Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз хабарнигорони тоҷик даъват карданд, ки меъёри забони давлатиро риоя кунанд, вагарна бе ягон хотирбинӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 1 август дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои шумурдани иштибоҳи расонаҳо алакай гуруҳи махсус таъсис ёфтааст ва ҳама барномаҳои радио, телевизион ва нашрияҳои кишвар таҳти заррабинанд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот бештар аз он нигаронӣ кард, ки, ба қавли ӯ, "журналистон калимаҳои ноошноро истифода мекунанд". Ӯ барои мисол гуфт, "аз мо мепурсанд, ки "ҳаводис", "мутамаркиз" ё "инфиҷор" чӣ маъно дорад? Инфиҷор ҳамон таркиш аст. Камипри ҳаштодсола луғат намехонад. Рӯзноманигорон менависанд, ки дар як вулусолии Афғонистон боз инфиҷор шуд. Ин чӣ маъно дорад? Мо калимаи таркишро дорем."
Гавҳар Шарофзода таъкид кард, ки журналистон меъёри забони давлатиро бояд бечунучаро риоя карда ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Агар не, ба гуфтаи ӯ, барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ шахсони воқеӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда (ҳар нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст) ҷарима хоҳанд супурд. Ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 40 нишондиҳанда будааст, ки ба 1600 баробар аст.
Тафсилоти суҳбати Гавҳар Шарофзода дар ин навори видеост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад