Турсунзода -- шаҳри ТИКО. ВИДЕО

Турсунзода -- яке аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистонро метавон шаҳри ТИКО-ҳо номид. Дар ин шаҳри 70-километр ғарбтари пойтахти Тоҷикистон, тақрибан хонаводае нест, ки мошини тамғаи ДЭУ-ТИКО надошта бошад.

Дар Турсунзода наздики 18 ҳазор воситаи нақлиёт сабт шудааст ва ба қавли сокинон, ҳудуди 60 дарсади он мошинҳоро худравҳои тамғаи ДЭУ- ТИКО ташкил медиҳанд. Дар ҳеҷ гӯшаи дигари Тоҷикистон чунин теъдоди мошини ДЭУ-ТИКО мушоҳида намешавад. Дар Турсунзода мошини ТИКО натанҳо воситаи нақлиёт, балки василаи пайдо кардани ризқу рӯзии шуморе аз одамон низ мебошад.

Яъқуб Холдошеви 65-сола, як ронандаи ТИКО мегӯяд, душвор аст рӯзона дар хона бишинад ва бинобар ҳамин бо мошинаш ба шаҳр мебарояд ва таксиронӣ мекунад. Вай гуфт, рӯзе аз 20 то 30 сомонӣ фоида ба даст меорад ва бо ин маблағ пиёз, картошка ва дигар маводи мавриди ниёзи аввали рӯзгарашро мехарад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Турсунзода -- шаҳри ТИКО-ҳо

Қимати роҳкирои ҳама навъи таксиҳо дар Турсунзода ҳамагӣ 1 сомонӣ аст, зеро ҳама таксиҳо дар ин шаҳр мошини тамғаи ДЭУ-ТИКО мебошанд. Шарофат Пардаева, сокини шаҳри Турсунзода бо хушҳолӣ гуфт, ки қимати рафтуомад бо ин навъи таксиҳо дар гирду атроф ва аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр ҳамагӣ як сомонӣ аст ва ин барои сокинон бисёр муносиб мебошад.

​Мошини ТИКО дар 100 километр ҳамагӣ 5 литр бензин харҷ мекунад. Қиммати худи мошин ҳам дар ин шаҳр аз 1500 то 5000 сомонӣ гуфта мешавад ва таҳҷизоташ низ арзон мебошад. Истифодаи сартосарии мошини тамғаи ДЭУ-ТИКО дар шаҳри Турсунзода тақрибан 15 соли пеш шурӯъ шуд. ДЭУ-ТИКО дар солҳои 1996-2004 дар Узбакистон тавлид мешуд. Ҳаммарз будани шаҳри Турсунзода бо Узбакистон як сабаби зиёд будани шумораи ДЭУ-ТИКО дар ин шаҳр гуфта мешавад.