Тоҷикистон дар Паралимпиадаи Порис-2024 намоянда надорад. Чаро?

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII паралимпӣ, ки аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор мешаванд, иштирок намекунанд.

Дабири кулли Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Абдурауф Алимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона, ягона варзишгари мо Шоҳрух Назаров дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило дар Гран-прии Тбилиси, ки мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Паралимпиадаи Париж-2024 ба ҳисоб мерафт, натавонист муваффақ шавад. Инчунин мо 6 варзишгарро дар риштаҳои варзиши сабук (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр), тенниси рӯи миз барои гирифтани квота ба Кумитаи паралимпии байналмилалӣ пешниҳод кардем, азбаски натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз меъёрҳои муқарраршуда паст аст, ба Тоҷикистон квота дода нашуд”.

Бозиҳои паралимпӣ мусобиқоти бузурги байналмилалӣ барои варзишгарони маъюб аст, ки дар чаҳор сол як маротиба баргузор мешаванд. Барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои паралимпии соли 2024, ишғол кардани мавқеъҳои муайян дар рейтинги ҷаҳонӣ дар намудҳои гуногун ба варзишгарони маълули тоҷик лозим буд, ки дар марҳилаи интихобӣ ширкат варзида, имтиёзҳои зарурӣ ба даст биёранд.

“Мо барои кӯмаки молӣ ба масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар муроҷиат намудем, аммо онҳо ваъда доданду иҷро накарданд. Кумитаи паралимпии Тоҷикистон сарпараст надорад. Бинобар ин мо солҳост, ки бо мушкилиҳо рӯбарӯ ҳастем. Мо се сол аст наметавонем ҳаққи аъзогиро ба Кумитаи байналмилалии паралимпӣ, ки ҳамагӣ 400 евро мебошад, пардохт намоем”.

Оқои Алимов афзуд, “бинобар ин, мо ба кӯмаку дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва сарпарастон ниёз дорем. Хуб мебуд ба Кумитаи паралимпӣ шахсе, ки мақоми баланди давлатӣ дорад ва ё тоҷири муваффақ аст, роҳбарӣ мекард”, - иброз дошт Абдураҳим Алимов.

Бояд зикр намуд, варзишгарони маълули тоҷик, ки аз соли 2004 пайваста дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат меварзанд, бори аввал ба Паралимпиада намераванд.

Варзишгари тоҷик Парвиз Одинаев ду бор - дар Бозиҳои паралимпии соли 2004 дар Афина ва соли 2012 дар Лондон - дар риштаи пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) ширкат варзидааст.

Дар Бозиҳои паралимпии соли 2008 дар Пекин - Зайтуна Розиқова низ дар риштаи пауэрлифтинг миёни занон иштирок карда буд.

Дар Бозиҳои паралимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Тоҷикистонро Раҳмихудо Додихудоев дар давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр намояндагӣ кардааст.

Дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ, ки соли 2021 дар Токио доир гардид, ягона варзишгаре, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард, Акмал Қодиров буд. Ӯ дар Паралимпиадаи Токио-2020 дар риштаи варзиши сабук, дар рақобатҳо оид ба гулӯлапартоӣ, иштирок намуд. Акмал бо натиҷаи 8 метру 44 сантиметр дар байни 9 нафар дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Ба ин тартиб, варзишгарони маълули тоҷик дар таърихи иштироки худ дар панҷ Бозиҳои паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд.