Академияи матбуоти Тоҷикистон тобеъи кумитаи давлатии радио ва телевизон хоҳад шуд.
Рӯзи 30 декабр дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Академияи матбуот тасмим гирифта шуд. Аммо пешниҳоди таъсиси чунин ниҳод дар сатҳи маҳофили хабарнигорӣ ва мақомоти давлатии Тоҷикистон чанд сол боз матраҳ буд. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар таҷлили 100-солагии матбуоти тоҷик дар моҳи марти соли 2012 дар бораи зарурати таъсиси академияи воситаҳои ахбори омма сӯҳбат карда буд.
Ахиран дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки ин ниҳод таъсис ёбад. Аммо дар кадом шакл? Ва оё ин академия метавонад ба рушди рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон таъсире гузорад?
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО, як созмони ғайридавлатии махсуси ҳалли баҳсҳои матбуотӣ, мегӯяд, агар академияи ВАО ҳам мисли баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ расонаҳои ҳукуматиро аз расонаҳои ғайриҳукуматӣ ҷудо карда, «бо ҳарду ба як чашм нигоҳ накунад», пас боз як ниҳоди нодаркор дар ин самт хоҳад шуд: «Барои мо пӯшида нест, ки мавқеъгирии ниҳодҳои ҳукуматӣ ба матбуоти ғайриҳукуматӣ дигар аст. Агар фаъолияти ниҳоди нав ҳам бо чунин мавқеъгирӣ пеш равад, боз ҳам халоъи байни расонаҳои ҳукуматӣ ва мустақил жарфтар мешавад, ки ин бохти ин ниҳод хоҳад буд.»
Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, вуҷуди академияи ВАО барои кишвари мустақил иқдоми дуруст аст ва аз будани ингуна ниҳод васоити ахбори омма, умуман рӯзноманигории миллӣ бояд бурд кунад- на бохт: «Вале гап сари он аст, ки ин академияе, ки таъсис мешавад, чӣ мақоме хоҳад дошт? Мақоми ин академия давлатӣ хоҳад буд ё ҷамъиятӣ? Албатта, бо кадом шахл таъсис додани он ба фаъолияти минбаъдаи академия таъсири муассир хоҳад гузошт.»
Аммо ба назари Шарифзода, агар ин академия як ниҳоди пажӯҳишӣ, илмӣ ва ба коркарди назария ва амалияи журналистика сару кор гирад ва дастандаркорон ба ҳамаи нашрияҳо - чӣ ҳукуматӣ ва чӣ ғайриҳукуматӣ - назари ягона дошта бошад, ба манфиати рушди журналистикаи миллӣ хоҳад шуд. Дар ғайри ин, Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, наметавонем бо зиёд кардани як ниҳод ба рушди умумии журналистика умед бандем.
Вале масъулони ҳукуматӣ мегӯянд, Академияи ВАО як ниҳоди такмили ихтисос буда, дар тобеияти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият хоҳад дошт ва ба намояндагони васоити ахбор дар бахшҳои мухталифи риштаи матбуот кумак хоҳад кард.
Нуриддин Қаршибоев, раиси расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, вақте ки Академияи васоити ахбор бидуни ширкат ва машварати созмонҳои мустақили журналистӣ таъсис дода шудааст, наметавонад дар пешрафти матбуот ва озодии сухан дар кишвар мусоидат кунад.
Ба назари ҷаноби Қаршибоев, дар таҳияи низомномаи Академия ҳеҷ кадом аз созмонҳои мустақили рӯзноманигорӣ даъват карда нашудааст. Ба таъкиди ӯ, наҳви кори он дар тобеъияти кумитаи радиои ва телевизион мисли шакли корбарии ҳамин кумитаи телевизион идома хоҳад кард.
Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма дар кишварро муҳим медонад, вале мегӯяд, ки дар ҷараёни таҳия ва омода кардани низомномаи он созмнҳои журналисти мустақил ҷалб нашудаанд ва назари онҳо пурсида нашудааст.
«Мо аслан намедонем, ки Академияи ВАО-е ки дар Тоҷикистон ба фаъолият хоҳад кард, чӣ барнома дорад ва дар кадом бахшҳо фаъолият хоҳад бурд? Ман танҳо аз тариқи расонаҳо огоҳӣ ёфтам, ки дар ҷаласи ҳукумат дар ин бора хабар дода шудааст», - гуфт Акбари Саттор.
Аммо Маҳмудҷон Сараев, сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон зикр мекунад, ки дар тобеъияти Кумитаи радио ва телевизион фаъолият кардани Академия ба маъное нест, ки нақши матуботи мустақил ба назар гирифта нашвад.
«Аз 27 корманде, ки ба кор гирифта хоҳад шуд, намояндагони тамоми васоити ахбори умуми кишвар, онҳое, ки дар матбуот таҷриба доранд ва мутахассисони варзида ҳастанд, ҷалб хоҳанд шуд. Ҳарфҳои дар мавриди монополия шудан ва якҷониба фаъолият бурдан асос надорад,» - меафзояд Сараев.
Созмонҳои журналистии мустақили Тоҷикистон аз таъсиси Академияи воситаҳои ахбори омма истиқбол мекунанд, аммо аз фаъолияти он, ки дар тобеъияти Кумитаи телевизион ва радиои фаъолият хоҳад кард, шубҳа мекунанд, ки мабодо таҳти монополияи ин кумита қарор нагирад.
Маҳмудҷон Сараев гуфт, ки академияи матбуот ҳамчун ниҳоди такмили ихтисос барои матбуоти кишвар фаъолият хоҳад кард. «Тибқи низомнома кормандони он аз 27 нафар иборат буда, бахшҳои телевизион, радио, рӯзнома, вебсайт ва дигар навъҳои матбуотро дар бар хоҳанд гирифт. Директори Академияро ҳукумати кишвар таъин ва озод мекунад,» - афзуд ҷаноби Сараев.
Вай мегӯяд, ки бо оғози фаъолияти он дигар зарур нест, ки рӯзноманигорон барои такмили ихтисос ба кишварҳои дигар бираванд ва дар ҳамин академия фаро гирифта хоҳанд шуд ва онҳое ҳам, ки агар таҳқиқоти журналистӣ анҷом доданӣ бошанд, дар инҷо ба онҳо тавсия ва машваратҳо дода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Сараев, аз ҳоло 12 штати Кумитаи телевизион ва радио барои Академияи ВАО ҷудо карда шудааст ва 15 штати дигар аз ҳисоби буҷаи давлатӣ тахсис дода хоҳад шуд.
Ҷаноби Сараев мегӯяд, ки кумитаи радиои ва телевизион барномаҳои Академияи ВАО-ро дар танҳоӣ баррасӣ нахоҳад кард. Ба ин кор, ба гуфтаи ӯ, вазоратҳои маориф, фарҳанг ва академияи улум низ ҷалб хоҳанд шуд.