Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “East Air”-ро, ки арзонтарин чиптаҳои парвоз дар масири Русияро мефурӯхт, аз ҳаққи фаъолият дар Тоҷикистон маҳрум кард.
Ин ширкат, ки то моҳи окябри соли гузашта аз фурудгоҳҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвоз анҷом медод, пас аз як санҷиши дар охири моҳи август анҷомдодаи вазорати нақлиёт барои ислоҳи камбудиҳо се моҳ мӯҳлат гирифта буд, аммо бо гузашти муддате аз ҳаққи анҷоми парвозҳо пурра маҳрум шуд.
Анвар Нуров, сардори раёсати авиатсияи шаҳрвандии вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 2 феврали соли 2014 ҳавопаймои ин ширкат дар фурудгоҳи Кӯлоб ба садама дучор шуд ва санҷиши дарозмуддат нишон дод, ки он аз беэҳтиётии масъулони ширкат рух додааст.
Он вақт дар осмон чархҳои ҳавопаймои ин ширкат дуруст кор накард ва ҳангоми нишаст аз хатти парвоз берун рафт. Аммо ба иддаои масъулони ширкати “East Air”, ин садама бо гуноҳи кормандони хадамоти заминӣ ё диспетчерҳо сурат гирифтааст, ки ба халабон маълумоти нодуруст додаанд.
Анвар Нуров мегӯяд, ин ширкат ҳушдор гирифта буд, ки барои идомаи парвозҳо аз Тоҷикистон бояд чархҳои ҳавопаймоҳояшро нав ва худи ҳавопаймоҳоро тармим кунад, аммо кореро дар ин самт анҷом надод. “Камбудиҳоро бартараф накарданд. Ду бор санҷиш гузаронида шуд. Камбудиҳояшон дар 13 банд номнавис шуда буд, ки бе ислоҳи онҳо парвоз анҷом додан хатарнок буд,” – гуфт Анвар Нуров.
Аммо намояндагони “East Air” баста шудани фаъолияти худро дар Тоҷикистон ғаразнок ва кори дасти рақибон медонанд.
Владимир Куимов, роҳбари ширкати “East Air” мегӯяд, воқеан, онҳо барои ислоҳи камбудиҳо се моҳ мӯҳлат гирифта буданд, вале ин мӯҳлат анҷом наёфта, бидуни огоҳии пешакӣ фаъолияташон пурра қатъ шуд. Ӯ мегӯяд, маҳз нисбатан арзон будани нархи чиптаҳои ширкати “East Air” ширкатҳои рақибро нороҳат карда буд: “Ин кори мо ба касе маъқул набуд. Сахт маъқул набуд... ба кадоме аз роҳбарон. Хусусан ба ширкати “... Аir”.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони “East Air” мегӯянд, дар пайи қатъи фаъолияти онҳо қиммати чиптаҳо боло рафта, ҳамчунин фурудгоҳҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа даҳҳо кормандеро, ки барои ин ширкат хизмат мерсониданд, аз кор озод карданд. Инчунин 160 корманди худи ин ширкат низ ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.
Аммо Қурбон Сафаров, муовини директори фурудгоҳи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қатъи фаъолияти ин ширкат, ки дар як ҳафта аз 5 то 7 маротиба парвоз анҷом медод, ҳеҷ тағйире дар кори онҳо пеш наомадааст. Ӯ гуфт, ҳоло ба ҷои ширкати “East Air” аз фурудгоҳи Кӯлоб ширкатҳои русии “Уралские авилинии” ва “Сибирские авиалинии ” парвоз анҷом медиҳанд ва нархи чиптаҳояшон аз “East Air” чандон тафовути зиёде надорад. Зимнан маҳз пас аз қатъи парвозҳои “East Air” ширкати “Tajik air” низ парвозҳояшро дар хатсайри Қӯрғонтеппа−Маскав оғоз кард.
Ин масъули фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб афзуд: “Ҳоло нархи чиптаҳои ин ду ширкат ба Русия аз фурудгоҳи мо 1300 сомонӣ арзиш доранд. Мо ҳоло ҳатто аз Панҷакент ва водии Ҳисору тамоми вилояти Хатлон низ мусофиронро ба шаҳрҳои гуногуни Русия гусел мекунем. Ба он хотир, аз ин ҷойҳои дур ба фурудгоҳи мо меоянд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ як навъ ба мо имтиёз додаанд ва барои фурудгоҳи мо чиптаро нисбат ба дигар фурудгоҳҳо то 300 сомонӣ арзонтар мефурӯшанд.”
Ин дар ҳолест, ки чиптаҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ба самти Русия дар арзонтарин ҳолатҳо ҳудуди 1500 сомонӣ дар фасли сармо ва дар мавсими сафари муҳоҷирони корӣ беш аз 2000 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Сокинон нисбат ба Душанбе арзонтар будани парвозҳо аз фурудгоҳи Кӯлобро тасдиқ мекунанд, аммо аксар мегӯянд барои онҳо фарқ надорад, ки парвозро кадом ширкат анҷом медиҳад,. “Муҳим ки нархаш гарон набошад,” – мегӯянд мусофирон, ки аксаран муҳоҷирони корианд.
Аламхон Бӯриев, як сокини ноҳияи Қумсангир, ки соли гузашта аз Русия тариқи фурудгоҳи Кӯлоб ба макони зисташ расидааст, мегӯяд, воқеан, нархи чиптаи парвоз аз ин фурудгоҳ фарқ дошт: “Дақиқ намедонам, ки кадом ширкат буд, аммо нисбат ба Душанбеву Хуҷанд ду ҳазор рубли русӣ арзонтар буд. Дидам, ки ба Қӯрғонтеппа парвоз нест ва дигар ҷойҳо гаронтар аст, ба Кӯлоб паридам. Ба ҳар ҳол, қариб ду сад сомониам сарфа шуд. Барои мо, муҳоҷирон, ҳар ширкате бошад, нархро арзон кунад.”
“East Air” ширкати саҳомӣ буда, 51 дар сади саҳмияҳояш ба як шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, ва 49 дарсади дигар ба як шаҳрванди Олмон тааллуқ доранд. Ин ширкат, ки даҳ сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дошт, бо 5 ҳавопаймо, аз ҷумла 3 ҳавопаймои тамғаи “Airbus A320» ва 2 ҳавопаймои “Boing 737” аз Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон ва Оренбурги Русия парвозҳо анҷом медод. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, дар бозори парвозҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки бо нархҳои осмониаш шӯҳрат дорад, нархи чиптаи онҳо нисбат ба дигар ширкатҳо ҳамеша дастикам 50 доллар арзонтар буд ва дар ниҳоят маҳз ҳамин арзонфурӯшӣ сари ширкати онҳоро “хӯрд”.