Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар сомонаи расмиаш нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии соли 2014-ро нашр кард. Ин ниҳод мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2013 6,7 дарсад рушди воқеӣ дошт, ки ҳарчанд нисбат ба 7,4 дарсад мизони рушди иқтисод дар соли 2013 тақрибан 0,7 дарсад камтар аст, вале ба ҳар сурат, ба таъбири Бонки миллӣ, «нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар сатҳи нисбатан мӯътадил қарор доштанд.» Аммо таваррум – як нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодии Тоҷикистон дар солли 2014 ба 7,4 дарсад расидааст, ки назар ба соли қаблӣ 3,7 банд ё 2 маротиба бештар будааст.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ин гузориш, ки рӯзи 15 январ нашр кардааст, мегӯяд, “сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, дар соли 2014 тамоюли мусбии рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуд... Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли гузашта ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намуд.”
Иқтисоддонҳо аммо воқеияти ҳатто ин рушди кундтари иқтисод дар соли гузаштаро зери суол мебаранд. Дар соли 2013, қарори маълум, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 40,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки бо қурби як сол пеши пули миллӣ беш аз 8,5 миллиард доллар мешуд. Аммо 45,6 миллиард сомонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2014 ҳарчанд аз як соли пеш 5 миллиард сомонӣ бештар аст, вале бо қурби имрӯзаи сомонӣ, ки ба хусус дар моҳҳои охири сол башиддат поён рафт, ин 45,6 миллиард сомонӣ танҳо чизе бештар аз 8 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2013, албатта, камтар мешавад.
Бонки миллӣ нисбат ба як соли пеш каме кундтар шудани суръати рушди иқтисодро “пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид,” бастагӣ додааст. Ба сурати умум, бино бар ин манбаъ, рушди иқтисоди Тоҷикистон асосан аз ҳисоби риштаи сохтмон ба даст омадааст, ки дар соли 2014 25,3 фоиз рушд дошт. Соҳаи савдо дар як соли охир 6,5 фоиз, саноати Тоҷикистон - 5,1, соҳаи кишоварзӣ – 4,5 ва рушди соҳаи хидматрасонӣ ҳамагӣ 1 дарсадро ташкил додааст.
Таваррум, ки бино ба таҳлили Бонки миллӣ, ба он “дар соли 2014 раванди нисбатан номӯътадили сатҳи нархҳои маҳсулоти воридотӣ, тағйирёбии қурбӣ, бахусус дар кишварҳои шарикони савдо (Русия, Украина ва Қазоқистон) ва инчунин болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, картошка ва маҳсулоти гӯштӣ) ба афзоиши сатҳи таваррум дар кишвар замина гузошт...” асосан аз ҳисоби 9,7 дарсад боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, 6,5 фоиз афзудани нархи хидматрасонииҳо ва 2,9 фоиз зиёд шудани нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ чунин баланд рафтааст.
Аммо сатҳи таварруми аслӣ дар соли 2014, бино бар ҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон, 2,9 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2014 тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба ҳар сурат, 6,6 фоиз афзуда, ба 5,3 миллиард доллар расид. Вале “номӯътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон ба афзоиши бақияи манфии тавозуни савдои кишвар оварда расонид.” Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 977,4 миллион доллар мол фурӯхта, аз берун ба маблағи 4,3 миллиард долл, яъне нисбат ба содирот 4,5 маротиба бештар, мол ворид кардааст.
Касри тиҷорати хориҷӣ ба ин тартиб 3,4 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 13,6 дарсад зиёд буда, Тоҷикистонро ҳарчӣ бештар ба як кишвари истеъмолкунанда, то тавлидкунандаву содиркунандаи маҳсулот табдил медиҳад.
Тоҷикистон ба хориҷ асосан алюминий ва пахта ва он ҳам дар шакли маҳсулоти аввалия содир мекунад. Аммо дар айни замон беш аз 90 дарсади бозорҳои чӣ хӯрокворӣ ва чӣ молҳои саноатии ин кишвар - сар карда аз орду макарону донаи офтобпараст ва сӯзану ғалтак то маскаву равғану гӯшт ва мошину трактор - аз ҳисоби маҳсулоти аксаран пастсифати хориҷӣ таъмин карда мешаванд.
Нашри нишондиҳандаҳои макроиқтисодии соли 2014 дар ҳолест, ки ба назари иқтисоддонҳо, омилҳои берунае, чун идомаи бӯҳрони иқтисодии Русия дар соли ҷорӣ ва ба ин далел аз ҷои кор дар ин кишвар маҳрум шудани ҳазорон муҳоҷири тоҷик метавонад иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2015 таҳти фишорҳои боз ҳам бештар қарор бидиҳад. Мақомоти тоҷик дар солҳои охир барномаҳои иқтисодии давлатро асосан бар пояи пуле, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия мефиристоданд, таҳия мекарданд.
Вале азбаски ин манбаи таъмини иқтисод дучори мушкил шудааст, як гурӯҳи иқтисоддонҳои тоҷик ахиран ба ҳукумат эълони вазъи фавқулодаи иқтисодӣ дар кишвар ва таҳияи як барномаи оҷили зиддибӯҳрониро пешниҳод карданд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ба ин пешниҳод расман вокунише нишон надодаанд.