Гирифтории дастикам 3 муҳоҷири тоҷик ба домана дар Перм

Як намояндаи ҷамъияти тоҷикони Перми Русия мегӯяд, гурӯҳҳои қавмгаро метавонанд мавридҳои кашфшудаи бемории сироятии домана дар байни муҳоҷирони тоҷикро ба як шиори навбатии худ табдил диҳанд.
Аммо тавре Раҳматуллоҳ Мазориев, намояндаи тоҷикони Перм рӯзи 3 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти расмии ин минтақаи Русия ин иттифоқро хеле орому ботавозун қабул кардаанд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гирифтории се тоҷик ба домана дар Перми Русия



Оқои Мазориев ҳамчунин хабари расонаҳои русӣ дар бораи ба 10 нафар расидани шумори гирифторони эҳтимолӣ ба бемории домана дар миёни муҳоҷиронро радд кард ва гуфт, дар ҷаласаи рӯзи 3 июн дар ҳузури муовини шаҳрдори Перм Александр Грибанов гуфта шуд, ки то имрӯз гирифтории танҳо 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба домана ташхис шудааст. Онҳо, ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар фосилаи аз 12 то 29 май аз Тоҷикистон омадаанд ва ҳар се дар бозори меваҷоту сабзавоти “Прикамйе”, воқеъ дар маҳаллаи Заостровкаи Перм кор мекарданд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки онҳо аз Тоҷикистон бо худ ин бемориро овардаанд ваё дар Перм мубтало шудаанд.

Нахустин нафаре, ки бо гумони домана ба бемористон мунтақил шуд, Шоира Солиеваи 23-сола будааст, ки аз Хуҷанд барои кор ба Перм омадааст. Ду нафаре ки баъдан бистарӣ шуданд, яке Ибодов, соли таваллудаш 1959, ва дувумӣ Зиёев, соли таваллудаш 1977 будаанд, вале дар бораи ҳувияти ин ду мариз ҳанӯз маълумоти аз ин бештаре дастрас нашудааст.

Раҳматуллоҳ Мазориев гуфт, ин се нафар аз ҷумлаи 101 муҳоҷири аксаран тоҷиканд, ки дар як маркази муваққати зиндагӣ(центр временного размещения) ба сар мебурданд. Мақомот дар пайи кашфи нахустин мавридҳои эҳтимолии сироят ба домана ин биноро дезинфекция карда, то имрӯз ҳудуди 70 бошандаи дигари ин маконро низ ташхис кардаанд. Оқои Мазориев гуфт, ташхиси 30 нафари боқӣ аз аҳли ин марказ бояд то шоми 3 июн анҷом шавад.

Мудири бозори “Прикамйе” Эрик Зосимов дар ҷаласаи имрӯзаи шаҳрдорӣ гуфтааст, ки дар пайи кашфи мавридҳои эҳтимолии гирифторӣ ба бемории сироятии домана ин бозори яклухтфурӯширо барои 5 рӯз баста ва ба тамоми ошхонаҳои воқеъ дар бозор ҳам амр кардааст, ки то тафтиши комили асноду шароити беҳдоштиашон аз тарафи мақомоти Роспотребнадзор фаъолияти худро мутаваққиф кунанд. Интизор меравад, ин бозор рӯзи 4 июн дубора ба кор шурӯъ кунад.

Ба гуфтаи Мазориев, танҳо дар шаҳри Перм ва чанд ноҳияи атрофаш беш аз 30 000 муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, тайи 18 соли кору иқоматаш дар ин минтақа бори аввал шоҳиди кашфи мавридҳои гирифтории муҳоҷирони тоҷик ба бемории домана шудааст.

Ба гуфтаи ин намояндаи ҷамъияти тоҷикони Перм, ташхису табобати афроди гирифторро мақомоти маҳаллӣ маҷҷонӣ анҷом медиҳанд, чунки сухан дар бораи ҷилавгирӣ аз густариши як бемории ҷиддии сироятӣ меравад. Ҳамин тавр, қарор шудааст, то ҳамаи бошандагони хобгоҳеро, ки манбаъи домана номбар мешавад, ба сурати маҷҷонӣ аз ин маризӣ эм кунанд.