Масъулони созмони ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯянд, 60 ноболиғро аз Русия баргардондаанд, вале садҳо нафари дигар ҳамчунон дар ғурбат дар шароити номусоид ба сар мебаранд.
Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари созмони «Маркази ҳуқуқи кӯдак» рӯзи 18-уми декабр гуфт, ки соли ҷорӣ созмони онҳо аз Русия ҳудуди 60 ноболиғро ба Тоҷикистон баргардондааст, аммо садҳо ноболиғи дигар дар ин кишвар ба мардикорӣ машғуланд. Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди зиёд будани кӯдакони ноболиғи муҳоҷир, шумораи онҳо сол то сол зиёд мешавад.
Тоҷиддин Ҷалолов афзуд, ки дигар мақомоти давлтӣ ба ин раванд таваҷҷӯҳе намекунанд, то пеши роҳи муҳоҷирати кӯдакон гирифта шавад. «На вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва на дига ниҳодҳо ба мо кӯмак намекунанд, то кӯдакони ноболиғ аз Русия баргардонида шавад.»
Таҳлилгарон мегӯянд пеши роҳи муҳоҷирати кӯдаконро гирифтан мушкил аст, чунки барои рафтуои ноболиғон, хусусан ба Русия мушкиле нест.
Ба андешаи Тоҷиддин Ҷалолов, барои баргардонидани ноболиғон аз муҳоҷирати корӣ «танҳо раиси ҷумҳур метавонад ба ниҳодҳои масъул фармон диҳад ва онҳо ба ин кор машғул шаванд».
Садҳо нафар ноболиғоне, ки дар Русия ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд аксари онҳо дар шароити номусоид ба сар мубардаанд. Соҳибназарон таъсири ин равандро барои наслҳои оянда манфӣ медонанд.
Нурмуҳаммади Азим, ки ҳамагӣ 16 сол дорад, алакай муҳоҷиратро таҷриба кардааст. Вай мегӯяд, бо вуҷуди он ки оилаи онҳо ба пули ӯ эҳтиёҷ надошт, аммо чанд ҳамсолаш сабаб шуданд, ки ба Русия равад: "Ду ҳамсинфам ба Русия рафанд ва маро ҳам гуфтанд, ки биё дар онҷо кори нағз аст. Вале падару модарам иҷозат надоданд, ки ба назди онҳо равам. Ва ҳамроҳи бародарам, ки дар Русия кори доимӣ дошт, рафтам."
Нурмуҳаммад мегӯяд, дар Русия, ки муддати 5 моҳ будааст, дар хонаи иҷораи бародаронаш зиндагӣ мекардаанд. Аммо чанде аз ҳамсолони ӯ дар таҳхонаву вагонҳо ҳамроҳи даҳҳо нафари дигар зиндагӣ мекардаанд.
Азим Бобокалонов, падари Нурмуҳаммади Азим, ки ба наздикӣ аз Русия баргаштааст мегӯяд, писараш муддати дар муҳоҷират будан аз барномаи мактабӣ дур монда дигар майли хондан намекунад. Ба андешаи вай, "кӯдакон майлу хоҳишҳои зиёд доранд ва бо фароҳам омадани манбаи даромад аз омӯзиш даст мекашанд."
Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Русия рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Ярослави ин кишвар писари 13-солаи тоҷикро дарёфт кардаанд, ки дар бозори ин шаҳр танҳо мегашт. Ба иттилоъи пулис, ин писари 13-сола аз Тоҷикистон ҳамроҳи чанд тан аз шиносҳояш ба ин шаҳри Русия омада, ҳамроҳонаш ба Маскав рафтаву ӯро танҳо гузоштаанд. Ин писарбача, ки номаш гуфта нашудаст, ба кормандони пулис гуфтаст, ки падару модараш вафот кардаанд ва ӯ тирамоҳи ҳамин сол ба Русия омадааст, аммо ҳамроҳи худ ҳеҷ ҳуҷҷате надоштааст. Гуфта мешавад, ҳоло вай дар боздоштгоҳи ноболиғони шаҳри Ярослав нигаҳдорӣ мешавад.