То куҷо исломгароӣ ва шӯравипарастӣ сабаби ҷанг дар Тоҷикистон гашта буд?

Акс аз бойгонӣ

Ҷангҳо бо баҳонаҳои сода ва андак, аммо сабабҳои амиқ ва пинҳон сар мезананд. Ин аст, ки рӯшан кардани сабаби онҳо кори сахт аст. Вале то куҷо исломгароӣ ва шӯравипарастӣ сабаби ҷанги хонагии Тоҷикистон дар соли 1992 гаштааст?

Дар ин барнома, ки бо дархости ҳаводорони подкасти “Ганҷи шойгон” пахш мешавад, ширкатдорони он ҷанг ва шоҳидон ҳамдигарро гунаҳкор мекунанд, ки як тараф мехост, кишварро ба “мамлакати исломӣ” табдил диҳад ва тарафи дигар, бо парчамҳои сурх омад, то Иттиҳоди Шӯравиро барқарор намояд.

Азбаски дар Тоҷикистон сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 баррасӣ нашудаанд, ин арзёбиҳо ҳамоно боварбахш садо медиҳанд. Албатта, ба он ҷанг вожаи “таҳмилӣ” илова шудааст. Пас, кӣ ё киҳо аз берун тоҷиконро водор мекарданд, ки давлати исломӣ созанд ё Шӯравиро барқарор кунанд? Посухе доред, дар шарҳҳо бинависед.

Барномаро дар инҷо бишнавед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зери парчамҳои сабз ва сурх