шумо хулоса метавон кард, ки ҳукуматҳои худкома худашон дар ниҳоят як таҳдиди бузург ба амният дар кишварҳои худашон мешаванд.

Девид Люис: Ба андешаи ман, агар шумо дар дарозмуддат як низоми сиёсии қодир ба ҳалли мусолиматомези ихтилофоти сиёсиро ташаккул надиҳед, бале ингуна ҳукумат таҳдид ба амнияти кишвар мешавад. Шумо бояд низомеро ба вуҷуд биёред, ки мардум назарашонро дар он ҷомеа гуфта тавонанд ва ихтилофоти назари худро бе бемуноқиша рафъ кунанд. Маънии як ҷомеаи демократӣ ва озод ҳамин аст, ки шумо роҳи оромонаи рафъи ихтилофотро доред. Аммо худкомагӣ собиқаи хуби ҳифзи сулҳу суботи дарозмуддатро надорад. Шояд барои суботи кутоҳмуддат бисёр хуб бошад, вале дар дарозмуддат ингуна ҳукуматҳо бисёр шикананда мешаванд ва барои тағйироти сиёсӣ хуб нестанд ва мо дидаем, ки кишварҳои дорои ҳукуматҳои худкома ба бӯҳронҳои ҷиддии сиёсӣ дучор шудаанд.

Радиои Озодӣ: Бигзарем аз сиёсат. Шумо дар Тоҷикистон борҳо будаед. Бештар чӣ хушатон омад дар онҷо?

Девид Люис: Возеҳ аст, ки бештар аз ҳама аз мардум хушам омад, ки бисёр меҳмоннавоз меҳрубон ҳастанд. Ва бисёр сулҳдӯст ҳастанд (механдад). Бале аз мардум хушам омад ва аз манзараҳои шигифтовар. Кишвар барои сафар бисёр ҷойи зебост, аз бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон хушам омад.