ГМО чист ва чаро ба Тоҷикистон таҳдид мекунад?

Тоҷикистон то ҳол имкони ташхиси фаннии таркиби маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашударо надоштааст. Ин маҳсулот бештар аз кишварҳои Осиё вориди бозори Тоҷикистон мешавад.
Вақте аз дӯкон ё фурӯшгоҳ харид мекунем, мебинем, ки дар рӯйи баъзе маҳсулот, аз ҷумла, қуттиҳои шарбат ё шоколад навишта шудааст, ки онҳо «ГМО», яъне «маҳсулоти ирсаш тағйирдодашуда» надоранд. Чунин маҳсулот ҳаст, аммо кам ва шумораи одамоне, ки дар Тоҷикистон ба ин хатча диққат медиҳанд, аз он ҳам камтар. Бардошти умумӣ ин аст, ки садҳо ҳазор нафар эътиборе намедиҳанд, ки чӣ мехӯранд ва чунин мавод ба саломатии онҳо чӣ таъсир дорад? Як сабаб ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло имкони ташхиси тағйири генетикии маводи хӯрокворӣ вуҷуд надорад.

Шавкат Саидмуродов, роҳбари озмоишгоҳи бехатарии биологии Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 12-уми май дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Барои санҷидани таркиби маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда таҷҳизоти махсус зарур аст, ки нархаш то ба 500 ҳазор доллар мерасад. Мо ин гуна таҷҳизот ҳоло надорем. Ҳамчунин барои ин мутахассисонро мо бояд ба марказҳои махсус фиристода, омӯзониданамон зарур аст. Агар ҳукумати Тоҷикистон озмоишгоҳи моро дар ин маврид дастгирӣ кунад, мо метавонем ин гуна ташхисҳо гузаронем».


Ҷаноби Саидмуродов меафзояд, ҳоло бархе аз кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи қонунгузорӣ воридшавии маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашударо манъ ё маҳдуд мекунанд. Вай аз Беларус ёдовар шуд, ки тибқи қонунгузориаш ширкатҳои истеҳсолкунандаи озуқаворие, ки таркиби генетикии маҳсулоташон аз 9 дарсад бештар тағйир дода шудааст, бояд онро тамғагузорӣ кунад. Яъне ишора кунад, ки ин маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйир дода шудааст.

Ҳоло Тоҷикистон низ, ки дар солҳои қаблӣ чун кишвари меваю сабзавоти табиӣ шӯҳрат дошт, ҳамакнун себу нок, помидору картошкаро аз Чину Покистон ворид мекунад. Аммо то куҷо ин ҳама маҳсулот барои саломатии аҳолӣ бехатаранд ва оё ин ҳама маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ҳастанд ва ё на?

Шавкат Саидмуродов мегӯяд, то ҳол олимони тоҷик барои посухи қатъӣ додан ба ин суол оҷизанд. Вай мегуяд: «Ман ҳамчун мутахассис 70 дарсад боварӣ дорам, ки ин ҳама меваю сабзавоте, ки аз хориҷ хусусан аз Чину Покистон ворид мешаванд, аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ҳастанд. Ҳоло мо намунаи ин маҳсулотҳоро гирифта бо воситаи ҳамон таҷҳизотҳе, ки дорем тадқиқот гузаронида истодаем. Аз ҷумла бо воситаи мушҳои лабораторӣ.»

Аз ин рӯ, ин ҳамсуҳбати ман мегӯяд, олимони тоҷик, аз ҷумла пажӯҳишгарони маркази онҳо дақиқ гуфта наметавонанд, ки меваю сабзавоти Чину Покистон то куҷо барои саломатии мардум хатарноканд ва ё на.

Зимнан, дар Тоҷикистон натанҳо маҳсулот, балки тухмии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашударо низ ворид мекунанд. Намунаи хеле густаришпайдокардаи ин гуна маҳсулот ба гуфтаи кишоварзон, аз ҷумла тухми ҷуворимакка ва помидори ҳолландӣ аст. Ҳарчанд аз ҷиҳати таъм ва бехатарӣ ин қабил маҳсулот озмудашуда нестанд, аммо кишоварзони тоҷик ба парвариши он бартарӣ медиҳанд.

Носир, як тоҷири ниҳолҳои сабзавоти кӯчатӣ дар бозори «Варзоби»-и Душанбе мегӯяд, помидори ҳолландӣ аз навъи маҳалӣ дида ба маротиб серҳосил ва ба касалиҳо низ тобовартар аст. Аз ин рӯ, кишоварзон аз ин навъи помидор бештар харидорӣ мекунанд, чунки он то дами зимистон хушк нашуда ҳосил медиҳад.
Қурбоналӣ Партоев, корманди пажӯҳишгоҳи Ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон низ бояд мисли кишварҳои пешрафтаи Аврупо маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда тамғагузорӣ шавад. Вай мегӯяд: «Дар кишварҳои хориҷӣ маводе, ки дар асоси кишоварзии органикӣ, бидуни истифодаи маводҳои кимиёвӣ ва селексия, инчунин геноинжинерия парвариш карда шудааст, тамғагузорӣ шуда ба маротиб гаронтар фурӯхта мешавад. Маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда низ тамғагузорӣ мешавад ва нархаш арзонтар аст. Яъне, ҳар кас имкони интихоб дорад».

Бино бар ин, ба таъкиди ин донишманди тоҷик, кишоварзони тоҷик ҳам ҳар чӣ бештар ба тухмиҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда бештар руй меоранд. Чунки ба таъкиди Партоев, агар кишоварзон маҳсулоти покизаи табиӣ низ истеҳсол кунанд, харидори тоҷик онро аз маводи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда фарқ намекунад ва бо айни ҳамон нарх мехарад на гаронтар аз он. Ин дар ҳолест, ки то рафт меваю сабзавоти ба таври табиӣ парвардаи зироаткорон ва боғдорон бо вуҷуди он, ки рангу сурати ороста надорад ва дер намепояд, барои тандурустии мардум ба маротиб беҳтар аз маҳсулоти тағйирдодашуда аст.

Ночории олимони тоҷик дар ҳолест, ки пажӯҳишгарони рус аз хавфнок будани маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ҳушдор медиҳанд. Донишмандони рус мегӯянд, ин қабил маҳсулот боиси сар задании бемориҳои қанд, мағзу асаб ва ҳатто саратон мешавад. Истеъмоли он, махсусан барои кӯдакон ва занон ба маротиб хатарнок унвон шудааст. Аммо, ба гуфтаи коршиносони тоҷик, ҳоло мақсад бештар пур ва арзон нигоҳ доштани бозори дохилист, то андешаи саломатии ҷомеа.