ТАҲЛИЛ: Толибон баргаштанд. Қадамҳои баъдӣ чист?

Як узви гурӯҳи "Толибон" дар берун aз фурудгоҳи байналмилалии Кобул, 16-уми августи 2021

Фруд Бежан, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Бо даромадани толибҳо ба Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон вазъ дар ин кишвар босуръат дигар мешавад. Ин дар ҳолест, ки президенти кишвар фирор кард ва нерӯҳои амниятӣ нопадид гаштанд. Ҳарчанд фол дидан мушкил аст, чанд пурсиши асосӣ пеш меояд, ки посух мехоҳанд.

ҲУКУМАТИ БА ТАВРИ ДЕМОКРАТӢ ИНТИХОБШУДАИ АФҒОНИСТОНРО ЧӢ ШУД?

Ҳукумати эътирофкардаи ҷаҳон асосан фурӯ рехт.

Ашраф Ғанӣ

Президент Ашраф Ғанӣ 15-уми август аз Афғонистон гурехт ва амалан қудратро ба толибҳое дод, ки ба дами дарвозаҳои Кобул расида буданд. Куҷо гурехтани Ғанӣ ба чистони рӯз табдил шудааст.

Аъзои калидии ҳукумати Афғонистон, ба монанди ноиби аввали президент ва душмани оштинопазири толибҳо Амруллоҳи Солеҳ, мушовири амнияти миллӣ Ҳамдулло Муҳиб ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Фазили Фазлӣ низ кишварро тарк карданд. Чеҳраҳои таъсиргузоре ба мисли Юнуси Қонунӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, Зиё ва Аҳмад Масъудҳо, Муҳаммадкарими Халилӣ, Абдулатиф Пидром, Холид Нур дар ин рӯзҳо сафареро ба Покистон анҷом медоданд ва рӯшан нест, ба кишвар бармегарданд ё не.

Вале баъзе аз аъзои аршади ҳукумат дар Кобул ҳастанд.

ҚУДРАТ ДАР ДАСТИ КИСТ?

Аз субҳи 16-уми август нерӯҳои амниятии Афғонистон, ки то шаби гузашта баъзе аз бахшҳои Кобулро дар даст доштанд, дигар намудор нестанд ва ҳама ҷо зери назорати Толибон аст.

Пас аз ваъдаи пешина, ки толибҳо вориди шаҳр нахоҳанд шуд, сарони Толибон гуфтанд, ҷангҷӯёни худро гуё ба "баъзе қисматҳо"-и шаҳр фиристоданд, то тартибу низом нигаҳдорӣ ва аз ғоратгарии эҳтимолӣ пешгирӣ шавад.

Дар ин байн аз баъзе тирандозиҳои пароканда дар атрофи шаҳр хабар расидааст. Вале даргириҳои калон рух надодаанд. Баъзе сарбозон ва афсарони полис дида шудаанд, ки посгоҳҳои худро тарк мекунанд, либоси ҳарбии худро мекашанд ва бо силоҳҳои худ мегурезанд.

"Толибон" дар кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон, 15-уми августи 2021

Фармондеҳони Толибон дида шудаанд, ки дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар маркази Кобул қадам мезананд ва парчами давлатии Афғонистонро аз боми дафтари Ғанӣ канда, парчами худро овехтанд.

Толибон хеле зуд тамоми биноҳои ҳукуматиро гирифтанд. Аммо Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳоло ҳам таҳти назорати чанд ҳазор нерӯи амрикоӣ аст, ки хуруҷи дипломатҳо, муҳоҷирон ва афғонҳои хориҷиро, ки дар созмонҳои хориҷӣ кор мекарданд, таъмин мекунад.

Умар Самад, дипломати собиқи афғон дар Аврупо, гуфт, ки "дар саросари кишвар воҳидҳои амниятӣ мавҷуданд, аммо пас аз фирори сарфармондеҳи олии кишвар ва раддаи аввали ҳукумат ночор мондаанд."

Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон, рӯзи 15-уми август аз таъсиси "шӯрои ҳамоҳангсоз" хабар дод, ки бояд интиқоли осоиштаи қудратро таъмин намояд. Он аз се нафар: худаш, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, дуввумин мақоми баландпояи ҳукумати Кобул ва Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони собиқи Афғонистон иборат аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай

“Ба назар мерасад, кор дар дасти ин шӯрост”, -- мегӯяд Алӣ Одилӣ, пажӯҳишгари Шабакаи Коршиносони Афғонистон, як маркази таҳлилии мустақил дар Кобул.

"Аммо маълум нест, ки кӣ ба чунин шӯро ваколат додааст", -- илова намуд ӯ. "Эълони бунёд шудани он ҳанӯз ба мардуми Кобул бовар ато накардааст."

ЧӢ ҲУКУМАТЕ ПАЙДО ХОҲАД ШУД?

Вазири умури дохилии Афғонистон Абдулсаттор Мирзокавал гуфт, ки қудрат ба ҳукумати давраи гузариш дода мешавад. Аммо зоҳиран Толибон ин паёмҳоро рад карда, хостори гирифтани ҳамаи қудрат ба дасти худанд.

"Ман метарсам, ки Толибон ҳукуматро пурра ба дасти худ мегиранд ё ҳукумати муваққатие месозанд, ки аслан аз худашон аст”, -- мегӯяд Ҳорун Раҳимӣ, ёвари профессори ҳуқуқ дар Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул. "Дар ин ҳол эҳтимол аст, ки низоми сиёсии оянда фарогир набошад ва боис ба он шавад, ки бисёре аз афғонҳо онро маҷбурӣ ва ғайриқонунӣ ҳисобанд", -- илова намуд ӯ.

Ҳукумати Амрико гуфтааст, ки агар гурӯҳи мусаллаҳ қудратро маҷбуран ғасб кунад, Вашингтон ҳукумати Толибонро ба расмият нахоҳад шинохт.

Толибон пештар гуфта буданд, ки дар сурати истеъфои Ғанӣ аз ҳукумати давраи гузариш ҷонибдорӣ мекунанд, аммо маълум нест, ки онҳо ваъдаи худро иҷро мекунанд ё не.

"Ҳоло, ки Ғанӣ гурехтааст, мо дар давоми як ё ду рӯзи дигар хоҳем фаҳмид, ки оё ба сӯи сохтори васеъ равонаем ё яккаҳизбӣ, ҳарчанд нишонаҳо бештар ба давраи фарогири мувуаққатӣ ишора мекунанд," -- гуфт Самад.

Бурқа, тарс ва тарки кишвар. Бозгашти "Толибон" баъди 20 сол. АКС

Тариқ Фарҳодӣ, мушовири собиқи ҳукумати Афғонистон, гуфт, ки агар як ҳукумати муваққатии фарогир дар назар бошад, эҳтимол Толибон дар он бартарӣ хоҳанд дошт, аммо барои дигар нерӯҳои сиёсӣ низ ҷой пайдо хоҳад шуд, ҳарчанд, ба андешаи ӯ, шахсиятҳо ва ҷонибҳои манфиатдор камшинохта хоҳанд буд ва на аз элитаи сиёсии кунунӣ.

"Шояд Толибон ҳукумати дилхоҳи худро ташкил кунанд бо иловаи намояндагони ҳамаи вилоятҳо ва қавмҳо, аммо на ҳатман бо чеҳраҳои сиёсии шинохта," – гуфт ӯ.

АММО ДАР БОРАИ ДАРОЗМУДДАТ ЧӢ?

Таҳлилгарон мегӯянд, эҳтимол аст, ки дар Кобул ҳукумат толибонӣ ба вуҷуд ояд. Дар ҳокимияти пешинаи онҳо қудрат дар дасти як "амирулмӯъминин" ё пешвои мӯъминон мутамарказ буд. Роҳбари олӣ сарвари давлат буд ва дорои ваколати мутлақ. Он замон ин нақшро Мулло Умар, раҳбари рӯҳонии Толибон ва асосгузори ин ҷунбиш мебозид.

Толибон демократия ва интихоботро рад карда, онҳоро "воридоти хориҷӣ" номидаанд. Маълум нест, ки оё онҳо то куҷо омодаанд, режими собиқи бераҳмонаи худро барқарор кунанд.

