Сафари давлатии раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар як давраи мусоиди ҳамкориҳои ду кишвар доир мешавад. Сафири Чин дар Душанбе Фан Сянжун бо изҳори ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ин сафари, ба таъбири ӯ, "таърихӣ" дар ҳоле сурат мегирад, ки "равобити байни ду кишвар ба сатҳи стратегӣ расидааст." Хабаргузории давлатии Чин - Синхуа - аз қавли Фан Сянжун навиштааст, ки дар ҷараӣни сафари Си Ҷинпин байни Пекину Душанбе қарордодҳои нави ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид.
Сафири Чин ҷузъиёти ин созишномаҳо ва ҳаҷми кумакҳову қарзҳои нави кишвараш ба Тоҷикистонро, ки қарзаш аз Чин алакай аз 1 миллиард доллар гузаштааст, ифшо накардааст. Вале ба гуфтаи Фан Сянжун, қарор аст, дар Душанбе Маркази Конфутсий ифтитоҳ шавад. Ин маркази фарҳангӣ, афзудааст сафири Чин дар Душанбе, ба тарбияи кадрҳо дар соҳоти мухталиф ва таълими забони чиноӣ тамаркуз хоҳад кард. Ба навиштаи Синхуа, Чин ба Тоҷикистон дар тарбияи мутахассисон барои аз ҷумла саноати истихроҷи маъдан, энергетика ва соҳаи кишоварзӣ кумак мекунад. Фан Сянжун гуфтааст, ки Чин ба рушди равобити ҳамсоягӣ аҳамияти вижа қоил буда, ҳамкориҳо бо ҳамсояи наздикаш - Тоҷикистонро ба сурати фаъолона густариш медиҳад.
Лӯлаи чоруми гази Чин аз Тоҷикистон мегузарад, вале...
Интизор меравад, дар ҷараёни сафари давлатии раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ҳамчунин дар рустои Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ маросими оғози бунёди хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин” доир шавад. Аммо Тоҷикистон ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо надоштааст.
Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дар пайи ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 11-12 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, рӯзҳои 13-14 сентябр сафари давлатиаш ба Тоҷикистонро низ анҷом хоҳад дод.
Бино ба барномаи расмии ин сафар, руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин рӯзи 13 сентябр ба як силсила қарордодҳои нави ҳамкорӣ байни Душанбеву Пекин имзо гузошта, баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз дар расми анҷоми сохтмони навбати дуюми Маркази дуюми гармидиҳии Душанбе (ТЭЦ-2) ширкат кунанд. Интизор меравад, акнун иқтидори тавлидоти барқ дар ин марказ ба 100 мегаватт-соат расида, дар зимистони имсола то 40 дарсади биноҳои баландошёнаи пойтахти Тоҷикистонро бо гармӣ низ таъмин кунад.
Аммо як нуқтаи мавриди қобили мулоҳизаи вижа дар ин сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ширкати ӯву тоҷикаш дар расми оғози сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин” аст. Ин маросим, интизор меравад, баъд аз зӯҳри 13 сентябр дар рустои Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар канори Душанбе доир шавад.
СNPC, ширкати миллии нафти Чин дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки қисмати тоҷикистонии ин лӯлаи тӯлонии газро як корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин месозад. Созишнома дар бораи таъсиси ин корхонаро, ки СNPC ва “Тоҷиктрансгаз” муассисонаш мешаванд, дар оғози моҳи март аз тарафи Тоҷикистон Султон Раҳимов, муовини аввали вазири обу энержӣ ва аз тарафи Чин, Фан Сянжун, сафири он кишвар дар Душанбе имзо кардаанд.
Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати давлатии “Тоҷиктрансгаз” рӯзи 9- уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои сохтмони лӯлаи гази чорум аз Осиёи Миёна ба Чин, ки хатти “D” ном дорад, як ширкати муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода шудааст: “Сохтмон расман бо иштироки президентҳои ду кишвар оғоз меёбад. Ин хатти газ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 400 километр тӯл хоҳад кашид. Тоҷикистон аз ин қубур ҳаққи гирифтани газро надорад, аммо дар сохтмони он шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.”
Ба таъкиди ҷаноби Шарофиддинов, сохтмони ин қубури газро ширкати Сhina National Petroleum Corporation бар ӯҳда дорад ва тибқи ҳисобҳои пешакӣ, бунёди ин лӯла 3 миллиард доллар харҷ хоҳад дошт. Ӯ афзуд, Тоҷикистон ҳамчун кишвари тронзитӣ аз ин қубури газ фоида хоҳад дид.
Хатти лӯлаи гази “D”-и Чин аз Осиё Миёна аз мавзеи «Галкиниш»-и Туркманистон оғоз шуда, то ба вилояти Шинҷон мерасад.
