Ғарб ва интихоботи Тоҷикистон. “На хамир, на фатир...”

Аксари коршиносон бар инанд, ки интихоботи соли 2015-и Тоҷикистон аз интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ин фарқро дошт, ки роҳи ояндаи ҳукумати кишварро намудор сохт.

Шояд на ҳамаи сокинони Тоҷикистон дарк кардаанд, ки субҳи 2-юми март онҳо дар кишвари дигаре аз хоб хестанд. Ба зоҳир ҳама чиз мисли як рӯз пеш буд, аммо дар қабатҳои таҳтонии ҳаёти мамлакат раванде боло гирифт, ки барои ин кишвар пайомадҳои дарозмуддат хоҳад дошт.

Манзур натиҷаҳои интихоботи порлумонии 1-уми март аст, ки ба гуфтаи профессори Донишгоҳи Аврупоӣ дар Санкт-Петербург ва пажӯҳишгари интихоботҳо дар кишварҳои худкома, Григорий Голосов “ҳадафаш на додани имконият ба шаҳрвандон барои тағйири ҳукумат буд, балки пӯшондани ҷомаи қонунӣ ба ин ҳукумат дар чашми сокинони он ва ҷомеаи ҷаҳонӣ.”

Бисёриҳо дар хориҷ бар инанд, ки Эмомалӣ Раҳмон алтернатива надорад

Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо, аз чунин интихобот мардуми кишвар бояд чунин натиҷа бардоранд, ки “ҳукумати феълӣ алтернатива надорад, аз ҳимояти васеи мардум бархӯрдор аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қонеъ гардад, ки Тоҷикистон ба ҳар ҳол диктатура нест, балки як “демократияи нокомил” ва “режими пайвандӣ” аст. Барои кишварҳои Ғарб ва ҳам сармоягузорон сару кор доштан бо “диктатура” ва “демократияи нокомил” хеле аз ҳамдигар фарқ доранд."

Ба ин сабаб аст, ки режимҳои Осиёи Марказӣ солҳои зиёд дар коргардонии интихоботҳо таҷриба меандӯзанд, аммо дар лаҳзаҳои ҳассоси ихтилофи “обрӯи байнулмилалӣ” бо “ҳифзи қудрат” дудила намешаванд ва ҳамеша дувумиро боло мегузоранд.

Ба назар мерасад, интихоботи парлумонии соли 2015 барои саромадони сиёсии Тоҷикистон низ яке аз чунин гузинаҳои душвори байни имиҷ ва ҳифзи ҳокимият буд, ки дар он нерӯи бештар барои дувумӣ харҷ шуд.

Ду курсии порлумон барои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар интихоботҳои гузашта барои ҳукумат мушкиле ба бор наоварда, балки баръакс ба обрӯи байнулмилали он меафзуд, -- мегӯяд пажӯҳишгари умури сиёсӣ дар Донишгоҳи Экстерери Бритониё Эдвард Лемон, ки аз оғоз то анҷоми интихобот яке аз шореҳони он дар торнамои “Евразиянет” буд.

Саймиддин Дӯстов

Аммо раҳбари маркази таҳлилии “Индем” дар Душанбе Саймиддин Дӯстов мегӯяд, ин интихобот “бо вуҷуди ҳамаи саҳнасозиҳояш оғози таърихи нав аст, ки дар он ҳар яке аз бозигаронаш ба андозаи бозии худ подош гирифтанд. Мақомоти қудратӣ, ки се соли охир аз тарроҳони асосии муҳити сиёсӣ буданд, клерикалҳову мазҳабиёни сиёсиро ба таври бесобиқа шикаст дода, нуфузи рӯҳониёни суннативу навро, ки монеаи рушди миллӣ мешумурданд, дар ҷомеа ночиз гардониданд. Ва дар иваз ҳизбҳои “кисагӣ” ва сиёсатмадорони, ба истилоҳ, “бедандон” вориди парлумон шуданд.”

Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо, интихобот баёнгари якпорчагии доираҳои ҳоким шуд, ки дар ҳама зинаҳо даст ба дасти ҳам дода, аз манфиатҳои умумии худ дифоъ карданд ва барои раисиҷумҳур “аксарияти конститутсиониро дар парлумон таъмин намуданд, ки барои ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун ва интиқоли эҳтимолии қудрат зарур аст.”

Эҳтимоли чунин тағйиру иловаҳоро як манбаи дигар низ дар миён гузошт ва ҳадс мезанад, ки барои ин дар порлумон намебоист ягон чеҳраи “калаванда” вуҷуд дошта бошад. Аз эҳтимол дур нест, ки ин паёмҳо як навъ хаёлбофиҳое барои ҳифзи обрӯи онҳоест, ки “бозиро бохтанд”, зеро ҳама гуна тағйири Қонуни асосӣ танҳо ба воситаи референдум мумкин мегардад.

Григорий Голосов ин эҳтимолро рад намекунад, ки “таблиғоти ҷаҳонии зидди созмонҳои исломӣ дар шикасти ҲНИТ нақши муайян дошт”, аммо Эдвард Лемон мегӯяд, аз сӯи дигар “дар худи Тоҷикистон ду ё се сол ба ин сӯ таблиғоти шадиде зидди ин ҳизб идома дошт ва ҳатто дар намози ҷумъа, ду рӯз пеш аз раъйдиҳӣ дар масҷидҳо эълон шуд, ки ислом ба ҳизб ниёз надорад.”

Ба ақидаи ҳарду коршинос, ҳадафи ниҳоӣ таҳкими қудрати сулолаи ҳоким буд ва Лемон мегӯяд, зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон акнун худро ба андозае қавӣ ҳис мекунад, ки дигар ба “нуктаи мусбати ҳузури ҳизби исломӣ дар порлумон ниёз надорад”.

Вақте нерӯи онҳо силоҳ буд, гуфтушунид сурат гирифт ва вақте ки раъйи мардум ба нерӯи онҳо табдил ёфт, барояшон дар порлумон курсӣ дода шуд, вале акнун бо як барномаи густардаи таблиғотӣ маҳбубияти онҳо дар байни мардум баҳам зада шуд ва давраи хуруҷи онҳо аз саҳнаи сиёсӣ оғоз ёфтааст.

Аз зовияи Саймиддин Дӯстов, “стратегияи бақои ҳукумате мисли ҳукумати феълӣ ҳаминро талаб мекард, ки нерӯ ва шахсиятҳои сиёсии мустақил дар ин марҳала метавонанд хатарзо бошанд, институтҳое назири интихобот, ки ба интиқоли қудрат халал расонида метавонанд, биноан набояд бе назорат монанд ва ғайра.”

Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тамоми тӯли ин раванд фақат нақши тамошобин дода шудааст. Эдвард Лемон дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми март баёнияҳои нозиронро як “амали рамзӣ” номид, ки мисли маросими суннатӣ ба иҷро расад, аммо чизеро тағйир надиҳад. Ӯ мегӯяд: “Ман ҳайрон мемонам, ки чаро САҲА бояд ин теъдод нозиронро фиристад ва ба чунин интихоботҳо машрӯъияти байнулмилалӣ бахшад. Дар ду моҳи оянда ду интихоботи дигар баргузор мешавад ва аз ҳоло маълум аст, ки дар яке Ислом Каримов ва дигаре Нурсултон Назарбоев пирӯз хоҳанд гашт.”

Вале профессор Григорий Голосов бар ин аст, ки кори нозирони САҲА ва гузориши онҳо аҳамияти бузург доранд, “чун бе ин гузоришҳо мо аз табиати ҳукуматҳои худкома ва шеваҳои бозии онҳо огоҳ нахоҳем шуд. Дуруст мегӯед, ки субҳи дигараш давлатмардони ғарбӣ ба Душанбе меоянд ва дасти онҳоеро мефишоранд, ки зомини ҳаққи мардуми худ шудаанд. Аммо ин гузоришҳо таъсири муайян хоҳанд дошт ва гӯшҳое ҳаст, ки онҳоро мешунаванд ва зимни онҳо тасмим мегиранд.”

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия - қартаи хубе барои тавҷеҳи вуҷуди ҳукумати кунунии Тоҷикистон

Ин нукта шояд барои нерӯҳои нокоми сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ умедворкунанда бошад, аммо худи онҳо низ ба хубӣ медонанд, ки давлатҳои Ғарб дигар мисли солҳои 1990 ё ҳатто ибтидои 2000 ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти сиёсиро мавзӯи марказии гуфтушунидҳои худ бо сарони минтақа намекунанд. Зуҳури “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ, дурнамои вазъи Афғонистон, рақобатҳои геополитикӣ бо Чину Русия манофеи аввалиндараҷаи Ғарбро тағйир додаанд ва ончӣ Маскав дар Украина кард, “худкомагӣ”-и раҳбарони Осиёи Марказиро ба масъалаи ночиз табдил додааст.

Бархӯрди Ғарбро Саймуддин Дӯстов “на фатир ва на хамир” медонад ва меафзояд, таҷрибаҳо дар Гурҷистону Украина, шояд муносибати беҳтар ба мушкилоти Осиёи Марказиро ба вақти дигари номаълум гузоштааст.

“Режимҳои худкома метавонанд хеле дарозумр бошанд, монанди Мексика ё Миср, масалан, -- мегӯяд Голосов, -- аммо ягон режими сиёсӣ абадӣ буда наметавонад.” Ва коршиноси мустақили тоҷик Абдумалики Қодирӣ бар ин аст, ки “вақте хеле дур мераванд, бозгаштро дар пеш хоҳанд дошт. Яъне набояд “эффект маятника” ( асари лангари соат) аз ёд равад. Чӣ қадар ки дуртар рафт, дар бозгашт ҳамон қадар сахттар хоҳад зад”.