Вақте ки онҳо аз соли 1996 то 2001 дар Афғонистон ҳукмронӣ мекарданд, бунёдгароёни исломӣ занонро зулм, ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро қатл, мусиқӣ ва телевизионро манъ карда буданд.

Бисёр сарнавиштсоз аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мисли солҳои 1989 ва 2001 Афғонистонро ҳаволаи тақдир накунад.
Умар Самад, дипломати собиқи афғон

Нишонаҳои аввалия баёнгари онанд, ки толибҳо бисёре аз қонунҳои саркӯбкунанда ва сиёсати вопасгароии худро дар Кобул эҳё хоҳанд кард, чуноне ки дар дигар шаҳру шаҳракҳои забтшуда дар саросари Афғонистон ин корро карданд.

Гурӯҳи ифротгаро кор кардани занонро берун аз хона манъ карда, таҳсили духтаронро хеле маҳдуд намуд ва талаб дорад, ки занҳо дар сурати тарк кардани хонаҳояшон аз тарафи хешовандони мард ҳамроҳӣ карда шаванд. Ҳамчунин аз никоҳи маҷбурии духтарони ноболиғ бо ҷангҷӯёни Толибон гузориш расидааст.

Бо вуҷуди ин ҷангҷӯён саъй доранд, ки худро мӯътадилтар нишон диҳанд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки ҳуқуқи занонро эҳтиром ва хориҷиёну афғонҳоро ҳифз мекунанд.

"Мо мардумро, хусусан дар шаҳри Кобул, бовар медиҳем, ки молу ҷони онҳо бехатар хоҳанд буд,"—гуфт сухангӯи Толибон Суҳайл Шоҳин рӯзи 15-уми август.

ТАЪСИРИ БЕРУНА БА ТОЛИБОН ҲАСТ?

Агар қудратҳои беруна бовар кунанд, ки Толибон ба ҳуқуқи инсон арҷ хоҳад гузошт, барои назорат ё таъсир чӣ абзору фишанг хоҳанд дошт?

Қудратҳои ғарбӣ пештар ваъда карда буданд, ки ҳатто пас аз хуруҷи тамоми нерӯҳои хориҷӣ то 31-уми август аз Афғонистон низ бо ин кишвар сари кор хоҳанд дошт.

"Бисёр сарнавиштсоз аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мисли солҳои 1989 ва 2001 Афғонистонро ҳаволаи тақдир накунад", -- гуфт Самад.

"Ҳамчунин муҳим аст, Толибон тавре рафтор кунанд, ки таваҷҷӯҳ ва дастгирии байналмилалиро нигоҳ доранд, алахусус дар робита ба сиёсатҳои онҳо дар бораи ҳуқуқи инсон ва занон ва баъзе озодиҳои асосӣ, ба монанди озодии баён", -- илова намуд ӯ.

Ба ақидаи коршиносон, Иёлоти Муттаҳида ва дигар қудратҳои хориҷӣ метавонанд бо пешниҳоди ёриҳои байналмилалӣ ба кишвари фақир ва эътирофи расмии ин гурӯҳ ба роҳу рафтори Толибон таъсир расонанд.

Нозирон мегӯянд, Вашингтон ҳадс мезанад, ки Толибон аз ҳокимият кардан ҳамчун махав ё рондашудаи байналмилалӣ мисли солҳои 1990-ум худдорӣ хоҳанд кард. Аммо маълум нест, ки оё машрӯъияти байналмилалӣ барои Толибон ҳамоно арзише дорад ё не, зеро он дар остонаи ишғоли тамоми кишвар аст. То поёни рӯзи 15-уми август он аз 34 вилояти Афғонистон 27-тоашро гирифтааст.

"Агар Толибон нишон диҳанд, ки онҳо барои ба даст овардани қонунмандии ҳокимияти худ ба сохтани як давлати фарогир манфиатдор нестанд, пас эътирофи байналмилалӣ метавонад яке аз василаҳои ками фишор ба онҳо бошад", -- мегӯяд Раҳимӣ.