Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, барои корҳои барқарорсозӣ дар нирӯгоҳи барқӣ - обии Роғун маблағи 390 миллион сомонӣ ё муодили ҳудуди 80 миллион доллар аз ҳисоби саҳмияҳо сарф шудааст.
Абдусалом Қурбонов рӯзи 3 феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки "маблағи умумии аз хариди саҳмияҳо беш аз 800 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ин 390 миллион сомонӣ барои корҳои барқароркунӣ дар неругоҳи Роғун сарф шуда ва 415 миллион сомонии дигар ҳамакнун дар банкҳо маҳфуз аст."
Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои корҳои барқароркунӣ дар нирегоҳи Роғун маблағи 306 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст, ки ин маблағи будҷаи кишвар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта низ ҳамин миқдор маблағ масраф шудааст.
Аммо ба таъкиди ҷаноби Қурбонов, нимаи дуюми соли гузашта, ҳарчанд маблағи 356 миллион сомонӣ барои корҳои барқароркунӣ дар ниругоҳи Роғун дар назар гирифта шуда буд, вале бо таваҷҷуҳ ба тавофуқ бо Бонки ҷаҳонӣ дар заминаи мутаваққиф кардани корҳои барқароркунӣ, ин маблағи буҷа сарф нагардид.
Зимнан, тавофуқи Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ барои ташхиси ҷанбаҳои фаннӣ ва экологии нирегоҳи Роғун дар соли 2010 сурат гирифта буд ва ҳамакнун мақомоти вазорати энергетика ва захираҳои обӣ мегӯянд, ки натиҷаҳои он тобистони соли ҷорӣ эълон хоҳад шуд.
Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захираҳои обӣ рузи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта зимни нишасти матбуотӣ ибрози умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ мусбат хоҳад шуд ва сохтмони нирӯгоҳи Роғун идома пайдо хоҳад кард.
Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали соли 2010, баъди чандин соли талошҳои ноком барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ, худаш мустақилона ба шурӯъи сохтмони нирӯгоҳи Роғун азм кард. Ба ин мақсад тавассути як маъракаи нимаиҷбори фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ дар зарфи ҳамагӣ 3 моҳ аз мардум ва корхонаву ширкатҳо бо ваъдаи фоидаҳои бузург баъди сохтани нирӯгоҳ ҳудуди 900 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 186 миллион доллар ҳам ҷамъ оварданд.
Вале баъди мухолифати шадиди кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ки бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои болообро таҳдид ба таъмини обёрии заминҳои кишташ меҳисобад, Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳро қатъ кард ва ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳимро ба Бонки ҷаҳонӣ супурд. Аммо Бонки ҷаҳонӣ бо гузашти қариб 4 сол то ҳол натиҷаҳои ташхиси Роғунро эълон накардааст.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД