Се ҷавон аз сӯи Додгоҳи шаҳри Кӯлоб барои шикастани тирезаи бинои комиссариати низомии ин шаҳр ва фирор аз он, ба як сол ҳабси шартӣ ва пардохти ҷарима маҳкум шудаанд.
Ғиёсиддин Мирзозода, додраси ин парванда ҳафтаи равон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ Мансур Амировро ҳамроҳ бо Насимҷони Сабзалӣ ва Умед Раззоқов барои аъмоли авбошӣ муҷрим шинохта ва нисбаташон ҷазо таъин кард.
Ҷаноби Мирзозода афзуд, “нисбати ин се нафар, бо модаи 237, қисми 2 бандҳои “б” ва “в” – и Кодекси ҷиноӣ, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд ва додгоҳ низ онҳоро барои аъмоли содиркардаашон муҷрим дониста ва ҳар кадомеро ба як сол ҳабси шартӣ ва пардохти маблағи 4 ҳазор сомонӣ маҳкум кард”. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзозода, ҳар се фарди муҷрим мӯҳлати ҳабсро дар хона сипарӣ карда ва таҳти назорати мақомот қарор мегиранд.
Маҳкумияти се ҷавон дар Кӯлоб дар ҳоле сурат мегирад, ки аз оғози мавсими даъват як моҳ сипарӣ шуда буд ва масъулони аксари комисариатҳои ҳарбӣ аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш гузориш медоданд. Аммо хонаводаи Амировҳо иддао карда буданд, ки фарзандашон Мансурро тариқи маҷбурӣ ё “облава” ба комисариати низомӣ бурданд, ки дар натиҷа вай тирезаро шикаста фирор кардааст.
Ба иттилои масъулони комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб, Мансур Амиров, сокини ҷамоати Кӯлоб рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳоле тирезаи комиссариатро шикаста ва фирор кард, ки наздиконаш бо доду фарёд ин биноро сангборон кардаанд. Ҳарчанд наздикони ин ҷавон сангборон кардани бинои комиссариятро рад мекунанд ва мегӯянд, ки танҳо барои ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб шудани писарашон ба мақомот шикоят бурданд.
Ин дар ҳолест, ки Дилмурод Назаров, комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Мансур Амиров се бор даъватнома гирифта, чандон майли хидмати ҳарбӣ надошт ва аз ин рӯ ба воситаи нозирони минтақавии умури дохилӣ, ба комиссариат оварда шуд. Ба гуфтаи комиссар, вақте ин ҷавон дар дохили бино буд, наздиконаш, ки аксаран занон буданд, шӯру ғавғо бардоштанд ва ҷавон ҳам тирезаро шикаста фирор кард.
Пас аз ин ҳодиса, додситонии ҳарбии шаҳри Кӯлоб нисбати Мансур ва ду тан аз ҷавонони дигар, ки ӯро кӯмак ва комисариатро сангборон карда буданд, бо моддаҳои 237, қисми 2 бандҳои “б”, “в”, яъне авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Гулсунбӣ Темурова, модари Мансур Амиров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати ҳукми додгоҳ шикоят намебарад. Зеро ба гуфтаи хонум Темурова, ҳукм дар нисбати писараш дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифта ва ҷаримаи таъиншуда аз ҷониби додгоҳро пардохт карданд. Вай гуфт, «дигар аз болои ҳукми суд даъво надорем, зеро он чизе буд, қонунан сурат гирифт. Ҳоло мо ҷаримаи таъиншударо бурда супоридем. Аммо фарзандони мо аз Кӯлоб берун баромада наметавонанд.»
Ба ин тартиб, Мансур Амиров, Насимҷони Сабзаалӣ ва Умед Разоқов, ҷавонони 23-солаи деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб мутобиқ ба ҳукми додгоҳ муддати як сол дар ҳабси хонагӣ мемонанд ва ҳаққи берун шудан аз ин шаҳрро нахоҳанд дошт. Ҳарчанд онҳо аз кардаашон пушаймонанд, аммо дар нисбати аъмоли ҷиноияшон ва ҳукми додгоҳ, изҳори назар накарданд.