Норозигии наздикони маҳкумон аз ҳукми "гурӯҳи Маханов" (ВИДЕО)

Алимурод Маханов

Додгоҳи олии Тоҷикистон пас аз шаш моҳи боздошт Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби «Устод»-ро ба 21-у ним соли зиндон маҳкум кард.
Сафаралӣ Абдураҳимов, додарсӣ Додгоҳи олӣ субҳи панҷшанбеи 20-уми март, ҳукми Алимурод Маханов ва 6 шарики ӯро дар як мурофиаи пушти дарҳои баста дар толори боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ эълон кард.

Мурофиаи додгоҳии Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби «Устод»-ро, ки ба қавли мақомот мехост дар Душанбе чанд таркиш анҷом диҳад, аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз поёнҳои моҳи январ ба ин сӯ дар толори СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати КДАМ дар паси дарҳои баста ҷараён дошт.

Алимурод Маханов бо 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, «179 , «терроризм», 179 қисми 2-- «ҷалби афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ», 187 қисми 1 – «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», 187 қисми 2-«бо маслиҳати пешакӣ ҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва 307 -- «созмон додани гурӯҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) мутаҳҳам дониста мешуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эълони ҳукми Маханов


Тавре Умед Бобоҷонов, вакили мудофеъи Алимурод Маханов пас аз эълони ҳукм ба хабарнигорон гуфт, "бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин Амиралӣ Давлатов ба 19 сол, Кенҷа Абдулҳатов - 15 сол, Сироҷиддин Қараев - 11 сол ва Сорбон Комилов ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд."

Аммо ба гуфтаи вакили дифои Алимурод Маханов, муттаҳҳами дигари ин парванда Абдуллоев ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 24 ҳазор сомонӣ ё муодили ҳудуди 5 ҳазор доллар муваззаф гардида ва Иброҳим Ҳусейнов, яке аз шарикони Маханов аз толори додгоҳ озод шуд.

Ин дар ҳолест, ки наздикону пайвандони Алимурод Маханов ва Амиралӣ Давлатов зимни маҳкум кардани ҳукми додгоҳ изҳори нигаронӣ карданд.

Боймирзо Маханов.

Боймирзо Маханов, падари Алимурод Маханов дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки додрас писарашро ба андозаи умри як инсон аз озодӣ маҳрум кардааст, ки қобили қабул нест. Вай гуфт: «Канӣ ҳақиқат? Чӣ гуноҳ кардаанд онҳо? Дар Покистон хондааст, магар гунаҳкор шуд? Хайр, қарори президент баромад, ба Тоҷикистон баргашта омад-ку. Дар ҳамон Покистон мемонд писарам, ин беҳтар набуд? Аммо вай ба ватанам баргашта, ҳамон ҷо хизмат мекунам, гуфта омад. Аммо подош ҳамин шуд? Агар ман медонистам, ки писарам гуноҳе мекард, касеро мекушт, розӣ будам ҳар ҷазое медоданд. Аммо охир бегуноҳ намедонам, ки чаро ин қадар ҳукми зиёд доданд. »

Ба гуфтаи Боймирзо Маханов, писари ӯ хуашд низ дар охирин суханаш гуфтааст, ки, «гуноҳе накардаам. Ҳамаро тариқи фишор бар сарам бор карданд. Ҳатто ҳамон баромадам дар телевизион бо фишор буд.»

Дар ҳамин ҳол бо вуҷуди ноодилона дониста шудани ҳукми додгоҳ нисбати Алимурод Маханов аз сӯи пайвандонаш, Умед Бобоҷонов, вакили мудофеъи вай нияти шикоят алайҳи ин ҳукм ба марҳалаи болоии додгоҳ бурданро надорад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Бобоҷонов, "ҳоло ба кори давлатӣ гузаштаам ва корам зиёд аст. Наметавонам дар шикояти кассатсионӣ ширкат кунам. Бинобар ин шикояти кассатсиониро ба дигар вакил супурдем."

Аммо Боймирзо Маханов, падари Алимурод Маханов, пофишорӣ дорад, ки ҳатман алайҳи ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебарад.

Пайвандони Амиралӣ Давлатов, як тан аз шарикони Алимурод Маханов, ки барои тарконидани дискоклуби шаҳри Кӯлоб низ муҷрим дониста шуда ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуд, бар ин боваранд, ки гуноҳ бар сари вай иҷборан бор карда шудааст.

Тошбӣ Ашӯрмадова, модари Амиралӣ

Тошбӣ Ашӯрмадова, модари Амиралӣ низ пас аз эълони ҳукм дар сӯҳбат бо хабарнигорон афзуд, писараш дар қазияи таркиши дискоклуби шаҳри Кӯлоб аслан даст надорад. Зеро ба гуфтаи холаи Тошбӣ писараш бо як бародари маъюбаш дар бозор картошка ва пиёз савдо мекард, «се писари маъюб дорам. Худам як зани пир. Шавҳар надорам. Дигар дастгир надорам. Дастгирамон дар хона Амиралӣ бо як додари маъюбаш буд, ки дар бозорҳои «Деҳқон» ва «Саховат»-и Душанбе картошкаву пиёз фурӯхта, рӯзамонро мегузаронд. Писарамро бе гуноҳ террорист бароварданд.»

Мутаҳам кардани Амиралӣ Давлатов дар таркиши дискоклуби Кӯлоб дар ҳолест, ки ба нақли модари Амиралӣ дискотекаи Кӯлоб аслан натаркидааст.

Ҳасари Амиралӣ.

Бародари Амиралӣ, Сабзалӣ Давлатов, ки худ маъюби гуруҳи дуюм аст, афзуд, кормандони пулис бародарашро 17 шабонарӯз зери фишор қарор дода, гуфтаанд, пеш аз интихобот барои «натиҷа» гуноҳро ба гардан гирад: «Охир акаам дар додгоҳ гуфт, ман Алимуродро намешиносам. Танҳо ду рӯз шуд аз шинос шуданамон, ки ин гуноҳро бар сараш бор карданд. Ба хотири «натиҷа»-и пеш аз интихобот «подстава» карданд онҳоро. Барои «натиҷаезультат» бачаи камбағалро оварда 17 шабонарӯз зери фишор монда, гуноҳро ба сараш бор кардаанд. Дар бадани бародарам изи шиканҷа ҳаст.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ваклили дифои Амиралӣ Давлатов аз шарҳи ин қазия ва иқдомоти минбаъда нисбати ҳукми зерҳимояаш худдорӣ кард.

Аммо Мавлудхон Салиҳов, вакили дифои Сорбон Комилов, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд аз додраси парванда изҳори миннатдорӣ намуда, дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, нисбати зерҳимояаш ҳукми одилона содир шуда ва ҳатто интизор надошт, ки додрас чунин ҳукмеро содир мекунад.

Зимнан, Зафарҷон Раҳмонов, айбдоркунандаи давлатӣ дар ҳафтаи гузашта аз додгоҳ барои Алимурод Маханов 24 соли зиндон, барои Амиралӣ Давлатов- 24 сол, ба Кенҷа Абдулҳатов 19 сол, ба Сироҷиддин Қараев 13 сол, ба Сорбон Комилов 2 сол, ба Иброҳим Ҳусейнов як сол ва барои мутаҳҳам Абдуллоев ҷарима ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ талаб карда буд.

Алимурод Маханов ва шарикони ӯ дар моҳи сентябри соли гузашта аз суи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ҳамон вақт дар як барномаи телевизионӣ, ки тавассути шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд, Маханов ва шариконаш эътироф карданд, ки ҳадафи анҷоми чанд амалиёти террористӣ дар пешорӯи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон доранд, аз ҷумла гӯё қасд доштаанд, ки биноҳои вазорати корҳои доихлӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳам чанд дарвозаи Душанберо тарконанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта, ба Боймирзо Маханов, падари Алимурод Маханов, расман хабар додааст, ки боз як писари ӯ Маҳмадсолеҳ Маханов ва ду додарзодааш Абдукарим Сатторов ва Алишер Давлатов дар вилояти Хабаровски Русия бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон дастгир шудаанд.