"Тоскулоҳи бузург"-и Душанбе. Тедди Ринер ба Тоҷикистон меояд

Тедди Ринер, паҳлавони машҳури фаронсавӣ.

Дар шаҳри Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2024” баргузор мешавад. Ин мусобиқа рӯзҳои 3-5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ доир мегардад.

Пешниҳоди шаҳрдории Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи сар аз соли 2024 дар пойтахти кишвар доир кардани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шудааст.

Ҳамакнун пеш аз Бозиҳои олимпии Порис-2024 барои ширкат дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam" беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд ва барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” то ҳоло 446 варзишгар (242 мард ва 204 зан) аз 72 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.

Дар байни онҳо дурахшонтарин ситораи ҷудои дунё Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса мебошад, ки дар вазни беш аз 100 кило (қадаш 2 метру 4 сантиметр) рақобат хоҳад кард.

Ин паҳлавони машҳур қаҳрамони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон (бори охирин дар Доҳа-2020), қаҳрамони 5-каратаи Аврупо (бори охирин дар Қазон-2016) ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад.

Дарвоқеъ, Тедди Ринер дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон варзишгари аз ҳама серунвонтарин маҳсуб мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохиланд:

-60 кг – Меҳрзод Сӯфиев

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-60 кг – Ҳақдод Гулов

-60 кг – Муҳаммад Маҳмадизода

-66 кг – Обид Ҷебов

-66 кг – Муллораҷаб Халифаев

-66 кг – Ёсин Бобокалонов

-66 кг – Бобоҷон Муқтадирӣ

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода

-73 кг – Абубакр Шеров

-73 кг – Маҳмадшариф Наҷмуддинов

-73 кг – Муҳаммадраҳим Сарахонов

-81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода

-81 кг – Суннатулло Лоиқов

-81 кг – Суннатулло Мӯсоев

-81 кг – Раҳматуллобек Фарҳодов

-90 кг – Комроншоҳ Устопириён

-90 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода

-90 кг – Акмал Муродов

-90 кг – Шодмон Ризоев

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Парвиз Абдураҳмонов

-100 кг – Эмомризо Анварзода

-100 кг – Кароматулло Ҳакимов

+100 кг – Темур Раҳимов

+100 кг – Мансур Раҳмон

+100 кг – Шарифҷон Назриев

+100 кг – Некрӯзшоҳ Некбахтзода

Занон

-48 кг — Райҳона Розиқзода

-52 кг — Мадина Қурбонзода

-52 кг — Аҳлия Муъминова

-52 кг — Насиба Карликова

-57 кг — Фазилат Гулбоева

-57 кг — Раҳмия Ханҷарбекова

-63 кг — Шоҳида Қаландарова

-63 кг — Ҷонона Назарова

-70 кг —Мавлуда Одинаева

Барномаи мусобиқа:

3-юми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

4-уми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

5-уми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Зимнан, дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Prix 2023", ки соли гузашта бори аввал дар шаҳри Душанбе доир гардид, беш аз 300 варзишгар аз 44 кишвар ширкат карда буд.

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3️ медали тилло, 3️ нишони нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб намуд.

Медалҳои тиллоро паҳлавонони тоҷик Обид Ҷебов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) соҳиб шуданд.

Шодмон Ризоев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гаштанд. Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) медали биринҷӣ гирифт.