Мақомоти Тоҷикистон хабари расонаҳои Қирғизистон дар бораи таҷаммӯъи нирӯҳои низомии Тоҷикситон дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд дар минтақаи Исфараро рад мекунанд.
Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 31 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар марзи миёни Исфараву Бодканд ором аст ва ҳеҷ гуна таҷаммӯъи мардум ё нирӯҳои низомии Тоҷикистон дар ин марз мушоҳида намешавад. Иқбол Тешаев, ки субҳи 31 декабр бо як ҳайъати телевизиони вилоятӣ ба рустои тоҷикии Хоҷаи Аъло ва рустои қирғизии Оқсой, воқеъ дар яке аз пурбаҳстарин ва ошӯбзадатарин қисматҳои марзи Исфара бо Бодканд боздид кардааст, мегӯяд, на аз тарафи Чоркӯҳу Ворух ва на аз тарафи рустоҳои Қирғизистон ягон аломати таҷаммӯъи нирӯҳои низомиро мушоҳида накардаанд.
«Мо ҳамроҳи кормандони телевизиони вилоятӣ дар деҳаи Хоҷаи Аъло ва Оқсойи Қирғизистон бо сокинон суҳбат кардем ва ҳамин ҳоло баргаштем. Дар он ҷо ҳеҷ гуна таҷаммӯъи мардум ё нирӯҳо нест. Ҳама аз пайи зиндагии худашонанд ва ба Соли нав тайёрӣ мебинанд,» - афзуд Иқбол Тешаев.
Рӯзи 30 декабр нашрияи «Вечерний Бишкек» хабар дод, ки дар марз бо рустои Оқсой аз тарафи Тоҷикистон таҷаммӯъи нирӯҳо ва зиреҳпӯшҳои низомӣ ба чашм мерасад. Ин хабарро дар сӯҳбат бо хабаргузории “Азия Плюс” сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ва мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ рад кардаанд. Фаридун Маҳмадалиев гуфтааст, зиреҳпӯшҳои артиши Тоҷикистон ҳама дар макони доимии худ қарор доранд ва хабари эъзоми нирӯҳои изофӣ ба марзи Исфараву Бодканд воқеъият надорад.
Марзи Исфараву Бодканд дар қисмати ҷазирақаламрави Ворух, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст, танҳо дар соли 2013 дастикам 4 маротиба ба майдони танишҳои марзӣ табдил ёфт.
Бори охир таниш дар атрофи Ворух дар миёнаи моҳи декабр буруз кард. Аҳолии рустоҳои қирғизӣ ба нишони эътироз ба сӯхтор дар як чойхоначаи воқеъ дар ин маҳалла, ки ба як соҳибкори қирғиз тааллуқ дошт, гирди ҳам омада, роҳи Ворухро бастанд. Онҳо талаб карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба сохтани роҳи Оқсой –тамдиқ, ки аз қисмати баҳсии марз мегузарад, иҷозат диҳад. Мақомоти тоҷик ин талабро рад мекунанд. Роҳи Ворух баъди се рӯзи танишҳо аз 20 декабр дигарбора боз шуд, вале мушкили ин ҷазирақаламрав, ки чанд даҳсола боз идома дорад, ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мемонад.
Ин навор аз 20 декабр, рӯзи дигарбора боз шудани роҳи Ворух аст:
Рӯзи 23 декбар масъалаи буҳрони Ворух дар Бишкек дар мулоқоти муовини сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов бо ҳамтои тоҷикаш Муродалӣ Алимардон баҳс шуд. Ду муовини сарвазир ҳамчунин масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳо, тарҳи сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой - Тамдиқ ва пули Қулунду - Мақсатро бо ҳам дар миён гузоштаанд.
Ба иттилоъи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, масъалаи Ворух аз мавзӯъҳои асосӣ дар иҷлосияи навбатии Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ хоҳад шуд. Қарор аст, ин иҷлосия рӯзи 7 январи соли 2014 дар Душанбе доир шавад.
Ризоияти ҷониби Тоҷикистон ба сохтани роҳи Оқсой -Тамдиқ, ки манотиқи марзии вилояти Бодкандро бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад, аз ҷумлаи шартҳоест, ки ҷониби Қирғизистон дар рӯзҳои таниши ахир дар атрофи Ворух пеши Душанбе гузошта буд. Ҷониби Тоҷикистон ин тақозоро рад мекунанд.
Бо гузашти 21 сол аз фцруӯпошии Шӯравӣ, масъалаҳои баҳсбарангези марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мемонад. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз фақат 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин ду кишвар ба унвони кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ дар бисёри масоили минтақавӣ, аз ҷумла пиромуни тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо мавзеъи яксон доранд, вале танишҳое, назири муноқишаи Ворух метавонанд ба равобити ин ду кишвари шарик дар саҳнаи минтақа латмаи ҷиддӣ бизананд.
Ин аксҳо аз рӯзҳои таниши ахир дар атрофи Ворух аст:
«Мо ҳамроҳи кормандони телевизиони вилоятӣ дар деҳаи Хоҷаи Аъло ва Оқсойи Қирғизистон бо сокинон суҳбат кардем ва ҳамин ҳоло баргаштем. Дар он ҷо ҳеҷ гуна таҷаммӯъи мардум ё нирӯҳо нест. Ҳама аз пайи зиндагии худашонанд ва ба Соли нав тайёрӣ мебинанд,» - афзуд Иқбол Тешаев.
Рӯзи 30 декабр нашрияи «Вечерний Бишкек» хабар дод, ки дар марз бо рустои Оқсой аз тарафи Тоҷикистон таҷаммӯъи нирӯҳо ва зиреҳпӯшҳои низомӣ ба чашм мерасад. Ин хабарро дар сӯҳбат бо хабаргузории “Азия Плюс” сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ва мақомоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ рад кардаанд. Фаридун Маҳмадалиев гуфтааст, зиреҳпӯшҳои артиши Тоҷикистон ҳама дар макони доимии худ қарор доранд ва хабари эъзоми нирӯҳои изофӣ ба марзи Исфараву Бодканд воқеъият надорад.
Марзи Исфараву Бодканд дар қисмати ҷазирақаламрави Ворух, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бо беш аз 30 000 аҳолиаш аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон мондааст, танҳо дар соли 2013 дастикам 4 маротиба ба майдони танишҳои марзӣ табдил ёфт.
Ин навор аз 20 декабр, рӯзи дигарбора боз шудани роҳи Ворух аст:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад