Тоҷинниссо Қаландарова, сокини 63-солаи ноҳияи Вахш, беш аз бист сол боз дар роҳи Қӯрғонтеппа-Данғара атола мефурӯшад ва дар ин масир ҳамчун "холаи атолафурӯш" шинохта шудааст. Ӯ аз пули атола ва ғизоҳои дигаре, ки аз алафу гиёҳи баҳорӣ омода мекунад, аробаи зиндагияшро кашида занони дигарро низ ба ин кор ҷалб кардааст. Ҳоло ҳудуди 40 нафар аз занони деҳаҳои ноҳияи Вахш канори роҳ хайма зада, ғизои баҳорӣ омода мекунанд ва кам ҳам бошад, аз ин тариқ ба буҷаи хонаводаашон даромад меоранд.
Дар ин ҷода, ки шаҳри Қӯрғонтеппаро бо Данғара мепайвандад, ҳамарӯза садҳо мусофир рафтуомад мекунанд ва аксарияти онҳо холаи Тоҷиннисоро мешиносанд ва маззаи ғизоҳои таҳиякардаи ӯро медонанд. Ин зан хӯрокҳои баҳориро якҷоя бо шарбати олучаи турш ба онҳо пешниҳод мекунад, ки харидоронаш низ зиёд ҳастанд.
Тоҷиннисо Қаландарова мегӯяд, ки ҳамарӯза дар 3 дег хӯрок омода мекунад ва то нимрӯзӣ онро ба фурӯш мегузорад. Ба қавли ӯ, омода кардани атола бо алафҷӯшаку гардоба, тарзи таҳияи махсуси худро дорад.
Тоҷиннисо дар муқоиса ба дигар заноне, ки канори роҳ хӯрокҳое аз гиёҳҳои нодиру шифобахш омода мекунанд, даромади зиёдтар дорад, чун солҳои зиёд инҷо кор карда ва муштариён низ ӯро бештар мешиносанд. Ӯ мегӯяд, ки дар як рӯз аз 20 то 50 сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад ва рӯзҳои таътил - шанбе ва якшанбе - даромадаш бештар мешавад.
Гулдастамоҳ Авлиёева, зани дигаре, ки дар таъомноааш алафҷӯшаку атола дорад, гуфт, ки ӯ дар як рӯз то 50 сомонӣ ва гоҳе аз ин ҳам бештар фоида ба даст меорад, ки онро барои таъмини хонавода ва хариди либоси наберагонаш сарф мекунад. Ҳоло бозори хӯрокҳои ин занон, ки аз алафҳои баҳорӣ иборат аст, гарм мебошад ва сабаби серхаридор будани бозорро онҳо дар хусусияти табобатӣ доштани ғизоҳояшон медонанд.
Ин занҳо, ки тиҷораташон мавсимӣ аст, андоз намесупоранд ва мушкили асосии онҳо, набудани оби ошомиданист. Онҳо мегӯянд, ки барои таҳияи хӯрокҳо оби зиёд сарф мешавад, аммо дар деҳаи онҳо об нест ва маҷбуранд, ки онро бихаранд. Холаи Тоҷиннисо мегӯяд, ки агар дар деҳаашон об мебуд, нархи як косаи хӯрокро, ки се сомонӣ аст, арзонтар мекарданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад