Дар ҳоле ки майдони фаъолияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон холӣ шудааст, ҳизби коммунист талош дорад, ки сафи аъзояшро “ҷавон” ва фаъолияти худро тақвият бахшад. Коммунистҳои тоҷик дар ҳамоиши навбатиашон дар Хуҷанд 20 ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои мухталифро ба сафи ҳизб дохил карда ва эълон доштанд, ки дар як соли оянда ҳудуди 8 ҳазор ҷавони дигари аз 18 то 35-соларо ба сафи худ ҷалб хоҳанд кард.
Исмоил Талбаков, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон, 15 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 дарсади коммунистҳои тоҷик кӯҳансоланд ва ин ҳизб ба хотири бақояш ба ҷавон кардани сафи худ ниёз дорад. Ӯ гуфт, “ба ҳамин хотир, дар анҷумани охири ҳизб вазифа гузоштем, ки дар 5 соли оянда мақомҳои интихобӣ, органҳои кумитаи марказӣ ва раёсати ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба андозаи 50 дарсад ҷавон кунем. Чунки дар ҳоли ҳозир синни 50 фоизи аъзои оддиву раҳбарияти ҳизб аз 50-сола боло аст.”
Талбаков афзуд, ҳоло созмонҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизбаш муваззаф шудаанд, то ҷашни 100-солагии Инқилоби Октябр ҳар кадом 100-нафарӣ, дар маҷмӯъ 8 ҳазор ҷавонро ба сафи ҳизби коммунист дохил кунанд. Вай дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё худи ҷавонон низ хоҳиши шомил шудан ба ҳизби коммунистро доранд, гуфт, “ин гуна ҷавонон зиёданд. Ба унвони мисол, дар фосилаи беш аз як моҳи пас аз анҷумани ҳизб дар 2 июли соли ҷорӣ, ҳудуди 140 ҷавон ба ҳизби коммунист пайвастаанд.”
Талошҳои раҳбарияти нави ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои ҷавон кардани аъзояш дар ҳолест, ки то кунун аз ин ҳизб ба унвони “ҳизби куҳансолон” ном бурда мешавад. Ҳизби коммунист пас аз ҳизби ҳокими халқ-демократӣ ҳизби дувуми сераъзо дар Тоҷикистон аст, ки шумораи аъзояш то аввали соли 2015 ба 45 ҳазор нафар мерасид. Вале мақомоти ин ҳизб мегӯянд, дар зарфи якуним соли охир аъзоеро, ки робитаашонро бо ҳизб қатъ карда ё ба муддати тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, аз сафи ҳизб хориҷ намуданд ва ҳоло шумораи аъзои Ҳизби коммунист ба 37 ҳазор нафар баробар аст.
Бо ин вуҷуд дар интихоботи порлумонии якуним соли пеш дар Тоҷикистон ягон аъзои ҳизби коммунист аз рӯйхати ҳизбӣ натавонист ба порлумон роҳ ёбад. Ин шикасти ғайричашмдошт ба баҳсу мунозираҳои дохилиҳизбии коммунистони тоҷик доман зад. Аввали моҳи июли соли ҷорӣ коммунистҳо дар анҷумани 32-юми ин ҳизб Шодӣ Шабдолови 73-соларо, ки тӯли 25 сол дар маснади раҳбарии ҳизби коммунист қарор дошт, канор заданд ва ба ҷояш муовини вай - Исмоил Талбакови 61-соларо интихоб карданд.
Ғайр аз ин, воқеиятҳои рӯз, мисли ба деҳқонон якумрӣ додани замин, таҳсил ва тибби бепул амалӣ намешавад...Ҷӯра Юсуфӣ
Моҳиннисо Ҳорисова, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, дар ҳоле ки дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ ҳизби коммунист ҷойгоҳи сиёсии худро аз даст дода, аз байн мераванд, талоши ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои “ҷавонтар” шудану бақои фаъолияташ мантиқӣ ба назар мерасад. Вай афзуд, “чунки ҳизби аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократ ва сотсиал-демократ хеле кам кор мебаранд. Бинобар ин, коммунистҳо бо истифода аз ин фурсат ва шароит афроди моил ба фаъолияти сиёсиро ба сафи худ ҷалб карда метавонанд.”
Аммо Ҷӯра Юсуфӣ, коршиноси дигари тоҷик, мегӯяд, дигар барномаву ғояҳои ҳизби коммунист кӯҳна шуда ва намешавад дили сокинон, бахусус ҷавононро ба осонӣ гарм кард. “Ғояҳои марксизм бо фурӯпошии давлати сотсиалистии Шӯравӣ дигар он мақому нуфузашро дар ҷомеаҳои пасошӯравӣ, ба хусус - ҷомеаҳои сотсиалистии мусулмоннишин аз даст дод. Ғайр аз ин, воқеиятҳои рӯз, мисли ба деҳқонон якумрӣ додани замин, таҳсил ва тибби бепул амалӣ намешавад, мардумро дигар ба ёди таъсиси колхозҳо намеандозад ва насли нав ҳам аслан ёди Шӯравӣ намекунад, чун он даврро надидааст.»
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Исмоил Талбаков, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҳизбаш дар рӯзҳои мо ҳам ки “иқтисоди бозаргонӣ” ҷойгузини шакли сотсиалистии идораи иқтисод ва ҷаҳонбинӣ гаштааст, таъмини адолати иҷтимоиро дар меҳвари фаъолияташ қарор хоҳад дод. Ин чизе хоҳад буд, ки дар оянда ҳам таваҷҷуҳи ҳаводоронаш ба он нахоҳад кост ва боис ба пайвастани насли ҷавон ба сафи коммунистҳо хоҳад гашт.