Шариф Самӣ гузориши HRW дар бораи Роғунро "сафсата" номид

Шариф Самӣ, директори муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун» аз гузориши Дидбони ҳуқуқи башар, ки мегӯяд, Тоҷикистон некӯаҳволии садҳо оиларо қурбони ин нирӯгоҳ мекунад, интиқод кард.

Шариф Самӣ, мудири муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун» рӯзи 25-уми июн гузориши созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар бораи пул нагирифтани бархе оилаҳоеро, ки бояд аз макони сохтмони обанбори нирӯгоҳи Роғун кӯчонда шаванд, «сафсата» номид. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми кӯчондани мардум аз ноҳияи Нуробод ба навоҳии Рӯдакӣ, Данғара ва Турсунзода ҳукумат 202 миллион сомонӣ маблағи нақд ба дасти онҳо додааст.

Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch - HRW) мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо роҳандозии тарҳи бузургтарин нерӯгоҳ некӯаҳволии садҳо оиларо қурбонӣ медиҳад. Дар гузориши созмон таҳти унвони «Дар ҷои нав ҳоли мо бад шуд. Нақзи ҳуқуқи инсон дар робита бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон», ки рӯзи 25 июн, дар Душанбе муаррифӣ шуд, омадааст, ки ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон бар риояи меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи кӯч додан таъкид мекунад, оилаҳои маҷбур ба кӯч ҷуброни барқароркунии манзилҳояшонро пурра намегиранд. Бино ба ин гузориш, теъдоди бузурги оилаҳо дар таъмин кардани худ бо манзил, ғизо, об ва таҳсил ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд.

Франческа Корбачо

Муаллифи ин гузориш Франческа Корбачо, корманди илмии Дидбони Ҳуқуқи Башар, мегӯяд, ҷонибдор ё мухолифи нерӯгоҳи Роғун нест, аммо ҳукумати Тоҷикистон бояд ба ҳуқуқи 42 ҳазор нафар, ки аз маҳалли иншоот кӯч мебанданд, арҷ гузорад. Вай афзуд, кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ин амр ҳис мешавад, аммо зимни таҳқиқоти Дидбони ҳуқуқи башар ошкор шуд, ки на ҳамеша ҳуқуқи инсонҳо муроот шудааст. Хонум Корбачо гуфт, мардум дар зодгоҳи худ аз манзил, дороӣ, дастрасӣ ба оби 24 соата аз чашмаву руд, замин, боғ, чорво ва шуғлу даромади иловагӣ бархӯрдор буданд, аммо дар макони нав ин ҳамаро надоранд ва бояд ин ҳама барқарор шавад:

«Нигаронии дигареро, ки барои Дидбони ҳуқуқи башар ошкор шуд, маблағ барои ҷуброни манозили муҳоҷирон аст. Онҳо маблағеро мегиранд, ки барои сохтмони хона кофӣ нест. Одамон ба мо гуфтанд, ки маболиғи худро истифода мекунанд. Онҳо хонаҳояшонро дар се – чор сол месозанд ва сол ба сол қимати маводи сохтмонӣ боло меравад. Дар маҳалли сохтмон аз корҳои инфиҷорӣ манозили одамон зарар мебинанд, аз ҷумла шишаи тирезаҳо мерезад, деворҳо мекафанд. Мардум мегӯянд, ки намояндагони ҳукумат онҳоро огоҳ мекунанд ва маҳаллҳои наздикро ба ҷои амн мекӯчонанд».

Франческа Корбачо ҳамчунин афзуд, дар макони нав на ҳамаи одамон аз мактаб, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, об, барқ ва дигар зерсохторҳо бархӯрдоранд. Вай изҳори боварӣ кард, ки ин камбудиҳоро ҳукумати Тоҷикистон ислоҳ мекунад.

Гузориши иборат аз 81 саҳифаи Дидбони ҳуқуқи башар таҳлили камбудиҳои маъракаи кӯчондани якуним ҳазор оилаи манотиқи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро, ки аз соли 2009 ба ин сӯ кӯч кардаанд, дарбар мегирад. Ин гузориш бар пояи сӯҳбатҳо бо 156 нафаре, ки кӯч кардаанд ва ҳам бояд кӯчанд, омода шуда, моҳҳои ноябри соли 2013 ва январу феврали соли 2014 ҷараён ёфтааст.

Вале Шариф Самӣ, директори муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун» аз унвони гузориш интиқод карда, онро сафсатта хонд ва афзуд, дар ин гузориш ҷое дар ин бора нахондааст, ки ҳангоми ин маърака чӣ қадар маблағ харҷ шудааст. Шариф Сами гуфт, ҳангоми интиқоли мардум ҳукумат 202 миллион ва 100 миллион маблағи нақд ба дасти онҳо додааст: «Кӯчаҳои асфалтпӯш, хатҳои барқу об, бунгоҳи тиббӣ, мактабҳои замонавӣ… Мо соли оянда 5 мактаби навро ба истифода медиҳем. Ҳар сол даҳҳо километр хатти барқ ва зеристгоҳҳоро ба истифода медиҳем. Барои ҳамин дар бораи гузориш гуфтам, ки яктарафа кор накунанд. Бубинед, дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ барои 1 ҳазору 500 оила ҳукумати Тоҷикистон харҷ кардааст. Дар бораи таъминоти барқ гуфтаанд, ки барои чӣ мардум зимистон барқ надорад. Э, бародарон! Ҳамаи ин кор барои нерӯгоҳи Роғун аст. Тамоми мардуми кишвар ҳангоми зимистон барқ надорад»

Дар бораи маблағи кам барои манзил Шариф Самӣ гуфт, агар мардуми муҳоҷир дар зодгоҳ дар хонаҳои бобоӣ мезистанд, дар макони нав хонаҳои дуошёна ва бо масолеҳи муосири сохтмонӣ бунёд мекунанд, аз ин хотир, ба маблағи бештар ниёз доранд, ки ҳукумат қудрати додани онро надорад. Бино ба иттилои расмӣ, то ба ҳол аз минтақаҳои сохтмон дар Роғуну Нуробод ба навоҳии Рӯдакӣ, Данғара, Турсунзода, шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ҳамагӣ 1 ҳазору 500 оила кӯч дода шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, маъракаи кӯч барои на ҳамаи муҳоҷирин яксон тамом шудааст. Ба гуфтаи худи онҳо, иддае ба шароити хуб даст ёфта, иддаи дигар, воқеан некӯаҳволии худро қурбон кардаанд.

Давлат Акобиров, зодаи Нуробод, ҳоло сокини Турсунзода, ки дар муаррифии гузориш ширкат дошт, гуфтаҳои гузоришгаронро инкор кард. Вай гуфт, бо се фарзанд ба Турсунзода кӯчида, хонаҳоро сохта зиндагӣ мекунад: «Аз оби нӯшокӣ танқисӣ нест дар мо. Оби полезӣ сад фоиз мерасад. Ягон камбудӣ нест. Шаҳракеро, ки барои мо сохтанд, типпи шаҳрӣ аст. Кӯчаҳоро асфалт карда истодаанд. Ягон камбудӣ дар кӯчаҳо нест. Мактаби замонавие, ки барои мо сохтанд, бовар кунед, дар зодгоҳи мо чунин набуд. Бунгоҳи тиббӣ сохтанд. Духтур ҳаррӯза аз ҳолу аҳволи мо хабар мегирад.»

Аммо як сокини Нуробод, ки худро Саидҳомид муаррифӣ кард, ба Данғара кӯчида, ҳоли хуб надорад. Вай мегӯяд, дар ноҳияи Нуробод се гектар замин ва боғ доштанд, ки ғаллаву картошка мекориданд ва зиндагашонро пеш мебурданд: «Дар ин ҷо на замини ғаллакорӣ дорем, на президентӣ, ки картошка корида, рӯзгорро таъмин кунем. 60 – 70 гектар подачаро доштем, говамон мечарид. Ин ҷо чӣ? Дар ин ҷо надорем. Як роҳи поезд аст, пода меравад, меояд. Ҳар рӯз барои пода ҷангу ҷанҷол аст. Алаф ҳам намондаст. Чӣ мехӯрад? Санг мехӯрад?»

Бино ба иттилои расмӣ, барои анҷом додани тарҳи нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 42 ҳазор нафар ё бештар аз 7 ҳазор оила бояд аз маҳалли сохтмон ва обанбори он ба манотиқи дигари Тоҷикистон кӯч дода шаванд.

Франческа Корбачо мегӯяд, бовар дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи камбудиҳо дар идомаи раванд беҳтар кор хоҳад кард. Ба ҳамин минвол, Дидбони Ҳуқуқи Башар дар робита ба ҳуқуқи онҳое, ки кӯч мебанданд, тавсияҳои худро барои ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.