Тиллерсон хостори хуруҷи "ниманизомиён"-и Эрон аз Ироқ шуд

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи якшанбеи 22-юми октябр хост, ки ниманизомиёни эронӣ аз хоки Ироқ берун шаванд. Ӯ ҳамчунин аз кишварҳои аврупоӣ хост, ки тиҷорат бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро қатъ кунанд.

Рекс Тиллерсон, ки барои гуфтугӯ бо мақомҳои кишварҳои Халиҷи Форс ба Риёз --пойтахти Арабистони Саудӣ сафар кардааст, дар як нишасти хабарӣ гуфт, "бидуни шак, ниманизомиёни эрон дар Ироқ ҳузур доранд ва дар ҳоле, ки ҷанг алайҳи ДИИШ дар ҳоли анҷом ёфтан аст, ин ниманизомиён бояд ба кишварашон баргарданд. Оқои Тиллерсон таъкид кард, ки ҳама ҷангҷӯёни хориҷӣ бояд ба кишварҳои худ баргарданд."

Ба навиштаи хабаргузориҳо, сафари Рекс Тиллерсон ба минтақаи ҳошияи Халиҷи Форс, бахше аз талошҳои Амрико барои муқобила бо нуфузи Эрон дар Ховари Миёна аст.

Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин хостори берун шудани нерӯҳои шиаи мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ аз саҳнаи сиёсии ин кишвар шудааст. Ин шибҳанизомиён, ки бо номи "Ҳашд Аш-Шаъбӣ" маъруф ҳастанд, дар ҷангҳои ду соли гузашта алайҳи гурӯҳи ДИИШ фаъол буданд ва ҳамчуни дар таҳаввулоти ахир дар вилояти Киркук, ки боиси ақибнишинии пешмаргаҳои курд аз ин минтақа шуд, дар паҳлӯи нерӯҳои артиши Ироқ ҳузур доштанд.

Фармондеҳони пешмаргаи курдҳо борҳо Сипоҳи посдорони Эронро муттаҳам карданд, ки дар ҷараёни ҷангҳои Киркук нерӯҳои худро дар сафҳои артиши Ироқ ва шибҳанизомиёни шиа, ҷой дода буд. Масъулони минтақаи Курдистони Ироқ ҳамчунин аз Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс" ба таври мушаххас ном бурданд, ки се бор ба Сулаймония сафар карда ва шадидан курдҳоро дар бораи муқовимат алайҳи артиши Ироқ ҳушдор дода буд.

Хабаргузории "Франс-пресс" дар гузорише навишт, ки сафари Рекс Тиллерсон ба минтақаи ҳошияи Халиҷи Форс, бахше аз талошҳои Амрико барои муқобила бо нуфузи Эрони шиа дар Ховари Миёна аст. Ин сафар пас аз он сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанде қабл стратегияи он кишвар дар баробари Эронро эълом кард ва имзои тавофуқи ҳастаӣ бо Теҳронро зери суол бурд.

Марзи Эрон ва Ироқ.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи якшанбе пас аз ширкат дар нишасти Кумитаи ҳамоҳангии Арабистон ва Ироқ, ки бо ҳузури раҳбарони ду кишвар баргузор шуд, ба хабарнигорон гуфт, ки як Ироқи мустақил ва муваффақ, боиси ноком мондани "рафтори вайронгарона"-и Эрон хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷии Амрико ҳамзамон аз кишварҳои аврупоӣ хост, ки тиҷорат бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон қатъ кунанд, зеро ба гуфтаи вай, ширкатҳо ва кишварҳое, ки бо Сипоҳ тиҷорат мекунанд, воқеан худро дар хатаре бузурге қарор медиҳанд.