Чанд хато дар "права"-и нави тоҷикӣ (ВИДЕО)

Рӯнамоии шаҳодатномаҳои биометрии ронандагӣ дар Тоҷикистон хатоҳоеро дар матни ин санади нави байналмилалӣ ошкор кард.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳуҷҷати нави ронандагӣ, ки бино бар фанновариҳои навтарин омода шуда, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист, нахустин нусхаҳои он нишон медиҳанд, ки дар матни ин санад иштибоҳҳо роҳ ёфтаанд. Яке аз аввалин соҳбони ҳуҷҷати ронандагии биометрӣ, мегӯяд: «Дар тарҷума ҷумҳурӣ чун Jumkhuri ва ҶТ чун CHT омадааст, ки ба назари ман ин иштибоҳ аст. Аз сӯи дигар ман мушоҳида кардам, ки теъдоди зиёди мардум барои гирифтани шаҳодатнома дар навбат буданд, аммо бо сабаби он ки кормандон ҳанӯз хуб бо ин система ошно нестанд, кор ҳам ба кундӣ пеш меравад.»

Аз ҷумла дар навишти "ҶумҲурии Тоҷикистон" бо ҳуруфи инглисӣ "Jumkhurii Tojikiston", яъне "ҶумХурии Тоҷикистон" навиштаанд. Поёнтар шакли мухтасари исми кишвар - "ҶТ" ба ҳарфҳои инглисӣ "CHT", яъне "ЧТ"навишта шудааст. Мояи дигари интиқодҳои худи ба ҳарфҳои инглисӣ навиштани ибораҳои тоҷикист. Дар ҳоле ки агар "Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои мисол, ба инглисӣ "Republic of Tajikistan" ва "ҶТ" - "RT" навишта мешуд, кори соҳибонашро дар хориҷа шояд осонтар мекард. Як мояи ташвиш эҳтимоли дар Русия - бозори асосии кори муҳоҷирони тоҷик - эътироф нашудани ин ҳуҷҷат аст, чунки ба ҷуз номи ҳуҷҷат - "водительское удостеверение" боқӣ маълумоти лозим дар ҳуҷҷатҳои ронандагии ҷадид ба забони русӣ тарҷума нашудааст.

Бо вуҷуди ин, Маҳмадсаид Саидов, сардори Раёсати бозрасии давлатии атомобилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 4-уми март зимни муаррифии шаҳоданомаи ронандагии беометрӣ, гуфт, роҳандозии санади нав бар асоси талаботи конвенсияи Венаи 1968 “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, ки Тоҷикистон низ узви он аст, сурат мегирад. Ва ҳадафи он фароҳам овардани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ дар кишварҳои шомили ин Конвенсия будааст.

Ҷаноби Саидов афзуд, «бартарии шаҳодатномаи намунаи нави ронандагии биометрӣ дар он аст, ки қобилияти фарсуданашавандагӣ дорад. Ҳамчунин минбаъд дар маҷмӯъ, он ба системаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ворид гардида, сохтори марказикунонии додани ҳуҷҷатҳо, муайянсозии шахсият дар қаламрави ҷумҳурӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои дорои дараҷаҳои баланд муайян карда мешавад.»

Шаҳодатномаи нав як баргаи пластикии 54 ба 86 миллиметер аст, ки аз поликарбонат омода гашта, маълумоти он бо ду забон тоҷикӣ ва англисӣ, дарҷ ёфтааст. Ба ғайр аз сурат дар шаҳодатнома инчунин дигар маълумоти биометрии соҳиби он аз ҷумла, пайи ангушта ва имзои электронии ӯ ҷой дода мешавад.

Назаралӣ Раҳматуллоев, сармушовири сардори раёсати БДА мегӯяд, шурӯъ аз 5-уми март дар Тоҷикистон додани шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ оғоз мешавад, ва гирифтани ин навъи ҳуҷҷат ба афроде, ки бори аввал шаҳодатнома мегиранд, ҳатмӣ аст. Аммо ашхосе, ки то имрӯз ин санадро доштанд, то анҷоми мӯҳлати эътибори он, яъне то 10 сол метавонанд, шаҳодатномаҳои кӯҳнаи худро ба кор баранд. Ӯ гуфт, «феълан танҳо дар шаҳри Душанбе аз 5-уми март додани шаҳодатномаҳои биометрӣ сар мешавад. Дар манотиқи дигар пас аз муҷаҳҳаз намудан бо техникаи муосир, ки барои ин санад зарур аст, ин навъи шаҳодатнома роҳандозӣ хоҳад шуд. Умуман, вазорати корҳои дохилӣ дар назар дорад, ки дар ҳамон минтақаҳои Русия, ки муҳоҷирони тоҷик зиёданд, нуқтаҳои ивази шаҳодатнома ба роҳ монда шавад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, ҳуҷҷати нави ронандагӣ 165 сомонӣ буда, шаҳодатномаи техникии воситаи нақлиёт 140 сомонист, ки дар маҷмӯъ 305 сомонӣ мешавад. Иброҳим Раҳмонов, сардори шӯъбаи бақайдгирии имтиҳонотӣ раёсати БДА гуфт, ҳамрӯза барои гирифтан ва ё иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ то 250 нафар ҳуҷҷат месупоранд. Ҷаноби Раҳмонов афзуд, «баъди супоридани ҳуҷҷат, довталаб нахуст бояд имтиҳони назариявӣ ва баъдан амалиро супоранд. Онҳое шаҳодатномаи ронандагӣ доранд, аммо мӯҳлати расмашон гузаштааст, онҳо бе имтиҳон иваз мекунанд, аммо шахсоне, ки шаҳодатномаашонро гум кардаанд, фақат имтиҳони назариявӣ месупоранд. Дар маҷмӯъ, супоридани ҳуҷҷат то гирифтани шаҳодатнома 2 ва ё 3 рӯзро дар бар мегирад.»

Аз оғози соли равон ин бори дувум аст, ки дар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ронандагӣ иваз мешаванд. Моҳи январ шаҳрвандоне, ки дар 10 соли охир акси худро дар шаҳодатномаи ронандагии хеш иваз накардаанд, маҷбур ба табдили ин санад шуданд ва акнун онҳо бояд ҳуҷҷатҳои нави худро ба шаҳодатномаи биометрӣ иваз кунанд. Бино бар омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 500 ҳазор мошин сабт шуда, наздики 1 миллион нафар шаҳодантомаи ронандагӣ доранд.

Тибқи як низомнома аз 2 марти соли гузашта, сар аз соли 2014 ҳар ҳуҷҷати ронандагие ки акси соҳибаш дар 10 соли охир иваз нашудааст, аз эътибор соқит дониста мешуд ва ба ин далел ва ҳам ба маҳзи онки аксарият аз ин “навоварӣ”-и БДА бехабар монданд, дар арафа ва рӯзҳои аввалисоли нав дар шӯъбаҳои пулиси роҳ навбатҳои тӯлоние барои гирифтани “права”-и нав мушоҳида шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Права"-и биометрӣ


Бисёре аз ронандагон ба Озодӣ гуфтанд, ки танҳо дар рӯзи аввали соли 2014, баъди боздошти онҳо аз тарафи нозири роҳ фаҳмиданд, ки мебоист ҳуҷҷати худро ҳанӯз то 31 декабр бо акси нав иваз мекардаанд. Мояи дигари шикоятҳо нархи ин ислоҳот буд. Мақомоти БДА мегуфтанд, ки арзиши табдили ҳуҷҷати ронандагӣ 36 сомонӣ муқаррар шудааст, вале шикоятҳои зиёде ҳам мерасид, ки аз ронандагон дар шӯъбаҳои пулиси роҳ барои “зудтар ҳалл кардан”-и масъалаашон маблағи ба маротиб бештар талаб мекунанд.

Ва инак, баъди ҳамагӣ 2 моҳи табдили ҳуҷҷатҳои ронандагии ҳазорон нафар пулиси роҳи Тоҷикистон аз ислоҳоти навбатӣ хабар медиҳад, ки он ҳам табдили дигарбораи ҳуҷҷатҳои ронандагиро дар назар дорад ва ин бор ба сурати саросарӣ. Аз ҷумла ҳуҷҷати ронандагии онҳоеро ҳам, ки тоза ду моҳ пеш барои табдили “права”-и худ вақту пул сарф карда буданд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, даст бурдан ба ҷайби мардум бо баҳонаи табдили ин ё он ҳуҷҷат барои мақомоти Тоҷикистон мисли анъана шудааст. Ду маъракаи табдили ҳуҷҷатҳои ронандагӣ танҳо дар ду моҳи гузаштаи соли 2014, омодагиҳо ба боз як маъракаи саросарии додани ID-card-ҳое ки бояд акнун шиносномаи дохилиро иваз кунанд, ду навъи шиносномаи хориҷӣ, ки якеи оддиаш беш аз 30 доллар ва танҳо бланкаи шиносномаи нави биометриаш 75 доллар аст.

Озода Раҳмонова

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Озода Раҳмонова, ки ҳар ду барномаи гузаштан ба шиносномаҳои хориҷии биометрӣ ва инак, табдили шиносномаҳои дохилӣ бо ID-card-ҳо зери назари ӯ сурат мегирад, моҳи январ дар як мусоҳиба бо хабаргузории “Азия Плюс” гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 41 маркази ҷамъоварии иттилоъ барои таҳияи асноди биометрӣ вуҷуд доранд, ки ҳар рӯз метавонанд ба 8000 нафар хидмат расонанд. Вале ба гуфтаи Озода Раҳмонова, дар соли 2014 бо дарназардошти маъракаи нави додани ID-card-ҳо шумори чунин марказҳо дар саросари Тоҷикистон ба 95 расонда хоҳад шуд.

Тибқи фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли 2013 мақомоти ҳукумат мебоист то 1-уми март қонунҳои дигари кишварро ба ин талаботи нав мувофиқ гардонда, “тибқи созишномаҳои байналмилалӣ кишварҳои хориҷиро низ аз ҷорӣ шудани кортҳои шиносоии шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараён гузоранд ва ба хотири таъмини сафарҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро барои эътирофи ин санад ба сифати ҳуҷҷати байналмилалии ташхискунандаи ҳуввияти шахс бияндешанд.”

1 март гузашт, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки маъракаи додани ID-card-ҳо кай шурӯъ мешавад. Ин дар ҳолест ки парлумони Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 29 январ воридоти бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ ва ID-card-ҳоро аз пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ озод кард. Танҳо маблағи боҷу хироҷи гумрукӣ барои воридоти 540 000 бланкаи шиносномаҳои биометрӣ, 600 000 бланкаҳои ID card ва таҷҳизот барои чопи ID card 16 миллион сомонӣ баровард шуда буд.

Ин мавзӯъ он рӯз дар парлумон баҳси тундеро ҳам барангехт, ки чаро дар сурате ки ин аснод аз пардохти боҷу андоз озод аст, бо чунин нархҳои баланд ба аҳолӣ фурӯхта мешаванд? Исмоил Талбаков, вакили аз ҳизби коммунист, барои мисол гуфт, як бланкаи шиносномаи биометрӣ ба 10 доллар ва як ID-card бо нархи 6,4 евро ба Тоҷикистон оварда мешавад, вале бо вуҷуди он ки ҳукумат барои воридоти ин аснод имтиёз додааст, шиносномаи биометриро дар Тоҷикистон то 120 доллар мефурӯшанд.

Барои қиёс, барои корти шиносоии шаҳрванди Арманистон ҳамагӣ 3000 дирам, муодили 7,4 доллар нарх муқаррар кардаанд.

Намунаи корти шиносоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех

Мунтақидони давлат маъракаҳои табдили ҳуҷҷатҳоро як роҳи дигари пур кардани хазинаи давлат аз ҳисоби аҳолӣ номида, мегӯянд, бо ин шева ҳар сол даҳҳо миллион доллари мардум танҳо барои иваз кардани ҳуҷҷат ҳо сарф мешавад. Дар ҳоле ки онҳо метавонистанд бо ин маблағ ягон камбуди рӯзгори худро буд кунанд. Аз тарафи дигар, табдили аснод низ дар Тоҷикистон як манбаи дигари фасод шудааст. Баробари оғози ҳар чунин маърака фавҷи мансабдорони хурду бузуге ба майдон меоянд, ки барои мусоидат ба “зудтар ҳал кардан”-и масъала “ҳаққ”-и худро талаб мекунанд. Миллионҳои дигари мардум, ба ақидаи мунтақидон, ба ҷайби ин тоифаи миёнарави фосид меравад.