Бозиҳои Осиё: 4 медал дар 12 рӯз (3 АКС)

Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дувоздаҳуми мусобиқоти Бозиҳои Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ дар се намуд ширкат карда, ду медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дувоздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ дар се намуд- гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук ва таэквондо ширкат карда, танҳо аз таэквондо ду медал гирифтанд.

Рӯзи чоршанбеи 1-уми октябр варзишгарони тоҷик Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов дар сабқати таэквондо ба мунтахаби Тоҷикистон боз ду медали биринҷӣ оварданд.

Фарҳод Неъматов дар сабқати мардон дар вазни то 80 кило рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнамро бо ҳисоби 6-2 ва Иброҳим Носир аз Афғонистонро бо ҳисоби 3-0 шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон бо ҳисоби 2-7 шикаст хӯрд ва мақоми севумро касб кард.

Фарҳод Неъматов ҳангоми ҳунарнамоӣ

Инчунин варзишгари дигари тоҷик Алишер Гулов дар сабқати таэквондо дар вазни + 87 кг бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал аз Дмитрий Шохин (Узбакистон) бо ҳисоби 0-12 шикаст хӯрд ва Алишер низ мақоми севумро азони худ кард.

Дар сабқати занон дар риштаи таэквондо дар вазни то 57 кило Маҳбуба Шарифова аз Самонеҳ Шишпарӣ аз Эрон бо ҳисоби 0-12 шикаст хӯрд.

Рӯзи сешанбе боз ду варзишгари тоҷик дар риштаи гуштии юнониву румӣ рақобат кард. Хусрав Облобердиев дар вазни то 66 кило сабқатро аз даври 1/8-ниҳоӣ шурӯъ намуда, бар Сангип Тулсӣ Ядав аз Ҳиндустон бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд. Баъдан дар даври чорякниҳоӣ аз Руатаро Матсумото (Ҷопон) бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрд. Хусрав барои роҳ ёфтан ҷиҳати дарёфти медали биринҷӣ бар Лунг Тун (Мянмар) бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард. Вале барои медали биринҷӣ аз Ҳаквон Ри (Кореяи Шимолӣ) мағлуб шуд ва бе медал монд.

Паҳлавони дигари тоҷик Муродҷон Тӯйчиев, ки дар вазни то 98 кило сабқатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ кард, аз Мурод Раҳмонов (Қирғизистон) бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои дарёфти медал маҳрум шуд.

Дар сабқати варзиши сабук Александр Пронженко, ки дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,86 сония ба нимфинал баромада буд, дар даври ниманиҳоӣ бо натиҷаи 22,35 сония аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум шуд.

Алишер Гулов (аз чап), мураббӣ Ҷаҳонзеб Қармишев ва Фарҳод Неъматов ( аз рост)

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар 12 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар15 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, камонварӣ, қаиқронӣ, софт теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ) ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров , варзишгари маъруфи тоҷик, дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои Осиё ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбакистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0-1мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик боз аз рӯи се намуд рақобат мекунанд: таэквондо WTF: 2-юми октябр - Давлатмурод Каримов (-63 кг), Хусрав Гиёсов (-68 кг), 3-юми октябр – Наврӯз Ҳамидов (-54 кг), Моҳрӯ Ҳалимова (+73 кг), софт теннис: 2-юми октябр - Неъматулло Раҷабалиев ва Мирҳусейн Яҳёев, каратэ: 3-юми октябр – Сафаралӣ Давлатов (-60 кг).

Дар Бозиҳои XVII Осиё, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома меёбанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад.

Баъди натиҷагирии 12 рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 294 медал – 131 тилло, 90 нуқра ва 73 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мунтахаби Кореяи ҷанубӣ бо касби 189 медал - 62 нишони тилло, 61 нуқра ва 66 биринҷӣ – дар ҷойи дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 161 медал - 39 нишони тилло, 63 нуқра ва 59 биринҷӣ дар мақоми севуманд.

Тими Қазоқистон бо касби 66 медал (20 тилло, 17 нуқра ва 29 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Эрон бо касби 40 медал (15 тилло, 11 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 33 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII Осиёро ба даст овардаанд ва намояндагони 26 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 33 медал (8 нишони тилло, 11 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи 9-ум, Тоҷикистон бо касби 4 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва биринҷӣ) дар ҷойи 23-юм, Қирғизистон бо касби 5 медал (2 медали нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 28-ум ва Туркманистон бо касби 4 медал (1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 29-ум қарор доранд.

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои Осиё ширкат дорад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI Осиё дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Шумораи медалҳои то кунун ба даст овардаи варзишгарони тоҷик бо теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI Осиё дар Гуанҷоуи Чин баробар аст, вале аз ҷиҳати сифати медалҳо натиҷаи мунтахаби кишвар дар Инчон беҳтар мебошад.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