Толибон бо занон дар Афғонистон чӣ карданд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар миёнаи моҳи августи соли 2021, вақте Толибон дубора Кобулро тасарруф карданд, ваъда доданд, ки ҳуқуқи занонро дар чорчӯби шариати ислом риоя карда, ба онҳо ҳаққи кор, омӯзиш ва нақши фаъол дар ҷомеа хоҳанд дод. Ин чизе буд, ки Толибон гуфтанд, аммо иҷро накарданд.

Рӯзи 11-уми сентябри соли 2021 духтарону писарони мактабхони Афғонистон дар синфҳое ҳузур ёфтанд, ки ба воситаи парда ба ду қисм ҷудо шуда буданд. Ин танҳо аввали кор буд.

Толибон 17-уми сентябр Вазорати кор бо занонро ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар табдил доданд. Рӯзе баъд омӯзиши духтарон дар мактаби миёна мамнуъ шуд. Дар моҳи декабри соли 2021 маҳдудиятҳои нав ба гаштугузори занон ҷорӣ гардид.

Сипас ба ронандаҳо дастур дода шуд, ки занонро бе ҳамроҳии як маҳрам (шавҳар, падар ё бародар) ба мошин савор накунанд. Дар моҳи феврал ба идораҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки аз даромадани занон бидуни ҳиҷоб пешгирӣ кунанд. Дар ҳафт моҳи соли 2022 ҳиҷоб ба тамоми занон иҷборӣ шуд.

Рӯзи ҳаштуми ноябри соли 2022 занон аз рафтан ба ҷойҳои иҷтимоӣ, паркҳо ва ҳаммомҳо манъ гашт. Баъд аз он навбат ба ҳаққи кори занон расид. Қозӣ (судя)-ҳо ва додситонҳои зан барканор ва кор дар идораҳои ғайридавлатӣ барои занон номумкин шуд.

Дар моҳи июли соли 2023 садҳо омӯзгор ва коргарони кӯдакистонҳоро низ барканор карданд.

Ороишгарон ва толорҳои зебоии занон дастур гирифтанд, ки кори худро бас кунанд.

Толибон шаллоқ задан дар мазҳари омро барои муттаҳамон, аз ҷумла занон, дар моҳи ноябри соли 2022 иҷро карданд. Ба дунболи он занон аз нишон додани чеҳраҳояшон дар телевизион ва ё берун аз хонаҳояшон манъ шуданд.

Дар яке аз навтарин қонунҳои Толибон дар моҳи августи соли 2024 занон аз суҳбат кардан дар ҷамъи одамон маҳрум шуданд.

Дар Радиои Озодӣ садои шуморо мешунавем ва инъикос медиҳем. Достонҳои шуморо барои мухотабон мерасонем, ҳатто замоне ки дигарон мехоҳанд шуморо ба сукут водор кунанд. Мо инҷо ҳастем, то садои хомӯшонро ба гӯши ҷаҳон бирасонем.