Тарҳи афви то 10 000 маҳбус дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун "Дар бораи афв”-ро рӯзи 29 октябр баррасӣ мекунад. Бар асоси он, интизор меравад, то 10 000 нафар мавриди бахшоиш ва афв қарор бигиранд.

Лоиҳаи “Қонун дар бораи афв” дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба таърихи 29 октябр баррасӣ ва ба эҳтимоли зиёд тасвиб хоҳад шуд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси порлумон рӯзи 20 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки лоиҳаи қонун "Дар бораи афв” аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ироа гардид ва имрӯз он дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон муаррифӣ ва барои хулосабарорӣ ба кумитаҳо фиристода шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, қарор аст, иҷлосияи навбатӣ ба таърихи 29 октябри соли ҷорӣ баргузор шавад, ки дар канори дигар масъалаҳо лоиҳаи “Қонун дар бораи афв” низ аз сӯи вакилони мардумӣ баррасӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон то 29 октябр дар мавриди тарҳи пешниҳодии қонуни афв хулосаи худро бигӯянд. Гуфта мешавад, афви навбатӣ ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон, ки 14-умин афв дар 23 соли истиқлоли ин кишвари пасошӯравист, метавонад то 10 000 маҳбус ва афроди таҳти таъқиб ё тафтишро фаро бигирад.

Кӣ афв мешавад ва кӣ - не?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 октябри дар арафаи таҷлил аз 20- умин солгарди қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон, тарҳи қонун “Дар бораи афв-ро ба парлумон пешниҳод намудааст. Ба пояи иттилои пешакӣ, ин "қонун нисбати зиёда аз даҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад."

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин тарҳ шахсонеро фаро мегирад, ки то мавриди амал қарор гирифтани ин қонун ҷиноят содир намуда, аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содирнамудаашон, ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд. Аз ҷумла, лоиҳаи ин қонун пешбинӣ намудааст, ки маҳкумшудагоне, ки аз чор се ҳисаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ҳамчунин, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ғариҳабсӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сили узвҳои нафас ва шуш, бемории дил, шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ, озод карда мешаванд.

Ба пояи ин тарҳ, маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд. Ҳамчунин шахсоне, ки ба мӯҳлати зиёда аз 5 соли маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда, аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар онҳо ҷиноятҳои вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Ин қонун дар нисбати онҳое, ки барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ғариҳабсӣ зиндонӣ шудаанд, ва ҳамчунин шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, амалӣ мешавад.

Албатта дар ин маврид, шахсоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти қонунӣ, ҷосусӣ, таҳрибкорӣ ва ҷиноятҳои ба террористӣ даст задаанд, истисно мебошанд.

Сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли эълони афви саросарӣ ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон, ки моҳи ноябр таҷлил мешавад, чанд муддат боз дар маҳфилҳои ин кишвар ва дар дар доираҳои наздик ба ҳукуматаш садо медод.

Қонуни асосии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994, вақте дар ин кишвар ҷанги хунин шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, тасвиб шуда буд. Ин қонун як дафъа дар соли 1998, баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва бори дуюм дар соли 2003 мавриди бозбинӣ қарор гирифт, вале санаи тасвибаш аз ҳамон рӯзи тасвиби тарҳи аввали он дар раъйпурсии саросарии соли 1994 ҳисоб шуда, ба ин далел 6 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қонуни асосӣ иди давлатӣ эълон шудааст.

Агар қонуни афви навбатӣ ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон тасвиб шавад, ин 14-умин қонуни афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон хоҳад шуд. Ба эҳтимоли ғолиб, чун дар афвҳои гузашта ин навбат ҳам занону ноболиғони зиндонӣ, маъюбон, собиқадорони ҷанг, онҳое ки синнашон аз 60 гузаштааст, дар навбати аввал мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Гурӯҳи дигари маҳбусоне ки тақрибан ҳамеша мавриди афв қарор мегиранд, онҳоеянд, ки ҷиноятҳои сабук содир кардаанд. Аз ҷумла онҳое ки дучори садамаи нақлиётии қурбонидор шудаанд, ё дар ягон ҷинояти иқтисодӣ даст доштаанд.

Бори охирин, яъне афви 13-ум дар Тоҷикистон дар соли 2011 ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли ин кишвар эълон шуда, бар асоси он беш аз 4300 нафар, аз ҷумла 196 зан ва 153 ноболиғ аз маҳбасҳо раҳо ёфтанд. Мӯҳлати ҳукми ҳудуди 5000 маҳбуси дигар бар асоси он қонун коҳиш дода шуда, беш аз 5000 нафари дигар, ки ҳанӯз таҳти тафтиш қарор доштанд, низ мавриди “афви тилоӣ”-и соли 2011 қарор гирифтанд.

Аммо афви се соли пеш мунҷар ба озодии маҳбусони шинохтае, чун вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ Ғаффор Мирзоев ва раиси собиқи ширкати “Тоҷикгаз” ва ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров нашуд. Дар он афв аз 15 сол ҳукми Ёқуб Салимов ва 23 сол ҳукми Муҳаммадрӯзӣ Искандаров танҳо дусолиашро кам карданд, вале ҳукми ҳабси абади Ғаффор Мирзоев, ки дар айбномаи тӯлониаш қасди ошӯби зидди давлат ҳам буд, аслан бознигарӣ нашуд.

Ёсин, писари хурдии Зайд Саидов

Ин навбат бисёриҳо умедворанд, ки “афви тилоӣ” ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон ҳазорон маҳбус, аз ҷумла Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев, камокон 10 сол боз дар кунҷи зиндонанд, ва Зайд Саидовро, ки соли гузашта, алакай баъди афви охир ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, фаро хоҳад гирифт. Ҳарчанд манобеи наздик ба ҳукумат мегӯянд, ки афроди муҷрим дар ҷиноятҳои сангини давлатӣ, аз ҷумла ба хиёнат ба Ватан, набояд умедвори афв шаванд.

Дар ҳар сурат, омодагиҳо ба эълони “афви тилоӣ” беш аз 10 000 маҳбус дар 17 муассисаи ислоҳии Тоҷикистон ва ҳам пайвандони онҳоро хеле умедвор кардааст. Маҳбусонро - умедвори наздик будани нафаси озодӣ ва пайвандони онҳоро – умедвори наздик будани рӯзи дидор бо ин азизонашон, ки шояд солҳоро пушти панҷара ба сар бурдаанд.