Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз фош шудани фаъолияти гурӯҳи пинҳонкори ҷиноие бо номи “Лашкари Ислом” ва боздошти 5 сокини шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ хабар медиҳанд.
Бино ба хабарҳо, Фирӯз Қурбонови 29-сола, ки раҳбари “Лашкари Ислом” дониста мешавад, ва шарикаш Фатҳулло Раҷабов баъди бозгашт аз Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шудаанд. Се нафари дигар, ки низ ба мансубият ба ин гурӯҳи пинҳонкор марбут дониста мешаванд – Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Зоҳирҷон Бобоев - ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2013 тибқи моддаи 250-уми Кодекси ҷиноӣ ( истифодаи зӯроварӣ ба хотири тамаъҷӯӣ) муҳокима ва маҳкум ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ шуданд. Халилов ва Собиров бо ҳукми додгоҳ 10-солӣ ва Бобоев 11 соли зиндон гирифтанд.
Ҷузъиёти зиёде дар бораи ин гурӯҳ ва фаъолиятҳояш дастрас нест, вале мақомоти амниятӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки ҳар узви ин гурӯҳ дар баданаш татуи вижае бо ҳуруфи арабӣ ва аксҳои шер ва ситораву моҳ доштааст.
Мақомот ибтидо дар бораи боздошти раҳбар ва 4 узви гурӯҳи ҷиноии мавсум ба "Абрешимчӣ” (“Шелковик”) хабар дода буданд, ки гуӯё тӯли солҳои зиёд дар маҳаллаҳои атрофи корхонаи абрешими Хуҷанд амал мекард ва ба ситондани “ҳақ” аз соҳибкорони маҳаллӣ машғул буд.
Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба хабаргузории CA-news гуфтааст, баъди боздошти ин 3 шариконашон Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов фирор карда, дар Имороти Араб паноҳ бурданд, “вале дар поёни соли гузашта ба таври пинҳонӣ аз Дубай ба Хуҷанд баргашта, ба аъмоли ҷиноии худ идома доданд.” Ба гуфтаи ин манбаъ, Қурбонов ва Раҷабовро бо ҷароиме, чун ғоратгарӣ ва пулситонӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон дастгир кардаанд. Мақомот онҳоро дар чанд мавриди авбошӣ ва қасди куштор низ гумонбар медонанд.
Мақомоти амниятӣ ҳоло мегӯянд, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ дар роҳи ситондани “ҳақ” аз соҳибкорон зери чатри шиорҳои мазҳабӣ ва ифротӣ амал карда, гурӯҳи худро номи баланди “Лашкари Ислом” дода буданд. Ба гуфтаи як манбаъи огоҳ, онҳо гӯё соҳибкоронро маҷбур мекардаанд, ки барои “ҷиҳод” ва “рушди Ислом” саҳм гузоранд.
Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, ҳоло аъмоли ҳамаи 5 узви ин гурӯҳ тибқи моддаи 250-уми Кодекси ҷиноӣ (истифодаи зӯроварӣ ба хотири тамаъҷӯӣ) тафтиш мешавад.
Ҷамъоварии пул аз соҳибкорон барои «ҷиҳод» дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон роиҷ буд. Дар он солҳо шабакаҳои муназзаме фаъолият мекард, ки дар дохили Тоҷикистон ва ҳам дар берун аз кишвар аз муҳоҷирони тоҷик барои гурӯҳҳое, ки аз номи Иттиҳоди мухолифин алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон меҷангиданд, пул ҷамъ меовард.
Вале баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки як гурӯҳи муназзам ва бо ҳам бо номи баланди "Лашкари Ислом” бо иттиҳоми ситондани “ҳақ” аз соҳибкорон ва он ҳам барои “ҷиҳод” ва “пешрафти Ислом” дастгир мешавад. Ҳарчанд дар рӯзҳои аввали боздошти Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов мавзӯъи “Лашкари Ислом” аслан матраҳ набуд, балки дар бораи боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноие бо номи “Абрешимчӣ” сӯҳбат мешуд ва мояи нигаронии мақомот ва матбуот бештар ин буд, ки оё баъди гузашти солиёни зиёд аз саркӯби комили гурӯҳҳои мафиозӣ дар Тоҷикистон оё мафия дубора зинда шудааст?