Гуфтугӯи Тиллерсон ва Лавров дар ҳошияи нишасти СММ

Акс аз моҳи маи соли 2017

Дар мулоқоти вазирони хориҷаи Русия ва ИМА дар Ню-Йорк масоили марбут ба Украина ва Сурия дар маркази баррасиҳо қарор дошт.

Департаменти давлатии ИМА пештар гуфт, ки Рекс Тиллерсон соати 9 шоми 17 сентябр барои гуфтугӯ бо Сергей Лавров ба дафтари Русия

Дар ин нишаст вазъ дар шарқи Украина, Сурия ва Ховари Миёна баррасӣ шуд

дар СММ меравад. Баъдтар сухангӯи ин ниҳод Ҳезер Науэрт гуфт, ки “дипломатҳо шоми имрӯз дар ҳошияи нишасти Маҷмаи кулли СММ мулоқот карданд”.

Вай гуфт, ки ҳарду ҷониб ба хатми амалиёти низомӣ дар Сурия, коҳиши хушунатҳо ва шурӯи корҳои дипломатӣ мувофиқа карданд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки дар ин нишаст вазъ дар шарқи Украина, Сурия ва Ховари Миёна баррасӣ шуд.

Тиллерсон нишастро бидуни сӯҳбат бо хабарнигорон тарк кард.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки ба гуфтаи худи Рекс Тиллерсон, дар равобити Русияву ИМА баъди даврони Ҷанги Сард поинтарин сатҳи ҳамкорӣ мушоҳида мешавад. Ҳарду кишвар шумори дипломатҳоро дар кишварҳои ҳамдигар коҳиш додаанд.

ИМА Русияро барои дахолаташ дар ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 таҳрим кард. Се сол ба ин сӯ Маскав барои фаъолиятҳояш дар Украина, аз ҷумла, ишғоли нимҷазираи Қрим ва пуштибонии ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳамчунон таҳти таҳрим қарор дорад. Дар низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина беш аз 10 ҳазор нафар кушта шуд.

15 сентябр, гуфтугӯҳо дар Остона

Дар робита бо ин вазъ имкони ирсоли нирӯҳои посдори сулҳ ба шарқи Украина баррасӣ мешавад, вале Русия ва ҳам ИМА гуфтаанд, ки нияти ирсоли ҳайтаҳои худро ба ин минтақа надоранд.

Дар Сурия низ Вашингтону Маскав аз ҷонибҳои ба ҳам мухолиф ҳимоят мекунанд: Русия тарафдори президент Башор Асад ва ҳукумати ӯ мебошад, дар ҳоле, ки ИМА шӯришиёни мухолифи Асадро пуштибонӣ мекунад.

Музокироти СММ, ки дар Женева баргузор шуд, дар паи баррасии як роҳҳали сиёсӣ барои Сурия мебошад. Дар гуфтугӯҳои ҷудогона, ки дар Остона – пойтахти Қазоқистон ва бо сармоягузории Русия, Эрон ва Туркия мегузарад, масоили марбут ба оташбас ва хатми дигар хушунатҳо баррасӣ мешавад.

Қарор аст рӯзи 21 сентябр Лавров дар баробари маҷмаи кулли СММ суханронӣ кунад. Ин ҷаласа то 25 сентябр идома мекунад. Президент Владимир Путин аз ширкат дар ин нишаст худдорӣ кард. Суханронии президенти ИМА Доналд Трамп дар маҷмаи кулли СММ рӯзи 19 сентябр дар назар аст.