Ҳама 5 буд. Акнун 100 мешавад?

Аз иваз шудани ченаки баҳои хонандагони мактаб аз панҷ ба садбалла сифати таълим тағйир намеёбад – чунин аст як бардошти асосии коршиносони риштаи маорифи Тоҷикистон.
Мунира Иноятова, вазири собиқи маорифи Тоҷикистон мегӯяд, тағйироти зоҳирӣ дар низоми маориф наметавонад, сатҳи дониши бачаҳо дар мактабҳои кишварро боло барад: «Чӣ фарқ дорад, ки хонанда 100 балл мегирад ба ҷои 5 ва ё 80 балл мегирад ба ҷои чор? Аз ин дониши талабаҳо дигар намешавад. Агар донишу маданияти касбии муаллим пеш наравад, сифати дониши талабаҳо поин меравад. Мо танҳо шакли маорифро ҳар рӯз дигар мекунему мазмунашро - не. Ҳазор технологияи нав, мактабу китобҳои нав ҳам муҳайё шава, то касбияти муаллим - шахси асоси соҳаи маъориф - ба кор омода набошад, сифати таълим боло намеравад.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷадвали баҳо дар мактабҳои Тоҷикистон иваз мешавад


Мунира Иноятова

Мунира Иноятова дар бораи тағйири меъёрҳо ва ҷадвали баҳогузорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон сӯҳбат мекард, ки аз ин пас дигар хоҳад шуд. Вазорати илму маориф чанде пеш эълон кард, ки ба ҷойи баҳои аз ҳама пасти 2 ва беҳтарини 5 дигар дар мактабҳо аз рӯи ҷадвали садбаллӣ баҳо мегузоранд.
Хонум Иноятова мегӯяд, ислоҳоти соҳаи маориф беш аз пеш бояд ба мазмун ва сифати дарсҳо бояд нигаронида шавад. Ба гуфтаи Иноятова, дар ҳоли ҳозир бояд диққати аввалиндараҷа ба касбияти омӯзгорон ва баъдан китобҳои дарсӣ дода шавад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, сифати китобҳои дарсӣ низ дар Тоҷикистон беҳбудӣ мехоҳад, вагарна дар солҳои наздик набояд мунтазири хуб шудани сатҳи дониши хонандагон шуд.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфтааст, бо тавсияи Академияи таҳсилот ченаки баҳогузории муҳассилини макотиби миёнаи кишвар аз панҷбалла ба садбалла иваз мешавад. Ҷаноби Саидов гуфтааст, Академия зарурати чунин ислоҳотро бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешқадам тасдиқ кардааст.

Муслима Ҷонова, роҳбари мактаби № 88-и пойтахт мегӯяд умдатан кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон аз рӯи ченаки садбаллӣ ба хонандагон баҳо мегузоранд. Чунки дар доираи панҷ балл намешавад як хонандаро бо назардошти ҳама хусусиятҳояш - дониш, ахлоқ, ҳозирҷавобӣ ва ғайра - баҳо гузошт. Ҷонова мегӯяд: «Мо ҳоло ба стандарти ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуда истодаем. Бисёре аз хонандагони мо зимни таҳсил ба дигар кишварҳо мераванд ва ҳангоми ҳиҷрат онҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои таълимиашон дигар мушкилӣ намекашанд. Пештар онҳо маҷбур буданд, ки ҳуҷҷатҳояшонро аз нав нострификатсия карда, баҳои панҷбалларо ба садбалла гузаронанд.»

Дар ҳамин ҳол, бархе аз омӯзгорон ва донишмандони дигар мегӯянд, низоми мактаби шӯравӣ, ки ба Тоҷикистон мерос монд, яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон буд ва кишварҳои зиёде, назири Исроил ва Чин, то ҳол аз таҷрибаи мактаби Шӯравӣ баҳра мегиранд. Ба таъкди ин гурӯҳи донишмандон, маҳз мактаби шӯравӣ ба Тоҷикистон беҳтарин мутахассисон - муҳандисону агроном ва иқтисоддонҳоро тарбия кард, ки то ҳол ба кишвар хидмат мекунанд.

Шодӣ Шабдолов - роҳбари ҳизби коммунист ва вакили парлумон мегӯяд, маҳз мактаби шӯравӣ аввалин кайҳоннавардро тарбия кард ва то ба ҳол кишварҳои пешрафта аз дастовардҳои илми педагогикаи он замон истифода мекунанд: «Хуб, ба ҷои панҷ сад мондем, баъд чӣ мешавад? Ҳамин як дасти мо панҷ ангушт дорад, баҳои хонандаҳо низ дар асоси ана ҳамин ҳикмат монда мешуд. Ин ягон тағйирот ё реформа нест, ин як тақлидкории кӯркӯрона аст. Асоси ислоҳот дар маориф парвариши омӯзгорон аст. Аммо онҳо то замоне, ки маоши хуб нагиранд, ба ин соҳа намераванд. Вақте ки маоши онҳо ба даҳ рӯз мерасад, онҳо мераванд, дар Русия кӯчарубӣ мекунанд.»

Вазири маориф Н.Саидов

Феълан дар мактабҳои миёна Тоҷикистон беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Ба ин артиши бузург тақрибан 30 000 муаллим дарс медиҳанд.
Ҷаноби Шабдолов мегӯяд, дар кишварҳои тараққикардае, назири Финландия, маоши омӯзгори мактаб баробари маоши вазир аст. Ба ақидаи ӯ, то замоне ки дар Тоҷикистон маоши омӯзгор барои пешбурди зиндагӣ кифоят накунад, поёну боло бурдани меъёри баҳо аҳамияте надорад.

Муаллим як замон дар Тоҷикистон шахси обрӯманд маҳсуб мешуд, вале ҳоло ин вожа гоҳе ҳамчун синоними фақир истифода мешавад, ки нишондиҳандаи мақоми пасти омӯзгор дар кишвар аст.