Додгоҳи Хуҷанд се занро барои қочоқи занон ба танфурӯшӣ дар Дубай ва Туркия мутаносибан ба 5 ва 5.6 сол ҳабс маҳкум кард ва парвандаи як мардро бо ин иттиҳом пеш мебарад.
Ба гуфтаи манобеъ аз додгоҳи Хуҷанд, занони маҳкумшуда аъзои шабакаҳои ҷудога буданд, ки занҳои суғдиро ба Иморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Туркия барои танфурӯшӣ мефиристоданд. Ду нафари онҳо пас аз боздошти 5 ҷавонзане, ки тобистони соли гузашта аз роҳи Қирғизистон сафари Туркия доштанд ва яке дигар дар пайи боздошти ҷавонзаноне, ки бо ҷалбу роҳнамоии вай тирамоҳи соли гузашта аз роҳи ҳавоии Душанбе ба Дубай парвоз карданӣ буданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудаанд.
Додгоҳи Хуҷанд мегӯяд, аъмоли ҷиноии яке аз занони маҳкумшуда бо дуи дигар иртибот надорад, аз ин рӯ дар парвандаҳои ҷудогона мавриди бозбинӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи додгоҳ, зани 35-солаи сокини ноҳияи Ғафуров Сарвар Ҷӯраева мутобиқи банди 132-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “ҷалби одамон барои истисмор” гунаҳкор дониста шуд ва ба 5 соли ҳабс дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум гардид.
Боздошти хонум Ҷӯраева тирамоҳи соли гузашта аз сӯи кормандони идораи корҳои дохилии Суғд сурат гирифта буд. Мақомоти интизомӣ дар моҳи сентябри соли 2013 дар майдони ҳавоии Душанбе ду ҷавонзанеро, ки тавассути Ҷӯраева барои танфурӯшӣ фиристода мешуданд, аз хатсайри Душанбе- Дубай поин оварданд ва бо баёноти онҳо Ҷӯраеваро дастгир намуданд.
Ба гуфтаи додгоҳ, хонум Ҷӯраева дар ҷое кор намекарда ва бар ивази маблағ аз шариконаш ба ҷалбу фиристодани занон барои танфурӯшӣ ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб машғул буд. Вай моҳи декабри соли 2012 дар шаҳри Дубай бо Халил Абдулло Дарвеш ном шаҳрванди ин кишвар ба шавҳар мебарояд. Сипас дар Иморат бо Манижа ном зане аз Тоҷикистон шинос шуда, бо маслиҳати вай бар ивази маблағ чанд зани суғдиро барои танфурӯшӣ дар Дубай ҷалб мекунад.
Аммо бинобар таҳқиқоти додгоҳӣ, дар мурофиа ба сифати шоҳид танҳо 2 зане, ки зимни сафар ба Дубай боздошта шудаанд, алайҳи хонум Ҷӯраева баёнот додаанд. Хонум Ҷӯраева дар толори додгоҳ ҷурми ҷалби занон барои танфурӯшӣ дар Дубайро бар дӯш гирифта, аммо гуфтааст, вай ҷавонзанони сабукпоро на маҷбурӣ, балки бо ризояти худи онҳо ҷалб карда буд.
Зимнан, аксари занони маҳкумшуда ба қочоқу истисмори шаҳвонии занон чунин тарзи ҳимояро баргузидаанд. Яке аз заноне, ки соле қабл дар мурофиа барои кочоқи занон ба Дубай дар сӯҳбат бо Озодӣ чунин гуфта буд: “«Ман ба айби додгоҳ манро гунаҳкор кардагӣ розӣ не. Он ҷавонзанҳо бо пойи худашон чанд бор наздам меомаданд ва илтимос мекарданд, ки «дугонаат ба Дубай мерафтааст, моро ҳам барад.» Аммо ман инро намехостам ва ҳар бор радд карда будам. Ягона айби кардагим ҳамин, ки як бор ба дугонаам (зани зафарободии маҳкумшуда) занг задам ва илтимоси як ҷавонзанро барои Дубай рафтан расондам. Вай гуфт, ки «мана дадому бувам аз хона пеш карданд, ҷойи мерафтагим не, хонатон рафта шишта мегирам.»
Дар додгоҳе соле пеш чор ҷавонзане, ки барои сафари Дубай ризоят дода, аммо то замони сафари онҳо раҳбаладашон боздошт шуда буд, ба ҳайси ҷабрдида гуфтанд, ки ба нияти танфурӯшӣ ба ин сафар ризоят дода буданд. Ҳамчунин гуфтанд, ки онҳоро сахтии рӯзгору бекориву нодорӣ ва талоши дарёфти маблағ дар ватан ба ин роҳ ворид карда буд. Онҳо мехостанд дар дубай маблағи зиёдтаре ба даст оваранд.
Аммо саргузашти ғамангези Сайёра Эрматова ном ҷавонзани хуҷандӣ дар Дубай баёнгари он аст, ки занони тоҷики барои танфурӯшӣ бо роҳи фиреб ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафта, дар ин кишвар на танҳо маблағ пайдо намекунанд, балки бо чӣ гуна беҳуқуқиву таҳқир ва хориву истисмор рӯ ба рӯ мешаванд. Хонум Эрматова аз асорату истисмори шаҳвонӣ дар Дубай бо ёрии сафорати Тоҷикистон раҳо ёфта, соли 2012 ба Хуҷанд баргашт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурд. Баъд аз он боздошти аъзои шабакаҳои кочоқбари занон ба Дубайу Туркия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд авҷ гирифт.
Дар ҳамин ҳол, додгоҳи Хуҷанд мегӯяд, П. Ш. ва Г. Х., занони миёнсоли сокини Хуҷанд, ки ахиран ба 5 ва 5.6 сол ба зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд, 2 зани маҳаллиро дар соли 2013 бо ваъдаи он, ки дар Туркия бо ҷойи кори пешхидматӣ дар тарабхона таъмин мекунанд, ба ин кишвар равон карданд. Аммо он ҷо шариконашон онҳоро ба танфурӯшӣ водор карданд. Вале яке аз маҳкумшудагон, ки кӯдаки ширхора дорад, аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба додгоҳи вилоятӣ шикоят бурдааст.
Некрӯз Ҳамзаалиев, вакили дифои П. Ш. ба "Озодӣ" гуфт, зерҳимояаш дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор карда ва пушаймон аст. Онҳо хоҳиш карданд, ҳукми додгоҳ то 8 сола шудани кӯдаки 3 солаи зерҳимояаш мавқуф гузошта шавад.
Дар ҳоли ҳозир дар додгоҳи Хуҷанд ҳамчунин бозбинии парвандаи як марди сокини Хуҷанд низ бо иттиҳоми ҷалбу равон кардани занон барои танурӯшӣ дар Дубай мавриди бозбинӣ қарор дорад.
Аз тирамоҳи соли 2012 то кунун танҳо додгоҳи Хуҷанд ҳади ақал 6 сокини Суғд,- аъзои шабакаҳои ҷалбу қочоқи занон барои танфурӯшӣ дар хориҷ аз Тоҷикистонро ба зиндон фиристодааст. Вале ба гуфтаи додрасҳои додгоҳи Хуҷанд, боздошту маҳкумшудагон танҳо як ҳалқаи шабакаи ҷалби занон барои танурӯшӣ дар Дубай ва Туркия аст. Шарикони онҳо, ки ба қабулу истисмори шаҳвонии занони фиребхӯрда сару кор доранд, дар Дубай қарор доранд ва дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик барои ба курсии ҷавобгарӣ нишондани онҳо кутаҳӣ мекунад.