Раиси Маҷлиси намояндагон аз додситонии Тоҷикистон хост, то ҳамлаи рӯзи 28 апрел ба вакили порлумон Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Хоруғро "ҳамаҷониба" таҳқиқ кунанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон аз додситонии кул хостааст, то ҳодисаи ҳамла ба Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумон ва муовини раҳбари ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон рӯзи 30 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Шукурҷон Зуҳуров, вобаста ба иттилои баъзе расонаҳои хабарӣ дар мавриди латукӯби Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович (Саидумар Ҳусайнӣ) аз сӯи шахсони номаълум бо худи вакил, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон бо интихобкунандагон вохурӣ анҷом медиҳад, сӯҳбат намуд."
Саидумар Ҳусайнӣ рӯзи 28 апрел зимни сафари кориаш ба Бадахшон дар қароргоҳи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳ қарор гирифт.
Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, "раиси Маҷлиси Намояндагон дар пайи сӯҳбат бо вакили порлумон ба додситони кулли Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дархост ирсол намуда ва хоҳиш кардааст, ки ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба таҳқиқ шавад."
Ин нахустин мавриди муроҷиати расмии раиси ҳайати кунунии порлумони Тоҷикистон ба мақомот дар робита ба ҳамла ба як вакили Маҷлиси намояндагон аст.
ВКД: Ба Ҳусайнӣ дар Хоруғ худи аъзои ҲНИТ ҳамла кардаанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар паи ҳамла ба вакили порлумон, муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ дар Бадахшон иттилоъ дод, ки ин ҳодиса дар паи муноқиша миёни худи аъзои ин ҳизб рух додааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шоми 29-уми апрел бо пахши як иттилоияи расмӣ дар сомонаи худ навиштааст, ки «мувофиқи гузориши корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ рӯзи 28-уми апрел, соати 14:00, дар утоқи кории Ҳизби наҳзати ислом дар шаҳри Хоруғ муноқиша миёни аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса рафтан маълум гардид, ки муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ бо гурӯҳи корӣ ба Бадахшон сафари хизматӣ анҷом доданист. Вале ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст.»
Ба навиштаи вазорати умури дохила, Асрор Булбулов, собиқ раиси ҲНИТ дар Хоруғ пас аз он ки гӯё Саидумари Ҳусайнӣ ва Шонаими Карим, як масъули ин ҳизб ба воситаи баромади худ дар дигар минтақаҳо мардуми Бадахшонро таҳқир намудаанд онҳоро маҷбур кардаанд, ки аз мардуми Бадахшон узр пурсад.
Кормандони ШВКД дар Хоруғ бо шоҳидон ҳамсӯҳбат шуда шарҳи воқеаро пурсидаанд ва хусусан Асрор Булбулов гуфтааст, ки намояндагони ҲНИТ дар вохӯриҳои худ дар навоҳии дигари кишвар «мардуми Бадахшонро ҳаргуна гапҳои пасту баланд задаанд», аз ин рӯ, аз онҳо талаб кардаанд, ки узрхоҳӣ кунанд. Вазорати умури дохила навиштааст, ки «бинобар маводи ҷамъовардашуда қарори лозимӣ қабул гардида, барои мувофиқа ба додситонии шаҳри Хоруғ фиристода шуд».
Намояндагони ҲНИТ мегӯянд, дар байни 3 зану 13 марде, ки рӯзи 28 апрел ба қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ ҳамла карданд, дар воқеъ Асрор Булбулов ҳам буд. Вале тавре намояндаи ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба Радиои Озодӣ гуфт, Асрор Булбулов узви ҳизби онҳо нест, чунки қаблан аз тариқи телевизиони давлатӣ эълон карда буд, ки аз сафи ҲНИТ хориҷ шудааст. Оқои Сайфуллоҳзода ба ин далел иддаои пулиси маҳаллӣ дар бораи гӯё дар паи муноқиша миёни аъзои ҲНИТ сурат гирифтани ҳамла ба Ҳусайниро рад кард.
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи 28 апрел барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва шарҳи паёми раиси ҷумҳур ба Хоруғ рафта буд, ҳамон рӯз дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯву ҳамроҳонаш дар Хоруғ ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳ ба раҳбарии "як шахси наздик ба раиси вилояти Бадахшон" қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи Ҳусайнӣ, ҳамлагарон дар дафтари ҳизб мақсади омаданашонро пурсида талаб кардаанд, ки Хоруғро тарк кунанд. Ба гуфтаи Саидумар Ҳусайнӣ, ҳамлагарон ҳатто ба вакили парлумон дастбагиребон шуда ронандаи вайро латтукӯб кардаанд.
Саидумар Ҳусайнӣ дар идома афзуд, онҳо зуд ба мошин нишастанд, то ҳарчӣ зудтар аз ҷои ҳодиса дуртар равад, аммо ҳамлагарон ба ин монеъ шудаанд: "Шахси наздики раис" ронандаамро, ки мошинро омодаи ҳаракат карда буд, бурун кашида, ҳамроҳи дигарон чунон латтукӯб карданд, ки аз даҳону бинияш хун ҷорӣ шуд ва ман зуд вайро аз миёни онҳо кашида, ба мошин шинондам ва худам сари чамбарак нишаста мошинро рондам.»
Ини нахустиин мавриди ҳамла ба аъзои ҲНИТ нест. Моҳи феврали соли 2012 сухангӯи ҳизб Ҳикматуллоҳ Сайфулллоҳзода ва моҳи апрели соли 2013 муовини дигари раиси ҳизб Муҳаммадалӣ Ҳаит дар Душанбе сахт латтукӯб шуданд. Моҳи августи соли 2013 як ҳайати эъзомии ҳизб боз ҳам дар Бадахшон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.