Ҷамшед Зиёев, раиси боздоштшудаи "Тоҷпромбонк", ба маблағи 103 миллион сомонӣ (муодили беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ) амволи худро дар ихтиёри ин бонк гузоштааст. Зиёев моҳи апрели соли гузашта бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва "аз худ кардани маблағҳои бонк" дастгир шуда буд.
- Мақомот мегӯянд, вай ин миқдор пулро бо номи худ ва пайвандонаш гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир мавқеи вакили Ҷамшед Зиёев ва наздиконаш дастрас нест. "Тоҷпромбонк" соли 2015 ба буҳрон дучор шуд ва соли 2017 муфлис эълон гардид ва садҳо муштариаш то ба ҳол натавонистаанд амонатҳои худро бозпас бигиранд.
Як соҳибкор мехост, сохтмони раиси пештараи бонкро бихарад. Онро 18 миллион сомонӣ нарх гузоштанд
"Ҳаққи муштарист, ки пул мегирад ё амвол"
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, бо талоши муфаттишони Додситонии кули Тоҷикистон раиси боздоштшудаи "Тоҷпромбонк" қарз ва маблағҳои тасаруфкардаи худро дар шакли амвол баргардондааст. Ӯ гуфт, "ҳоло вазифаи бонк, аз ҷумла мудирияти муваққати "Тоҷпромбонк" аст, ки амволро ба музояда гузошта, фурӯшанд ва амонати муштариёнро бидиҳанд".
Масъалаи ба муштариён додани молу мулк ба ҷойи пули нақд низ, ба қавли Нурмуҳаммадзода, матраҳ аст. "Лекин ин ҳаққи муштарӣ аст, ки пасандози худро дар шакли маблағ мехоҳад ё ба ҷои он амвол бигирад. Ҳоло бисёре аз муштариён пул мехоҳанд. Барои ҳамин, баъди фурӯши амвол маблағ пайдо мешавад ва талаботи муштарӣ қонеъ карда мешавад", - афзуд ӯ.
"Тоҷпромбонк" соли гузашта аз муштариёни худ 74 миллион сомонӣ қарздор буд ва ҳоло, ба гуфтаи раиси Бонки Миллӣ, ин қарз ба 56 миллион сомонӣ поин омадааст.
"Нархи амволро тавре гузоштаанд, ки касе намехарад"
Мушкили "Тоҷпромбонк" аз соли 2015 оғоз шуд ва онро то ба муфлисӣ расонд. Ҷамшед Зиёев, раиси ин бонк, дар ҳоле боздошт шуд, ки ҳеҷ тағйире дар низоми баргардондани пули мардум сурат нагирифт. Ҳоло ӯ маблағеро баргардондааст, ки танҳо ба худу пайвандонаш тааллуқ дошт. Маълум нест, то куҷо баргардонидани ин маблағ дар озодӣ ё ҷазои сабуктар гирифтани ӯ мусоидат мекунад.
Ҳоло раҳбарияти муваққатии "Тоҷпромбонк" муваззаф аст, ки 56 миллион сомонӣ амонати муштариён ва беш аз 100 миллион сомонӣ пули Вазорати молия ва Бонки Миллиро баргардонад.
Солеҳамо Самадова, раҳбари Шӯрои амонатдорони “Тоҷпромбонк”, ки 250 ҳазор доллар пули худашро гирифта наметавонад, рӯзи 7-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран раҳбарияти муввақатӣ барои ҳалли мушкил чандон талош надоранд. Ӯ гуфт, се соли кӯшиш барои гирифтани амонаташ аз бонк ӯро аз пой афтонд ва як моҳ боз дар бемористон бистарист. Ба иддаои Самадова, раҳбарияти муввақат амволро тавре нархгузорӣ кардаанд, ки касе омода нест онҳоро бо чунин қимат бихарад.
"Сохтмонро 18 миллион сомонӣ гуфтанд"
Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ амонатгузор имкони гирифтани моликият ба ҷойи пулашро надорад, чун ин молу амвол даҳҳо баробар аз маблағи амонати онҳо бештар нархгузорӣ шудааст.
"Ба фикрам, раҳбарияти муввақат мехоҳанд, ин кор дароз давом кунад ва онҳо ҳар моҳ маош бигиранд. Ба наздикӣ як соҳибкор сохтмони раиси пештараи бонкро мехост бихарад. Онро 18 миллион сомонӣ нарх гузоштанд, ҳарчанд он чунин арзиш надорад. Соҳибкор бисёр мехоҳад онро харад. Инҳо арзон намекунанд ва ҳатто ба пешниҳодҳои ӯ, ки 5 миллион сомонӣ нақд медиҳад, розӣ намешаванд. Фурӯшанд, пули мардумро диҳанд. Худам ҳоло пули дору намеёбам", - гуфт Солеҳамо Самадова.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ADB: "Шиносбозӣ" як сабаби буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон шудаастИн зан ва даҳҳо муштарии дигари бонки муфлисшуда раҳбарияти муваққатро барои бетаваҷҷӯҳӣ ба сарнавишти онҳо ва амонатҳояшон айбдор мекунанд.
"Мушкил дар фурӯши молу мулк аст"
Тақдир Шарипов, раҳбари муваққати “Тоҷпромбонк” рӯзи 7-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои аввали ба кор сар карданаш шумораи амонатгузорон 5800 нафар буданд ва ҳоло шумораи онҳо ба 310 нафар поин омадааст. Ба қавли ӯ, ҳеҷ муштарӣ, ҳатто Бонки Миллӣ, Вазорати молия ва Оҷонсии суғурта розӣ нестанд, ки ба ҷойи пулҳои дармондаашон молу мулк бигиранд.
Ӯ гуфт, "ҳар коре аз дастамон меояд, мекунем. Мо шумораи амонатгузоронро кам кардем. Магар ин натиҷа нест? Мушкил дар фурӯш аст. Амвол дорем, вале фурӯхтан мушкил аст."
Раҳбари муваққатии "Тоҷпромбонк" гуфт, намедонад, ин мушкил то кай давом мекунад. Аз сӯи дигар Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ мегӯяд, мушкил дар ин аст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ чунин таҷриба надошт: "Мо дар таърихи низоми бонкӣ дар таърихи истиқлолият таҷриба надоштем, ки барҳамдиҳанда ба кадом тарз фаъолият кунад. Ин чизи нав аст. Мо инро дар амал татбиқ кардем."
Ду бонк аз майдон берун шуд
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мардум ё мақомот? Додгоҳ тарафи муштариёни бонкҳоро гирифтБино ба арзёбии маъмурияти муваққат ҷамъи амволи "Тоҷпромбонк" ба 500 миллион сомонӣ баробар будааст. Ин маблағ барои бозпас додани қарзи идораҳои давлатӣ ва ҳам амонати муштариён кофист.
Дастикам дар чаҳор соли охир чаҳор бонки Тоҷикистон дучори буҳрон шуда, дар ин муддат – "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" – аз саҳнаи молии кишвар берун шуданд.
Ду бонки азими кишвар – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" – ҳанӯз бо буҳрон дасту панҷа нарм мекунанд ва қарор аст, то охири моҳи феврал тақдири баъдии онҳо маълум шавад. Аммо рӯшан нест, ин бонкҳо ба пои худ рост меистанду ба корашон идома медиҳанд ё саҳмияҳои худро ба хориҷиҳо мефурӯшанд ваё муфлис эълон мешаванд.