Лӯлаи газе, ки аз тариқи Тоҷикистон мегузарад, хатти чаҳоруми лӯлаи азими гази “Осиёи Марказӣ-Чин” аст ва бар асоси тарҳ ҳудуди 400 километрро ташкил медиҳад ва бояд то соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 баъди имзои тавофуқнома бо Чин эълон кард, ки бо иҷрои ин тарҳ мумкин аст, ба иқтисоди кишвар 3 миллиард доллар сармоя ворид шавад. Ширкати миллии нафти Чин доир ба ҷузъиёти тарҳи лӯлаи газ, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ҷузъиёти зиёде нашр накарда ва танҳо гуфтааст, ки масири он ҳанӯз ҳам баррасӣ мешавад. Ҳарчанд маълум аст, ки ин хатти лӯлаи газ бояд дар ниҳоят ба вилояти Шинҷону Уйғури Чин бирасад.
Тавофуқи Душанбеву Пекин дар бораи ин лӯлаи газ 13 сентябри соли 2013 дар ҷараёни музокироти сарони Тоҷикистону Чин дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Шанхай дар Бишкек эълон шуда буд. Манобеи Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон мегуфтанд, музокироти тарҳи ин созишнома байни Душанбеву Пекин чандин муддат дар як шароити хеле махфӣ идома дошт, то Узбакистон чун ҳамеша монеъи имзои он нашавад.
Хатти лӯлае, ки аз Тоҷикистон мегузарад, яке аз шохаҳои лӯлаи “Осиёи Марказӣ - Чин” аст, ки дар маҷмӯъ тақрибан 3700 километр тӯл дорад ва қарор аст, солона аз кишварҳои минтақа ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол бидиҳад. Бо вуҷуди манофеъи иқтисодии тарҳи мазкур барои Тоҷикистон мушкили норасоии гази табиӣ дар кишвар боқӣ мемонад, зеро бар асоси қарордод, Тоҷикистон ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо нахоҳда дошт.
Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси “Тоҷиктрансгаз” қаблан низ ба Озодӣ гуфта буд: “Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ транзиткунандаи мол ба ҳисоб меравад ва албатта, аз ин фоида мегирад. Вале ҳозир мо наметавонем аз гази он истифода барем, зеро он асосан барои таъминоти худи Чин омода шуда истодааст.”
Манобеи огоҳ аз ҷараёни музокирот аммо мегӯянд, ин шарти Чин, ки Душанберо аз ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯла манъ мекунад, зоҳиран ба хотири таскин додани Узбакистон аст, ки пайгирона мухолифи иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ бо кишвари ҳамсояаш -Тоҷикистон аст.
Эълони оғози сохтмони шохаи лӯлаи газ дар ҳолест, ки Тоҷикистон баъди қатъи воридоти газ аз Узбакистон дар соли 2008, ба захираҳои дохилӣ рӯ оварду дар пайи манобеъи дигари сӯхт шуд. Чанд соли пеш, ширкати "Тетис Петролеум", ки марказаш дар Канада аст, эълон кард, ки дар кони “Бохтар”, яке аз майдонҳои бузурги гази Тоҷикистон дар ҷануби кишвар, бештар аз 3 триллиону 200 миллиард метри мукааб гази табиӣ вуҷуд дорад. Аммо батахмини коршиносони ин ширкат, захираҳои кони “Бохтар” дар умқи то 5 километр ҷойгиранд ва истихроҷаш ва харҷи зиёд мехоҳад.
Аммо бо вуҷуди ин ширкати миллии нафти Чин, ки собиқа ва сармояи фаровон барои истихроҷи чунин маъданҳои табииро дорад, соли гузашта бештар аз 33 дарсади саҳмияҳои ширкати “Тетис”-ро, ки ҳаққи истихроҷ аз майдони гази “Бохтар”-ро дорад, харид. Майдони мазкур тақрибан 1000 километр дуртар аз марзи Чин воқеъ шудааст ва шояд дар ояндаи дур маҷрои газ аз инҷо ҳам ба самти кишвари ҳамсоя, ки иқтисоди азимаш сол ба сол бузургтар ва иштиҳои кишвар ҳам ба нафту газ зиёдтар мешавад, ҷорӣ шавад.
Сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин” дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон аз Чин аз марзи 1 миллиард доллар гузашта, беш аз нисфи қарзи думиллиарддолларии Душанберо ташкил медиҳад. Бузургтарин тарҳҳои иқтисодиву роҳсозӣ дар Тоҷикистон бо сармояи Чин анҷом мешавад. Ширкатҳои Чин аз ҷумла дар Тоҷикистон чанд корхонаи семент ва маркази дувуми гармидиҳии Душанберо месозанд. Бунёди нақби Шаршару Чормағзак ва тармими шоҳроҳҳои Душанбе –Хуҷанд ва Душанбе-Турсунзода – марзи Узбакистонро низ ширкатҳои Чин бар ӯҳда доранд.