Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Бишкек муовини нахуствазири Қирғизистон мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро натиҷагӣ кард
Озодӣ: Хулосаҳои асосии нишасти комиссиюни муштараки байниҳукуматӣ дар Бишкек рӯзҳои 14 ва 15 феврал чӣ шуд?
Мамитов: Ҳарду ҳайати ҳукуматӣ ба чунин хулоса омаданд, ки мо ҳақ надорем вазъро дар марз ва ҷомеа боз ҳам сангинтар кунем. Мо ҳақ надорем, ки ба кадом як низоми мусаллаҳонае дар сарҳад роҳ диҳем. Мо бояд тамоми талошамонро ба харҷ диҳем, ки вазъ дар хати марз мӯътадил шавад. Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд тамоми талошашонро ба харҷ диҳанд, ки ба ҳеҷ сурат ба сар задани низои мусаллаҳонаи марзӣ роҳ надиҳанд. Мо бори дигар ӯҳдадор шудем, ки ҳеҷ гоҳ ҳамдигарро таҳдиду шантаж ва амалҳои таҳрикомезро раво намебинем ва ҳамеша роҳи музокираро ҷӯё хоҳем шуд. Ҳама гуна масоили марзиро ӯҳдадор шудем, ки танҳо бо роҳи дипломатӣ, сиёсӣ ва музокира ҳал кунем.
Озодӣ: Дар сӯҳбати аввали мову шумо дар остонаи музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ, шумо гуфтед, ки ҳанӯз ба пешниҳодҳои Тоҷикистон ошно нестед. Оё ҳоло роҷеъ ба мавзӯи, масалан, табдили баъзе қитъаҳои замин ба ҳамдигар сӯҳбат шуд?
Мамитов: На, мо ин мавзӯъро аслан баррасӣ накардем, чунки ҷараёни аломатгузории марз ҳанӯз анҷом нашудааст. Гурӯҳҳои топографӣ кор мекунанд. Гурӯҳҳои масъули аломатгузории марз ҳам корро идома медиҳанд. Ҳоло, фикр мекунам, ки пеш аз вақт аст ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ дуруст нест, ки роҷеъ ба табдиди қаламравҳо сӯҳбат шавад.
Озодӣ: Масъалаи боз шудани марз баҳс шуд? Оё дурнамои мавзӯи боз шудани марз чӣ мешавад.
Мамитов: Ин мавзӯъ баҳс нашуд. Мо каме худдорӣ мекунем. Мо ҳеҷ гоҳ нагуфтем, ки мақсадҳои сиёсӣ ё иқтисодиро дунбол мекунем. Мо мегуем, ки гузаргоҳҳои марзӣ танҳо дар сурати ба эътидол омадани вазъ боз мешаванд, вақте таниш аз байн меравад, вақте эҳтимоли сар задани низоъ аз байн меравад. Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки вазъ дар марз ором аст. Вақтҳои охир чанд низои маишӣ рух дод. Дар як ҳолат шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистонро лату кӯб карданд. Дар ҳолати дигар, шаҳрвандони Қирғизистон як мошини тоҷиконро санг задаанд. Эҳтимолияти сар задани низоъ ҳамоно побарҷост. Боз кардани марз аз ҳамин хотир барвақт аст, барои ин бояд вазъ ба эътидол дароварда шавад.
Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ингуна ҳолат маҳз бо сабаби баста будани сарҳад рӯй медиҳад?
Мамитов: На, бо сабабҳои дигар.
Озодӣ: Ба фикри шумо, бо кадом сабаб?
Мамитов: Ин ҷо сабабҳо хеле зиёданд, ки ба назари ман, ба мавзӯи баста ё боз будани марз иртибот надоранд.
Озодӣ: Ҷаноби Мамитов, имрӯз хабарнигорони Озодӣ иттилое дарёфтанд, ки дар марзи деҳаи Хоҷа Аъло гӯё ходимони милисаи қирғиз нисбати занҳои сокини ин русто бадафторӣ карданд. Ин занҳо мехостанд аз канали муштараки марзӣ об гиранд, ба онҳо чунин ҳақ дода нашуд ва онҳоро таҳқир карданд. Шумо дар ин бора хабар доред?
Мамитов: Мо хабар дорем, ки рӯзи 14 феврал ду зани сокини деҳаи қирғизии Тоштумшуқ бо рафтори бади ходимони милисаи Тоҷикистон рӯбарӯ шудаанд. Вақте занҳо мехостанд ба сатили худ об гиранд, милисаҳои тоҷик онҳоро задаанд. Ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Дар бораи ҳодисае, ки шумо гуфтед, ҷониби Тоҷикистон моро дар ҷараён нагузоштааст.
Озодӣ: Оё шумо, чун шахсе, ки кори комиссиюни байниҳукуматиро раҳбарӣ мекунед, аз музокироти ахир қаноатманд ҳастед?
Мамитов: Ман он вақт қонеъ мешавам, ки марз ором шавад ва сокинони наздимарзӣ худро амну бехатар эҳсос мекунанд.