Муаллифони филми нави бисёсериягӣ дар Русия духтари 6-8-солаи тоҷикро барои иҷрои нақши фарзанди қаҳрамони асосӣ ҷустуҷӯ мекунанд.
Киноҳолдинги ТНТ умедвор аст, ки то 28-уми июл духтарҳои хурдсоли тоҷик аризаву акс ва наворҳои видеоии худро ба онҳо мефиристанд ва
Духтарча бояд шахсияти ҷолиб бошад, фикрашро мустақилона баён кунад ва озодона дар бораи ҳар масъала, бахусус масоили оддии маишӣ изҳори назар кунад
муаллифон беҳтарин номзадро интихоб хоҳанд кард.
Мария Студитсина, кастинг-директори филми нав дар ҳолдинги ТНТ, ки дар назди “Мосфилм” дар шаҳри Маскав амал мекунад, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 17 июл дар бораи тарҳи филми нав каме маълумот дод.
Зиндагии модару кӯдаки тоҷик - як бахши филми нав
Ба гуфтаи Студитсина, филми бадеӣ аз чандин хати печидаи сужет иборат мешавад ва як қиссаи он дар бораи модар ва духтари тоҷик қисса мекунад, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунанд. Вай гуфт, тамоми ҷузъиёти филмро ба хотири ҳифзи сирри бадеӣ бозгӯ намекунад, танҳо ҳаминро мегӯяд, ки филм қиссаҳои фарогир ва хеле печдарпечи сокинони Маскав, аз ҷумла намояндагони миллатҳои гуногунро ба риштаи таҳлил кашидааст.
Вай гуфт, филм дар маҷмӯъ дар бораи зиндагии сокинони Маскави замони имрӯз аст, ки ҳамарӯза бо гирифториҳои мухталифе саргардон мешаванд, гоҳо дучори мушкил ҳастанд ва дар ниҳояти амр бар ин мушкилот пирӯз мешавад. “Ҳаминро мегӯям, ки барои ин духтарча ва модари ӯ филм бохушӣ меанҷомад”, гуфт Студинсина. Аслан, ба қавли муаллифон, ин филм мисли сокинони Маскав, сермиллат ва гуногунранг аст, ва дар баробари тоҷикон, дар он намояндагони миллатҳои дигар ҳам иштирок мекунанд.
Дар миёни ҳунарпешаҳои касбии филм Владимир Яклич, Юлия Хлинина ва дигарон иштирок мекунанд. Коргардонҳои филм – Наталя Меркулова ва Алексей Чупов мебошанд, ки бо филмҳои иҷтимоии худ маъруфият ба даст овардаанд.
Талабот ба ҳунарпешаи хурдсол аз Тоҷикистон
Барои иҷрои нақши духтарбачаи 6 то 8-сола, ки номзадии ӯро дар миёни тоҷикони муқими Русия ва ҳам Тоҷикистон ҷустуҷӯ доранд, "як духтарчаи зираку русидон, шӯху ҳушёр ва огоҳ", зарур аст.
Вай гуфт, мӯҳлати умумии сабти нақши духтари тоҷик 4-7 рӯзро дар бар мегирад ва ҷараёни наворбардории филм қарор аст 15-уми сентябри имсол дар шаҳри Маскав шурӯъ шавад. То он муддат муаллифон бояд номзадии духтарчаи тоҷикро интихоб ва тасдиқ кунанд.
"Духтарча бояд шахсияти ҷолиб бошад, фикрашро мустақилона баён кунад ва озодона дар бораи ҳар масъала, бахусус масоили оддии маишӣ изҳори назар кунад. Агар номзадҳо дар наворҳои видеоии сабтшуда назарашонро ба зиндагӣ, ончи ки дӯст медоранд, бигӯянд, ҷолиб мешавад. Акси духтарҳо ҳам бояд дар шароити мухталиф гирифта шуда бошад",- гуфт Мария Студитсина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Онҳое, ки мехоҳанд дар ин озмун иштирок кунанд, метавонанд аризаҳои худро ба ин суроға ирсол кунанд:
Дар матни ариза бояд чунин маълумот ҷой дошта бошад: исму синни кӯдак, ҷои таҳсил, посух ба саволҳои ин, ки дар вақти холӣ чӣ мекунад, кадом ғизоро дӯст медорад, кадом филму мултфилмҳоро тамошо мекунад ва ғайра. Муаллифон мегӯянд, ҳар қадар, ки кӯдак хушсӯҳбату огоҳ бошад, беҳтар аст.
Ҷустуҷӯи номзади хурдсоли филм тавассути Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав ҳам ба роҳ монда шудааст.
Солҳои охир мавзӯи муҳоҷирони тоҷик дар филмҳои сохтаи Русия зиёд матраҳ мешавад. Дар ҳолатҳои зиёд ҳунарпешаҳои тоҷику рус маҳз ба хотири иҷрои нақши муҳоҷирони корӣ - фаррошон, кормандони соҳаи савдо ваё сохтмончиён даъват мешаванд. Филмҳои зиёде ҳастанд, ки муҳоҷирони тоҷикро дар нақши инсонҳои хубу меҳрубон, инсонпарвар ва ғамхор муаррифӣ мекунанд.
Яке аз филмҳое, ки шурӯъ аз соли 2014 ҷоизаҳои зиёди ҷашнвораҳои синамоиро гирифтааст, "Она"-и Лариса Садилова мебошад. Ин филм аз саргузаштҳои тахли арӯси ҷавони тоҷик дар Русия ва ҳамсари муҳоҷираш қисса мекунад. Дар ин филм ҳам нақши аслиро мактабхони 17-солаи тоҷик Нилуфар Файзиева иҷро карда буд.
Сериали дигар бо номи "Салам, Москва", ки соли 2016 дар телевизиони марказии Русия ба намоиш даромад, аз роҳи сужаи печидае дар бораи шахсиятҳои хубу бад дар миёни муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷики Русия қисса кард. Соли 2015 сериали дигаре бо номи "Гулчатой" бо Сайёра Сафарӣ дар нақши аслӣ саргузаштҳои духтари тоҷик ва ҳамсари русашро дар Маскав қисса мекард. Гулчатой як қаҳрамони покдоману самимӣ, беғаразу дилсофест, ки тавонист зеҳнияти шавҳари русашро ба зиндагиву атрофиён дигар кунад.
Ҳанӯз даҳ-понздаҳ сол пеш тоҷикон дар филму сериалҳои русӣ бештар дар симои ҷинояткорон, қочоқчиёни маводи мухаддир, саркардаҳои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ зоҳир мешуданд. Бархе таҳлилгарони рус мегӯянд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Русия баробар бо ин, ки мардумаш тадриҷан ба ҳузури муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон одат мекунанд, филму образи муҳоҷирон ҳам тағйир меёбанд.