Изҳори сипоси Э.Раҳмон ба бунёдгарони мактаби 8

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 март дар расми ифтитоҳи мактабе, ки ширкати сохтмонии соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов сохтааст, ширкат варзид ва аз онҳое, ки дар ин сохтмон саҳм доштаанд, изҳори сипос кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19--уми март дар арафаи Наврӯз дар расми ифтитоҳи чанд бинои ҷадид, аз ҷумла бинои нави мактаби шумораи 8-и шаҳри Душанбе, ки бо маблағгузории давлат аз сӯи "Тоҷсохтмон Байналмилал", ширкати марбут ба соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов сохта шудааст, ширкат кард. Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим бо изҳорри нигаронӣ аз костани ахолқи толибилмон гуфт, «вақтҳои охир дар байни хонандагони пойтахт баъзе тамоюлҳои манфӣ, аз ҷумла ба қонуншиканӣ ва ҳатто ба ҷиноятҳои вазнин даст задани баъзе хонандагони мактабҳо мушоҳида мешаванд.»

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мактаби 8 гуфт, барои ислоҳи ахлоқи хонандагон падару модарон бояд бо омӯзгорон робитаи зичро ба роҳ монанд.

Таълим дар мактаби 8-и Душанбе - 71 % русӣ 29 % тоҷикӣ

Беш аз 70 дарсади хонандагон дар мактаби шумораи 8-и шаҳри Душанбе, ки бинои наваш имрӯз ифтитоҳ ёфт, бо забони русӣ таҳсил хоҳанд кард.Тибқи барномаи таълимӣ, 29 дарсади хонандагон дар синфҳои тоҷикӣ ва 71 дарсад дар синфҳои русӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бинои мактаби шумораи 8-и шаҳри Душанбе, ки дар ҷои бинои қаблии он сохта шудааст, бо харҷи ҳудуди 30 миллион сомонӣ маблағҳои будҷаи давлатӣ барои 2700 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд шудаааст. Мактаби мазкур дорои 5 бинои таълимӣ, як бинои махсусгардонидашуда, 63 синфхона, инчунин толорҳои варзишиву фарҳангӣ ва китобхона аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ифтитоҳи ин мактаб гуфт, ки «аз соли 2004 то инҷониб дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дастгириҳои давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон мактабҳои типи нав, гимназияҳои хусусӣ, мактаби Президентӣ, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат, Мактаби байналмилалӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тарбия сохта, ба истифода дода шуданд.»

Зайд Саидов бо Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз расми ифтитоҳи маркази тиҷории "Пойтахт" дар соли 2009

Сохтмони бинои нави мактаби шумораи 8-ро ширкати сохтмонии «Тоҷсохтмон Байналмилал» бар ӯҳда дошт. Ин ширкат ба наздикони Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки моҳи майи соли гузашта боздошт ва дар моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, тааллуқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ифтитоҳи мактаби 8 бидуни бурдани ном аз ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони он саҳми худро гузоштаанд арзи сипос кард ва аз ҷумла гуфт, «ба муҳандисону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар як муддати кӯтоҳ чунин иншооти зебову муҷаҳҳазро сохта, ба наслҳои ояндасози халқамон тӯҳфаи арзандаи идона муҳайё карданд, изҳори сипос менамоям.»

Бо анҷоми сохтмони мактаби 8 ҳамакнун хонандагони ду мактаби шумораҳои 8 ва 14-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар инҷо якҷо таълим мегиранд.

Ба гуфтаи мақомот, ҳоло дар шаҳри Душанбе наздики 150 муассисаи таълимии замонавӣ амал менамояд. Эмомалӣ Раҳмон нақши онҳоро дар беҳтар шудани сатҳу сифати таълим, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ «назаррас» арзёбӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 март, ҳамин тавр, бо рафти сохтмони ду бинои баландошёна ва бинои маъмурии Кумитаи андоз дар пойтахт шинос шудааст. Гуфта мешавад, ба зудӣ дар хиёбони Синои Душанбе аз сӯи корхонаи давлатии "Манзили дастрас" 10 бинои истиқоматӣ қомат афрохта, то 900 оиларо соҳиби манзил хоҳанд кард.


Мактаби шумораи 8-и шаҳри Душанбе