Бозиҳои ҳалкунанда рӯзи якшанбеи 8-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуданд.
Нахуст тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Замони асосии дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 4:3 ғалаба карданд.
Тими миллии Малайзия, ки дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барандаи “Ҷоми Мердека-2024” гардид.
Қаблан дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон аз тими Лубнон бо ҳисоби 0:1 ва мунтахаби Филиппин аз тими Малайзия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буданд.
Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, гуфт, ки “Ҷоми Мердека-2024” як марҳилаи омодагии даста ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 маҳсуб мешуд. Вай афзуд, “мо дар Малайзия имкон пайдо кардем, ки бозигарони бори аввал ба тими миллии кишвар даъватшударо омӯзем. Аз тими ҷавонони Тоҷикистон чанд бозигарро даъват карда будем, ки охири моҳи сентябр дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 иштирок мекунанд. Мусобиқаи “Ҷоми Мердека-2024” барои дастаи мо, махсусан барои ҷавонон, муфид буд”.
Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон барандаи “Ҷоми Мердека-2023” мебошад. Футболбозони тоҷик соли гузашта дар финали ин мусобиқа бар дастаи мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буданд.
Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Мердека-2024”
Нимфинал
Лубнон – Тоҷикистон – 1:0
Гол: Ҷиҳод Аюб, 13
Тоҷикистон: Далерҷон Баротов, Зоир Ҷӯрабоев (Раҳматшо Раҳматзода, 46), Меҳрубон Каримов, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Алишер Шукуров (Билол Бобоев, 66), Хусрав Тоиров (Далер Шарипов, 46), Фатҳулло Олимзода (Шарафҷон Солеҳов, 83), Парвизҷон Умарбоев, Ҷовидон Хушвахтов (Далер Шарипов, 46), Шаҳром Самиев.
4-уми сентябр. Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил, 460 тамошобин.
Малайзия – Филиппин – 2:1
4-уми сентябр. Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Филиппин - Тоҷикистон –– 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:4
Силсилаи пеналти: Ҷефферсон Дэвид Табинас – 0:0 (тири дарвоза). Аҳтам Назаров – 0:1. Хавйер Гайосо – 0:1 (тири дарвоза). Парвизҷон Умарбоев – 0:1 (дарвозабон баргардонд). Паул Табинас – 1:1. Далер Шарипов – 1:2. Алекс Монис – 2:2. Манучеҳр Сафаров – 2:3. Кристиан Ронтини – 3:3. Алишер Шукуров – 3:4.
Тоҷикистон: Олег Баклов, Аҳтам Назаров, Меҳрубон Каримов, Фахриддин Аҳтамов (Баракатулло Неъматуллозода, 46), Манучеҳр Сафаров, Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Олимзода (Салоҳиддин Иргашев, 57), Нуриддин Ҳамроқулов, Далер Шарипов, Шаҳром Самиев.
8-уми сентябр. Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 180 тамошобин.
Финал
Малайзия – Лубнон- 1:0
8-уми сентябр. Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил