ДДМТ: Шамсиддин беш аз ҳад талаб мекунад ва судбоз аст

Шамсидин Мирзоев

Мақомоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар посух аз шикояти донишҷӯи ин мактаби олӣ Шамсиддин Мирзоев аз беманзилӣ навишт, ки Шамсиддин беш аз ҳад талаб мекунад ва ҳатто ташхиси тиббӣ майли зиёди ӯ ба судбозиро собит кардааст.
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ ба матлаби "Шамсиддин Мирзоев: "Гапи президентро ҳам намегиранд" аз 7 майи соли 2014 вокуниш кардааст. Матни номаи Донишгоҳи миллиро инҷо пурра меорем:

Ба сомонаи интернетии
«Радиои Озодӣ»


Рӯзи 07.05.2014 дар сомонаи интернетии «Радиои Озодӣ» сӯҳбат ва сабти видеоӣ бо Мирзоев Шамсиддин таҳти унвони «Гапи Президентро ҳам намегиранд» пахш гардид, ки боиси таассуф буда, раёсати донишгоҳро нагузошт, ки ба ин масъала бетафовутӣ нишон диҳад, зеро ки «қаҳрамон»-и ин сӯҳбат донишҷӯ ва корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо хонандагону донишҷӯёни ятими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактаби байналмилалии президентӣ, ки таъкид намуданд: «Ман аз мардуми шарифи Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон шахсони саховатманду саховатпеша ва хайрхоҳ даъват ба амал оварда, таъкид карданиам, ки дар ҳалли мушкилоти ятимону маъюбон, бепарасторону камбизоатон ва беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии онҳо кӯмаку ёрмандӣ расонанд», Раёсати донишгоҳ ба ятиму бепарасторони донишгоҳ пайваста кӯмакҳои молиявию иқтисодӣ мерасонад ва аз вазъи таҳсилу зиндагии онҳо мунтазам пайгирӣ мекунад.

Ҷумъагул Мирзоева, модари Шамсиддин

Дар иртибот ба ин, таъкид карданием, ки дар Донишгоҳи миллӣ 225 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор таҳсил мекунанд ва аз онҳо 42 нафарашон ятими кул мебошанд. Раёсати донишгоҳ дар масъалаи таъмини стипендияҳои иҷтимоии ҳармоҳа, истиқомати ройгон дар хобгоҳи донишгоҳӣ, ҳангоми дар гуруҳҳои шартномавӣ будан аз пардохти маблағи таҳсил озод намудан, ҷалб намудан барои табобат дар профилакторияи донишгоҳӣ ва таъмини хӯроки севақта дар профилакторияи мазкур ба ин қабил донишҷӯён пайваста кӯмак менамояд ва ин амали хайрро вазифаи доимии худ медонад. Илова бар ин гуфтаҳо таъкид карданием, ки зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯён рӯзи 1.09.2010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯи соли аввали факултети физика - Мирзоев Шамсиддин ба Президенти кишвар нома пешниҳод намуд ва саховатмандию олиҳимматии Роҳбари Давлат нагузошт, ки аз ҳалли ин мушкилӣ дар канор бошанд ва ба масъулин ҷиҳати расонидани кӯмак ба мавсуф дастур доданд.

Мирзоев Шамсиддин низ аз қабили чунин ашхос мебошад, ки новобаста аз ҷавонии худ талаботи бисёре дорад. Баъди ин дастури Роҳбари Давлат Мирзоев Ш. бо истифода аз мақоми пайдонамудааш ва «ваколатҳои бадастовардааш» ба тамоми роҳбарони сохторҳои давлатӣ барои кӯмак муроҷиат намуда, дастури Сарвари давлатро асос намуда, ҳар гоҳ дар наздашон талаботи ба ӯ кумак намуданро мемонад.

Мирзоев Шамсиддин баъди хатми литсейи касбию техникии информатикаи ш. Душанбе бо фармони ректор аз 09.08.2010, №03-365-6ст ба сафи донишҷӯёни курси 1-уми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-40010200-мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физика ҳамчун донишҷӯи ятиму бепарсатор қабул карда шуда, то ба имрӯз дар Донишгоҳ таҳсил намуда истодааст.
Мирзоев Шамсиддин дар нимсолаи аввали курси 1-ум бинобар зоҳир намудани хунукназарӣ ва иштироки номунтазам ба машғулиятҳои дарсӣ дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2010-2011 аз миқдори умумии 10 фанҳои таълимӣ аз 8 фанни таълимӣ дорои қарзи академӣ гардид. Раёсати Донишгоҳ вазъи иҷтимоӣ ва бепарастор будани ӯро ба назар гирифта, бо вуҷуди доштани қарзҳои академӣ аз 8 фанни таълимӣ ӯро ба шӯъбаи ғоибонаи ихтисоси радиофизикаи факултети физика интиқол намуд.

Манзили яке аз хешони Шамсиддин дар Ёвон, ки модараш онҷо ба сар мебарад

Новобаста аз он ки Мирзоев Ш. дар шӯъбаи ғоибона ба таҳсил оғоз намуд, тамоми имтиёзҳои ӯ ҳамчун донишҷӯи шӯъбаи рӯзона нигоҳ дошта шуд. Вобаста ба хоҳишаш ӯ дар хобгоҳи № 5-и донишгоҳ дар як ҳуҷра танҳо худаш ҷой дода шуда, ҳамаи шароитҳои зисти хобгоҳ барояш муҳайё карда шуд ва аз пардохти солонаи маблағи хобгоҳ комилан озод гардид.

Бо гузаштан ба шӯъбаи ғоибона Мирзоев Ш. ба ҳайси китобдори толори хониши электронии китобхонаи илмии донишгоҳ ба кор қабул карда шуд. Маблағи моҳонаи ӯ аз вазифаи китобдорӣ 743 сомониро ташкил мекунад.

Ҳамчунин бо мақсади кам кардани шикоятҳои ӯ аз мушкилии молиявӣ ба роҳбарият мақомоту сохторҳои болоӣ Раёсати донишгоҳ ӯро ҳамчун донишҷӯи ятим пайваста кӯмаки молиявӣ менамояд. Аз ҷумла, дар давраҳои гуногун дар арафаи ҷашну идҳо бо фармоишҳои ректори донишгоҳ (аз 04.12.2010,№483-09 – 400 сомонӣ, аз 26.02.2011, №79-09- 50 сомонӣ, аз 04.03.2012, № 99-09 – 194 сомонӣ, аз 03.12.2011, №460-09 – 271 сомонӣ, аз 22.10.2012, №325-09 – 407 сомонӣ = дар маҷмуъ: 1594 сомонӣ) кӯмакпӯлӣ гирифтааст.

Новобаста аз ин, раёсати донишгоҳ барои ӯ дар ошхонаи донишгоҳ ҳамарӯза хӯроки ройгони нисфирӯзӣ ташкил мекунад. Дар ошхонаи мазкур омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён хӯрок мехӯранд. Мирзоев Ш. ҳангоми тановули хӯрок дар ошхона одоби хӯрокхӯриро риоя накарда, ҳамеша бо пешхизматон ва кормандони ошхона муносибати дағалона мекунад ва бо роҳи иғвову туҳмат ба дилхоҳ сохтор, аз ҷумла бештар ба мақомоти болоӣ шикоят мекунад. Аз ҷумла, як рӯз чойи гармро ба рӯи пешхизмат ҳаво дода, қариб буд, ки рӯяш сӯзад.

Умуман шикоятҳои беасос, иғвову таҳдид аз хислатҳои асосӣ ва ҳаррӯзаи ин «қаҳрамон» мебошад. Имрӯз аз тӯҳматҳои беасоси Ш.Мирзоев дар хобгоҳи донишҷӯӣ ва ҷойи кор мардум ба дод омадаанд. Нисфишабӣ бо занги телефонии ин «қаҳрамон» чандин сокинони бегуноҳи хобгоҳ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ рафта ба хотири ин занги телефон баёнот навиштаанд. Аз нигоҳи савияи дониш умуман ба талабот мувофиқ нест ва тамоми санҷишу имтиҳоноти худро бо роҳи иғвову таҳдид, аз ҷумла бо ибораҳои таҳдидомези «ман ба фалонӣ занг мезанам», «хонаи фалонӣ меравам» месупорад.

Охиран Мирзоев Ш. шахси ятим набуда, модараш дар қайди ҳаёт будааст, ки инро аз сабти сомонаи интернетии «Радиои Озодӣ» собит намудем. Падараш низ аз рӯи баъзе маълумотҳо бо оилаи наваш зиндагӣ дорад. Мирзоев Ш. ба ҷойи илмомӯзӣ ва корро ёд гирифтан аз усулҳои ба худ хос истифода бурда зиндагӣ мекунад, ки чунин тарзи зиндагӣ барои атрофиён ва ҷомеа хатарнок мебошад.

Аз омӯзиши амиқи гузашта ва парвандаи шахсии ӯ раёсати донишгоҳ муайян намуд, ки тибқи муоинаи тибии Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонпизишкӣ ба Мирзоев Ш. ташхиси «Шахсияти аксентиалӣ бо рафтори хилофи ҷомеавӣ ва бо майли судбозӣ» муқаррар шудааст, ки дар ҳақиқат аризабозиҳою шикоятҳо, амалу рафтор ва гуфторҳои ӯ шаҳодати дурусти ин ташхисанд.

Аз нашрияи «Радиои Озодӣ» хоҳиш мешавад, ки пеш аз чопи ҳама гуна мавод дурустии онро санҷида баъдан нашр намояд. Ҳангоми суҳбат бо «қаҳрамон»-и дӯстдоштаи нашрия хуб мешуд, ки бо собиқ ҳамсинфон, ҳамкорон ва донишҷӯёне, ки бо ӯ дар донишгоҳ таҳсил мекунанд ё дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд ҳамсуҳбат мешуданд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамоми ӯҳдадориҳои худро дар нисбати Мирзоев Шамсиддин иҷро карда истодааст ва шояд нашрияи муҳтарам, ки ба ин «қаҳрамон»-и навпайдокардааш таваҷҷӯҳи хосае дорад, сарпарастии минбаъдаи ӯро бар дӯши худ гирад ва дар ҳалли мушкилоти ӯ саҳмгузор бошад.


Бо эҳтиром,
Сардори раёсати таълим
Тоир Хоҷаев

Муовини сардори раёсати таълим
Солеҳ Қосимов

Раиси созмони ҷавонони
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Икромов Раҷабалӣ