Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар поёни ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо як ҳайъат аз ширкати ҳавопаймосозии Airbus мулоқот кардааст. Дар иттилоияи ҳукумати Тоҷикистон, ки хабаргузории Ройтерс иқтибос кардааст, гуфта мешавад, ки ин кишвар ба “барқарор кардани ҳамкорӣ” бо ин ширкати аврупоӣ таваҷҷӯҳ дорад.
Ҷузъиёти бештаре дар бораи ин “таваҷҷӯҳ” ва инки оё имкони харидории ҳавопаймоҳои мусофирбари Airbus барои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ дар ин дидор баррасӣ шудааст ё на?, оварда нашудааст.
Аммо гуфта мешавад, ки ҳайъати ширкати ҳавопаймосозии Airbus ба раҳбарии ноиби президенташ дар умури кишварҳои муштаракулманофеъ Силвер Делонэ ҳафтаи гузашта ба манзури омӯхтани бозори маҳаллӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Ин ҳайъат аз мудиромилон ва коршиносони Airbus иборат будааст.
Ин алакай дувумин мулоқоти Силвер Делонэ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба манзури роҳандозии ҳамкориҳои ин ширкати ҳавопаймосозӣ бо ин кишвари Осиёи Марказист. Делонэ дар моҳи ноябр зимни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса, дар Порис бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар гузоришаш навишта буд, ки "дар мулоқот оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаи нақлиёт табодули андеша карда шуд."
Дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз ҳавопаймоҳои Airbus истифода намебаранд. Парки ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – ду ширкати бузургтарини ҳавопаймоии Тоҷикистон асосан аз ҳавопаймоҳои амрикоии Boeing ва русии ТУ иборат мебошанд.
Аз ҷумла “Сомон Эйр” 6 ҳавопаймои навъи Boeing 737 дар ихтиёр дорад. Бино ба гухориши сомонаи samolety.org, ширкати “Тоҷик Эйр” 35 ҳавопаймо дорад, вале танҳо 15 ҳавопаймояш, аз ҷумла 8 ҳавопаймои навъи Boeing парвоз мекунанд. Ҳавопаймоҳои русии “Тоҷик Эйр” ҳамагӣ меросест, ки он баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз “Аэрофлот” ба мерос гирифтааст.
Парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон, ба бовари мутахассисони соҳа, ба навсозӣ эҳтиёҷ дорад ва аз ин лиҳоз, ин ширкатҳо метавонанд дар баробари Boeing ба фаровардаҳои Airbus низ таваҷҷӯҳ нишон диҳанд. Аммо ба гуфтаи як масъули ширкати “Тоҷик Эйр”, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфт барои харидани ҳавопаймоҳои ҷадид надоранд ва ба эҳтимоли ғолиб, шароити лизинг барои харидории ҳавопаймоҳои дасти дуи Airbus-ро хоҳанд омӯхт.
Ширкати Airbus то кунун ба бозори кишварҳои пасошӯравӣ таваҷҷӯҳи зиёд нишон намедод, вале дар охирин гузориши ояндабиниаш (Airbus Global Market Forecast (GMF), ки моҳи августи соли 2015 нашр шуд, гуфта мешавад, ки бозори ҳавопаймоии Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) дар 20 соли оянда беш аз ду маротиба хоҳад афзуд ва ин кишварҳо барои таъмини парвозҳои афзояндаи сокинонашон то соли 2034 бар иловаи 922 ҳавопаймое, ки феълан доранд, боз ба беш аз 2000 ҳавопаймои бештар ниёз пайдо хоҳанд кард.
Ба ҳисоби Airbus, кишварҳои пасошӯравӣ аз ҷумла 1280 ҳавопаймои ҷадид хоҳанд харид, ки 150 миллиард доллар қимат хоҳад дошт.
150 миллиард доллар пули андаке нест ва ширкати Airbus мехоҳад дар рақобат бо рақибонаш, аз ҷумла бо Boeing ва ширкати русии ТУ дар инбозор ҷойгоҳи болотареро соҳиб шавад. Аз ҷумла дар бозори барояш комилан нави Тоҷикистон.
Кристофер Бакли, ноиби президенти Airbus дар умури фурӯш баъди муаррифии дурнамои ширкат гуфт, “бозори Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамеша барои Airbus аҳамияти калидиву стратегх дорад ва мо умедворем, ки бо афзоиши фурӯши ҳавопаймоҳоямон то 50 дарсади ин бозорро ба даст биорем.” Airbus мақсад гузоштааст, ки дар 20 соли оянда ҳузурашро дар бозори ҳавопаймоии кишварҳои муштаракулманофеъ ҳар сол аз 4,6 то 4,8 дарсад ва дар маҷмӯъ то соли 2034 ду маротиба боло барад.
Дар ҳоли ҳозир, ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар паҳнои пасошӯравӣ 340 ҳавопаймои Airbus дар ихтиёр доранд. Аксари ин ҳавопаймоҳо марбут ба ширкатҳои Русияву Қазоқистонанд ва дар 5 соли охир шумори ҳавопаймоҳои ин ширкати аврупоӣ дар Русия ду маротиба афзудааст.
Вале Airbus мехоҳад ҷуғрофиёи фурӯши ҳавопаймоҳояшро ба қаламрави фаротар аз ин ду кишвари пасошӯравӣ густариш бидиҳад.