Як мақоми Думаи давлатӣ – порлумони Русия – гуфтааст, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дархости расмӣ пешниҳод хоҳад кард. Вале мақомоти тоҷик мегӯянд, ки барои вуруд ба ин иттиҳод чандон шитоб надоранд ва пеш аз ҳама шарту шароит ва таҷрубаи Арманистону Қирғизистон, аъзои нави ин иттиҳодро, хоҳанд омӯхт.
Леонид Слутский, раиси Кумитаи ҳамгироии иқтисодӣ ва равобит бо ҳамватанони Думаи давлатии Русия, гуфтааст, аз миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё талоши зиёд дорад. Слутский гуфтааст, дар шароити феълӣ иқтисоди Тоҷикистон барои иштироки комил дар ин ҳамгироӣ омода набуда, аммо пайвастани ин кишвар ба иттиҳод боис ба рушди иқтисод ва содда шудани масоили марбут ба муҳоҷирони корӣ хоҳад шуд.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, 6 июл ба Озодӣ гуфт, дар шароити кунунӣ Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб надорад. Ӯ гуфт, “агар Русия хисороти иқтисодиеро, ки дар солҳои аввали пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешавад, ҷуброн кунад, Тоҷикистон мушкил надорад. Бахусус, боҷи гумрукии молҳое, ки пас аз узвият дар иттиҳод ба буҷети Тоҷикистон ворид нахоҳад шуд, бояд ҷуброн шавад.”
Дар буҷети соли ҷорӣ даромад аз боҷи гумрукӣ 684 миллиону 670 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст ва, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар сурати узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳод бахши умдаи ин маблағҳо ба буҷет ворид нахоҳад шуд. Аз сӯи дигар, ширкатҳои бузурги Русия ҷойи ширкатҳои Тоҷикистонро, ки ҳанӯз нерӯманд нестанд, дар бозори дохилии кишвар танг хоҳанд кард. Ҳоло чунин вазъият дар Қазоқистону Қирғизистон ба мушоҳида мерасад.
Барои бори аввал нест, ки мақомҳои сатҳи мухталифи Русия мавзӯи имкони узвияти зудраси Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро матраҳ карда ва ба ин васила алоқамандии ин кишварро ба пайвастани кишварҳои дигар ба ин ниҳоди таҳти нуфузи Русия нишон медиҳанд.
Се сол қабл дар назди Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои марбутаи кишвар гурӯҳи корӣ таъсис шуда ва бурду бохтҳои эҳтимолӣ дар пайи узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳанд. Ба ин тартиб, санаи пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро пешгӯӣ кардан душвор аст.
Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, то ҳол хулосаҳои ин гурӯҳи корӣ ба ҳукумати кишвар ирсол нашудааст ва ба ин далел дар мавриди имкони воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суҳбат кардан бармаҳал аст. Шарифов гуфт, “таҷрубаи Қазоқистону Қирғизистон нишон доданд, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба истеҳсолоти ватанӣ таъсир хоҳад гузошт. Маҳсулоти саноатии Русия, ки сифаташ хубу нархаш арзон аст, ҷойи молҳои корхонаҳои ватаниро дар бозори дохилӣ мегирад. Бояд Тоҷикистон ин паҳлӯи масъаларо ҳам ба назар гирад.”
Аммо дар ҳамин ҳол бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, ки узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба беҳбуди вазъи ҳуқуқӣ ва будубоши садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистон мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин коршиносон, эҳтимол муҳоҷирони тоҷик ба мисли шаҳрвандони қирғиз муддати будубошашон аз 3 моҳи феълӣ ду баробар бештар шуда ва барои онҳо низоми дарёфти шаҳрвандии Русия низ содда шавад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ аз ҷониби Русия, Белорус ва Қазоқистон таъсис ёфта ва аз 1 январи соли гузашта ба фаъолият шурӯъ кард. Баъдан Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳод пайвастанд. Таҳлилгарон Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шабеҳи Иттиҳоди Аврупо хондаанд, ки дар он Русия нақши калидиро мебозад ва ҳадафҳои марбут ба таҳкими доираи нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ бароварда мешавад.
Дар оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи ин ниҳод таъмини гардиши озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ё маблағ ва нерӯи корӣ дар ҳудуди кишварҳои узви иттиҳод ва сиёсати ягона ва ҳамоҳангшуда дар бахши иқтисод унвон шудааст.