Шӯрои Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон – рӯзи 16 ноябр тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро пазируфт ва барои баррасии ниҳоӣ ба кумитаҳои парлумон фиристод.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тағйирот дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул хоҳад шуд.
Бино ба иттилооти дарёфтӣ, як тағйири асосӣ ба қонун дар бораи мубориза бо терроризм иловае ба моддаи 20-уми ин қонун аст. Дар ин модда банди нави 3-юм илова мешавад, ки бар асоси он, "бо дархости субъекти асосии бевосита зидди терроризм муборизабаранда дар минтақаи амалиёти зидди террористҳо, инчунин тамоми қаламрави кишвар ва манотиқи мухталиф, хизматрасонӣ тавасути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он муваққатан боздошта шаванд."
Ин илова ба ниҳодҳои масъули мубориза бо терроризми Тоҷикистон ҳаққи қонунӣ медиҳад, то дар манотиқе, ки амалиёти зиддитеррористӣ доир мекунанд, дастрасӣ ба Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефони мобилро муваққат қатъ кунанд.
Аз чунин шева дар ҷараёни чанд амалиёти ахири нирӯҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти алайҳи гурӯҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, дар водии Рашт (солҳои 2010-2011) ва дар амалиёти Хоруғ (соли 2012) истифода шуда буд. Дар рӯзҳои амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит дар сентябри соли ҷорӣ низ ирсоли паёмакҳо аз тариқи телефонҳои мобил муваққатан манъ шуд ва дар он рӯзҳо дастрасӣ ба чандин сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба сомонаи Озодӣ, Ютуб ва Фейсбук маҳдуд шуда буд.
Мақомоти расмӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа – масъули танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобили Тоҷикистон – маъмулан даст доштани худ дар бастани дастрасӣ ба сомонаҳоро, ки дар матбуот “сайтбандон” ном гирифтааст, рад мекарданд. Аммо ин шеваи бархӯрди мақомот ба интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён рӯбарӯ мешуд.
Қонун дар бораи мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 таҳия ва тасвиб шуда, тартиби бархӯрди мақомоти ин кишвар бо таҳдидҳои террористиро мушаххас мекунад. Ин қонун бори охир дар моҳи октябри соли 2014, дар пайи даъвати “Гурӯҳи 24” ба баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе мавриди бозбинӣ қарор гирифта буд.