4 овозхони тоҷик - Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Фаридуни Хуршед ва Баҳроми Ғафурӣ - шоми 25 май дар маросиме дар Ню-Йорки Амрико сазовори ҷоизаҳои Big Apple Music Awards шуданд.
Шоми 25 май дар шаҳри Ню-Йорки Амрико маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Music Awards баргузор шуд. Аз миёни овозхонҳои тоҷик Шабнами Сурайё барандаи ҷоизаи алмос, Фарзонаи Хуршед – овозхони беҳтарин дар миёни бонувони Тоҷикистон, Баҳроми Ғафурӣ - овозхони беҳтарини мард дар Тоҷикистон унвон гирифтанд.
Ҳамин тавр, ба намояндагӣ аз Тоҷикистон Фаридуни Хуршед барои нахустин бор дар ин маросим ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷоизаи "Падидаи сол" шудааст. Исми Фаридуни Хуршед дар эстрадаи тоҷик нав аст. Як нафари огоҳ аз шоу-бизнеси тоҷик гуфт, Фаридун писари оҳангсозест, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ барои Сурайё Қосимова - модари Шабнаму Фарзона - оҳанг менавишт. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло писари ин дӯсти хонаводаи Сурайё Қосимова бо кумаки духтарони ӯ, ки алакай ситораҳои шинохташудаанд, ба майдони эстрадаи миллӣ пой мегузорад.
Овозхонҳои тоҷикистонӣ дар як саҳна бо маъруфтарин хонандаҳои таронаҳои попи кишварҳои форсизабон ба мисли Андӣ, Ҳадиқа Киёнӣ, Ди Ҷей Алигатор овозхонӣ карданд. Дар миёни меҳмонони ҷашни имсола овозхонҳои маъруфи араб, арманӣ ва ӯзбакзабон ҳам иштирок карданд.
Ҷоизаҳои Big Apple Music Awards аз соли 2008 ба ин сӯ супурда мешаванд. Маросими эътои ин ҷоизаҳо ҳар баҳор дар Ню-Йорк мегузарад.
Таъсисдиҳандаи аслии ин маросим шабакаи телевизионии Амрико - Эридуни ТиВи гуфта мешавад. Ин канали телевизионӣ ба мусиқии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ тамаркуз мекуна, вале дар ин 6 сол доманаи ҷоизаҳои Big Apple Music Awards хеле густариш ёфта, ҳоло густураи бузурге - аз Осиёи Марказиву Қафқоз то Эрону Туркияву Ховари Миёнаро фаро мегирад. Албатта, бо иловаи фавҷи овозхонҳои эроние ки дар Амрикову Аврупо ба сар мебаранд.
Дар солҳои гузашта ҳам аз Тоҷикистон чандин бор Шабнами Сурайё, Баҳроми Ғафурӣ, Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибеки Мурод ва падараш Ҷӯрабеки Мурод дар маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Music Awards ширкат кардаву аксари онҳо ба ин ҷоизаҳо сазовор низ шудаанд.
Исми ҷоизаи - Big Apple Music Awards – аз исми кӯчаки шаҳри Ню-Йорк аст, ки бо навозиш ин шаҳри бузургтарини Амрикоро Big Apple ҳам ном мебаранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад