Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои такмили 55 ҷои кор дар ин ниҳод озмун эълон кардааст ва мегӯяд, ба мутахассисони то 35-сола ниёз дорад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки охири соли гузашта Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури кишвар раҳбараш таъйин шуд, эълон кардааст, ки ба ҷойи даҳҳо нафар аз кормандонаш, ки бознишаста шуданд, мутахассисони то 35-соларо ба кор мегирад. Дар ин кумита рӯзи 27 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки соли гузашта он кормандони гумрук, ки синнашон аз 50 боло буд, бознишаста шуданд ва ҳоло барои қабули мутахассисони нав ба мақомҳои холӣ озмун эълон кардаанд.
Соли 2013 аксари афсарони аз 50 то 63-солаи Хадамоти гумрук бознишаста шуданд ва ҳоло дар дастгоҳи марказии хадамот ва раёсатҳои минтақавии он аз ҷумла Душанбеву вилоятҳои Хатлону Суғду Бадахшон 55 вазифа ва бештар вазифаҳои нозирон холӣ мондааст.
Ба гуфтаи мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, бори аввал аст, ки қабули кор ба ин вазифаҳо бар асоси озмун сурат мегирад ва “ин сиёсати раҳбарияти нави Хадамоти гумрук аст, ки барои ҷалби ҷавонони малакаашон баланд ва мутахассис” ба ҷойи афроди бознишаста касеро таъйин накард. Ин нахустин эълони бузург барои такмили ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон баъди ба мақоми раиси ин ниҳод таъйин шудани Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Рустами Эмомалӣ моҳи ноябр ба ҷои Гурез Зарифов раиси Хадамоти гумрук шуд.
Дар озмуне, ки эълон шудааст, онҳое метавонанд ширкат кунанд, то 35 сол доранд ва дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил карда ва соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос, иқтисоддон ва гумрукчӣ бошанд. Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ ва ҳамчунин англисӣ аз шартҳои дигари озмун буда ва ҳамчунин гуфта шудааст, ки довталабон бояд “дорои одоби хуби муносибат ва муошират бошанд ва бо кордониву қобилияти касбӣ аз ӯҳдаи вазифаашон бароянд.”
Озмун дар бораи қабул ба кор дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақрибан якуним моҳ баъд аз он эълон шуд, ки Оҷонси мубориза бо фасод гуфт, ду корманди хадамоти мазкур Анвар Хоҷаев, сардори дидбонгоҳи гумрукии "Терминал" дар шаҳри Душанбе ва Шарифхон Носиров, сарнозири дидбонгоҳи гумрукии "Регар"-ро бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт кардааст. Ба гуфтаи оҷонсӣ, ин ду нафар аз як довталаби кор дар Хадамоти гумрук 15 ҳазор доллар ришва хоста ва ваъда додаанд, ки заминаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи сарнозири дидбонгоҳи гумрукии "Регар"дар шаҳри Турсунзода омода мекунанд.
Баъди ин моҷаро муовини аввали раиси Хадамоти гумрук Ашӯралӣ Мирзоевро аз мақом барканор карданд, вале ҷое гуфта нашуд, ки оё барканории ӯ ба боздошти он парвандаи мансабфурӯшӣ рабт дорад ё на?
Хадамоти гумрук дар баробари Кумитаи андоз аз ниҳодҳои ба истилоҳи маъруф "равғанин" дар ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, ба бовари бисёриҳо дар ин кишвар, бидуни "тағо" ва пул кор ёфтан дар ин идораҳо аслан имкон надорад. Аммо мақомоти Кумитаи гумрук бо эълони озмун барои такмили ҳайъати ин идора мегӯянд, ки намегузоранд, ки дар ин озмун ба қонуншиканиҳо роҳ дода шавад.