"Барқи тоҷик" даъвои Эронро "носаҳеҳ" хонд

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"

Мақомоти "Барқи тоҷик" иддаои ҷониби Эронро дар бораи гӯё пардохт нашудани пули истифода аз нерӯи барқи "Сангтӯда-2" носаҳеҳ хонда ва гуфтаанд, ҳар моҳ тақрибан 1 миллион доллар медиҳанд.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки ҳар моҳ ба Эрон то 1 миллион доллар пули истифода аз нерӯи барқи “Сангтӯда-2”-ро медиҳанд ва иддаои Теҳрон дар бораи гӯё моҳҳо боз пардохт нашудани ҳаққи истифодаи барқи ин нерӯгоҳ “носаҳеҳ аст”. Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои Эрон, аз ҷумла хабаргузории нимарасмии “Форс” бо такя ба мақомоти он кишвар гуфта буданд, ки Тоҷикистон пули барқи ин нерӯгоҳро ё пардохт намекунад ва ё деру номуназзам медиҳад.

Саидкамол Саидалӣ, мудири омили Сандуқи замонати содироти Эрон, ба хабаргузории “Форс” гуфт, “барқи нерӯгоҳ тавлид мешавад. Равобити сиёсии мо бо ҳукумати Тоҷикистон бояд ба гунае бошад, ки аз тариқи Вазорати хориҷа фишор биёварем, то аз маҳалли фурӯши барқ, пули тарафи эрониро ба мавқеъ бидиҳанд.”

Аммо масъулони ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 11 май дар як посухи хаттӣ ба пурсиши Озодӣ дар ин замина гуфтанд, “бар асоси ҷадвали пардохт “Барқи тоҷик” ҳар моҳ то 1 миллион доллар маблағи барқи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро пардохт менамояд”. Ба қавли онҳо, ин ширкат дар чор соли охир - аз 1 январи соли 2012 то 1 апрели соли 2016 - ба суратҳисоби “Сангтӯда-2” 33 миллиону 707 ҳазору 19 сенти амрикоӣ маблағ гузарондааст.

Ҳамин тариқ, ширкати “Барқи тоҷик” хабари расонаҳои Эронро дар мавриди пардохт нашудани пули барқи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз сӯи ин ширкат рад кард.

Сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” моҳи феврали соли 2006 расман оғоз шуда, чархаи аввалаш соли 2009 ва чархаи дувумаш моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” баъди нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб, ки пойтахти Тоҷикистонро бо минтақаи шимоли кишвар пайванд медиҳад, яке аз тарҳҳои бузурги Эрон дар Тоҷикистон аст.

Ин нерӯгоҳ бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари Тоҷикистон сохта шуда, дар аввал қарор буд 12,5 сол дар ихтиёри Эрон бимонад. Дертар, дар соли 2014, эълон шуд, ки ин муҳлат ду соли дигар дароз шудааст ва замони дар ихтёри Эрон мондани “Сангтӯда-2” ба 14,5 сол баробар аст. Пас аз адои ин муҳлат нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузашт.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз ду агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадоме онҳо ба 110 МВт баробар аст. Ҳанӯз ду соли пеш мақомоти Эрон гуфта буданд, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ба 40 миллион доллар баробар аст.

Эрон, яке аз панҷ кишвари асосӣ дар миёни коршарикони тиҷории Тоҷикистон аст. Тибқи омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар соли 2015 аз Эрон ба Тоҷикистон ба ҳисоби 123 миллион доллар мол ворид шуда ва Тоҷикистон дар ҳаҷми 59 миллион доллар ба Эрон мол содир кардааст. Аммо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар аввали соли ҷорӣ воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба ин кишвар 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба назар мерасад, дар ин авохир ду кишвари ҳамзабон дар баъзе масоил забон наёфтанд ва муносибати онҳоро наметавон гарму самимӣ тавсиф кард. Баҳси пулҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба иддаои мақомоти Эрон дар Тоҷикистон ғайб задаанд ва даъвати раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба як конфронс дар Теҳрон омилҳои аслии сарди миёни ду кишвар дониста мешавад.