Абдулло Назаров. Аз сари забонҳо то ба фаромӯшӣ

Бо гузашти се сол аз даргузашти генерал Абдулло Назаров ҳамкорону шогирдони собиқаш ҳарчӣ камтар дари хонаи пайвандони ӯро мекӯбанд.

Генерали Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ, ки куштори ӯ дар моҳи июли соли 2012 боиси оғози як амалиёти низомӣ дар Бадахшон шуд, акнун камтар ба ёдҳо мерасад. Дилором, ҳамсари генерал Абдулло Назаров, мегӯяд, ҳар дафъа дар маъракаҳои шавҳараш, чеҳраҳои шиноси ҳамкорону шогирдони ӯро камтар мебинад.

Худи Абдулло Назаров боре дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор карда буд, ки дӯстони зиёд надорад - ӯ аз чанд ҳамкору ҳамсабақҳои донишгоҳияш ном бурда буд, ки дар пасту баландиҳои зиндагӣ ҳамеша дар паҳлӯяш буданд. Хонум Дилором ҳам мегӯяд, ҳамон ҳамсабақҳои пешини Абдулло ҳастанд, ки пайваста аз ҳолашон хабар мегиранд ва дар шикасту рехти зиндагӣ кӯмакашон мекунанд.

Қосимшоҳ Искандаров, доктори илмҳои таърих ва раиси Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон, аз ҳамсабақҳои Абдулло Назаров мегӯяд, ки онҳо солҳои тулонӣ рафтуомади хонаводагӣ доштанд ва баъди даргузашти дӯсташ ҳам ин ришта канда нашудааст. "Зиндагияшон баъд аз сари Абдулло бад нест, аммо фикр мекунам, ки писарҳояш набудани ӯро эҳсос мекунанд. Ва шояд аз ҳама бештар писари хурдияш Парвиз, ки ҳамроҳ бо ӯ ҳар субҳ машқи бадан мекард", мегӯяд ӯ.

Хонум Дилором ҳам аз рӯзгораш тақрибан шиквае надорад - "зиндагӣ ба маҷрои худ идома медиҳад, ҳарчанд саробони хона нест ва набудани ӯро мо ҳамарӯза ҳис мекунем, шукри фарзандҳо, ки марди хона шудаанд".

Қосимшоҳ Искандаров

Аммо ӯ андаке аз он нороҳат аст, ки ваъдаҳо барои поси хотири шавҳараш фаромӯш шуданд. «Ба мо ваъда дода буданд, ки нимпайкараашро дар кӯчаи Дзержинский, дар назди бинои Кумитаи амнияти миллӣ мегузоранд, аммо он дар қоғаз монд...” Ҳоло касе аз мақомот ба гӯшаи хотир намеорад, ки се сол пеш як кӯча ва як мактабро ба номи Абдулло Назаров гузоштанӣ буданд. Ҳатто лавҳаи ёдгории сари гӯри ӯро на мақомоти давлатӣ, балки фарзандонаш -Умед, афсари вазорати мудофиа, Парвиз – корманди додситонӣ ва Зафар, корманди собиқи кумитаи гумрук, гузоштаанд.

ҚАТЛЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО ТАКОН ДОД

Қатли Абдулло Назаров, раҳбари раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Бадахшон, пурсару садотарин куштори солҳои ахир боқӣ мемонад. Ин ҳодиса шоми 21 июли соли 2012 дар маҳаллаи Ниводаки канори шаҳри Хоруғ рӯй дод. Ба иттилои расмӣ, мошини Абдулло Назаровро тақрибан 20 нафар манъ кардаанд, вале ӯ ба ронанда ва се муҳофизаш иҷозаи баромадан аз мошинро надода, худ ба пеши ҳамлагарон баромадааст. Ҷинояткорон бо “монтировка” ба дилу сари генерал Абдулло Назаров зада, муҳофизони ӯро ҳам бесилоҳ ва латукӯб кардаанд.

Хоруғ, моҳи июли соли 2012

Се рӯз баъд аз куштор дар Ниводак нерӯҳои ҳукуматӣ барои боздошти аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии Бадахшон амалиёти вижаро пиёда карданд. Амалиёт ба даргирӣ бо гурӯҳҳои фармондеҳони маҳаллӣ Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Ёдгор Шомусалламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров печид, ки “де-факто” вилоятро таҳти назорат доштанд. Дар ин задӯхурдҳо 13 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва 30 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ва чанд сокини осоишта кушта шуданд.

Амалиёт баъд аз таслим шудани ду гумонбар дар куштор - Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов ва эътирозҳои густардаи мардуми Бадахшон поён ёфт.28 феврали соли 2013 Додгоҳи Олии Тоҷикистон Оқил Аёмбековро барои 17 сол ва Ҳамза Муродовро барои 16 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр намуд. Рӯзи 7-уми маи ҳамон сол Додгоҳи Олӣ ҳукми Ҳамза Муродовро ним сол кам кард.

НОМИ САРИ ЗАБОНҲО: БАҲМАНМОҲ... WIKILEAKS...

Номи Абдулло Назаров бори аввал соли 1990 баъд аз ҳаводиси баҳманмоҳ расонаӣ шуд – ӯ нахустин корманди КГБ-и шӯравӣ дар Тоҷикистон буд, ки ҳақиқати он ҳаводисро дар сӯҳбат бо матбуот ошкор кард. Аҳмадшоҳ Комилзода, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, бо Абдулло Назаров ошноӣ дошт ва ӯро дар қатори Саидамир Зуҳуров, Саиданвар Камолов ва чанд нафари дигар аз афроди воқеъан ҳирфаӣ дар ниҳодҳои амниятӣ мехонад. Абдулло Назаров баъд аз суқути шӯравӣ ӯ барои чанд сол аз кор дар мақомоти амниятӣ дур шуд ва фақат соли 1997, баъд аз имзои созиши сулҳи тоҷикон дубора ба ин кор баргашт. Дӯстонаш мегӯянд, ки он солҳо афсари амният дар ноҳияи Ҷилликӯл полез дошт ва тарбузфурӯшӣ мекард. Абдулло Назаров аз рӯи квотаи 30 дар садаи мухолифин аввал раҳбари раёсат ва сипас муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъин шуд. Қабл аз "командировка" ба Бадахшон ӯ чанд муддат раиси бахши КДАМ дар вилояти Суғд ҳам буд.

Қосимшоҳ Искандаров ҳамсабақи собиқашро корманди воқеъан ҳирфаии мақомоти амният мехонад ва мегӯяд, ки ӯ ба вижа, дар масъалаи терроризм ва мубориза бо гурӯҳҳои тундрав мутахассиси нодир буд. "Мо бо Абдулло баъзан ҳамкорӣ мекардем, барои корҳои илмӣ аз ӯ мавод мегирифтем, аз ҷумла, дар бораи Ҳизбуттаҳрир ва дигар гурӯҳҳо... Кам касоне дар ин бора чун ӯ маълумот доштанд".

Аз нигоҳи Аҳмадшоҳ Комилзода, генерал Назаров шояд аз афсарони ангуштшумори амниятӣ буд, ки аз хабарнигорон фирор намекард ва пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи расонаҳо буд – ҳам зимни амалиёти маҳви гурӯҳҳои зиддидавлатӣ дар Тавилдара ва ҳам дар нишастҳои минтақаӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ҳам дар робита ба баъзе масоили ҷаҳонӣ. Бино ба иттилои сомонаи WikiLeaks, генерал Абдулло Назаров ҳанӯз охири соли 2009 ошкоро ба мансабдорони амрикоӣ гуфта буд, ки Усома бин Лодин дар Покистон аст ва Исломобод аз “террористи рақами як” ҳимоят мекунад - бисёриҳо дар куҷо панаҳ бурдани раҳбари “Ал-Қоида”-ро медонанд, вале вақте ки амалиёти боздошт тарҳрезӣ мешавад, ӯ огаҳ шуда, ҷои худро зуд иваз мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳукумат куштори генерал Назаровро ҳамчун баҳона барои таҳкими назорат аз рӯи як вилояти дур аз марказ истифода кард. Баъд аз амалиёт сахттарин дарди сари ҳукумат – гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳоким дар вилояти Бадахшон, ки ба тиҷорати сигору маводи мухаддир ва сангҳои гаронбаҳо машғул буданд, халъи силоҳ шуданд.

Зимнан, баъзе аз сиёсатмадорону фармондеҳони маҳаллӣ қатли Абдулло Назаровро бо даст доштани ӯ дар тиҷорати ғайриқонунӣ ва талоши тақсими нуфуз дар Бадахшон марбут карданд, иттиҳоме, ки дар робита ба он то ҳол ягон далелу санад пайдо нашудааст...