Се афсари артиш барои лату кӯби сарбозон дар додгоҳ посух мегӯянд

Икром Зоирзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб.

Додситонии Кӯлоб парвандаи се афсари қисмҳои низомиро бо иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон таҳқиқ ва ба додгоҳ фиристодааст.

Додситонии низомии минтақаи Кӯлоб парванди ҷиноӣ нисбати се афсари қисмҳои низомии ин минтақаро ба иттиҳоми бадрафторӣ дар нисбати зердастонашон барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Икром Зоирзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 14 июл зимни сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки афсарон “меҳтарсолорӣ” ё “дедовщина”–ро дар сафи артиш роҳандозӣ кардаанд ва бояд барои ин аъмолашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Ба таъкиди ҷаноби Зоирзода, яке аз ин афсарон Рустам Ҷабборов, фармондеҳи қисми низомии 3503–и Вазорати корҳои дохилӣ аст, ки сарбоз Сафар Сайдалиевро лату кӯб ва маҷрӯҳ кардааст. Ҳодиса моҳи апрели соли 2015, замоне иттифоқ афтод, ки майор Ҷабборов ба сарбоз Сайдалиев дастур дод, ки замини назди қисми низомиро каланд занад. Сарбоз гӯё аз ин амр сарпечӣ кард ва ба хашми фармондеҳ рӯ ба рӯ шуд.

Ҳамчунин, ба таъкиди додситони низомии минтақаи Кӯлоб, як мавриди меҳтарсолорӣ аз ҷониби Носирҷон Бойматов, афсари қисми низомии 2933–и нирӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод дар нисбати сарбози қатории Хайриддин Толибов ва мавриди дигар – аз ҷониби лейтенант Кароматулло Гурезов, аз қисми низомии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Данғара дар нисбати сарбоз Хисрав Носиров ба қайд гирифта

шудааст. Ба иттилои додситони низомӣ, афсарон моҳи маи соли ҷорӣ сарбозони зердасташонро ба сабаби сарпечӣ аз иҷрои фармонашон лату кӯб ва захмӣ карданд. Ин сарбозон бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тибқи оинномаи артиш, аскар ҳақ надорад аз амри фармондеҳ сарпечӣ кунад, аммо бо ин ҳол ҳам афсар ҳақ надорад ба сари сарбоз даст бардорад. Муҷозоти аскари саркаш бояд дар чаҳорчӯби оинномаи хизмати аскарӣ сурат бигирад.

Икром Зоирзода, мегӯяд, дар мавридҳои зикршуда афсарон аз ваколатҳои хидматии худ ва оиннома берун рафта ба саломатии сарбозон осеб расондаанд. Додситонӣ алайҳи онҳо бар пояи моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ“ парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳоло ин парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Зоирзода гуфт:

“Дар ҳар се ҳолат бадрафторӣ аз сӯи афсарон нисбати сарбозони қаторӣ вуҷуд дорад. Тафтиши мо собит кард, ки афсарон аз низомномаи хизмат дар артиш берун шуда ва зердастонашонро лату кӯб карда ва ба саломатии онҳо зарар расонидаанд. Ба ин далел нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуд. Таҳқиқ ҳам анҷом шуд ва мо парвандаро ба додгоҳ фиристодем”.

Ҳамин тавр, дар сурати исбот шудани иттиҳоми ворида нисбати ин се афсар аз сӯи додгоҳ, онҳоро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистон чандин афсарро барои хунукназарӣ дар робита ба меҳтарсолорӣ аз кор сабукдӯш карда сарбозонеро, ки дар латту кӯби баъзе аскарони навдаъват ва ҳатто куштани онҳо даст доштаанд, ба мӯҳлатҳои мухталиф зиндонӣ карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парвандаи ҳафт низомӣ барои "дедовшина"

Фаъолон: «Дар баробари сарбозон, афсарон ҳам бояд муҷозот шавад»

Ин хабар дар ҳолест, ки фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, солҳои охир мақомоти кишвар ба масъалаи меҳтарсолорӣ дар артиш таваҷҷӯҳ зоҳир карда, сарбозони муттаҳам дар бадрафтории ҳамхизматонашонро ба додгоҳ мекашонанд. Вале айни замон, мавридҳои ба ҷавобгарӣ кашидани афсарони қисмҳои низомӣ, ки масъулияти таъмини тартибу

интизом дар артиш ва ҳам назорати рафтори сарбозонро доранд, ба чашм намехӯранд. Дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ Дилрабо Самадова, масъули созмони ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» таъкид кард, ки то замоне ислоҳот дар ин замина дар сатҳи фармондеҳии қисмҳои низомӣ сурат нагирад, решакан кардани таҷрибаи меҳтарсолорӣ амри маҳол аст.

Айни замон, баъзе сарбозон мегӯянд, ки вазъ дар қисмҳои низомии онҳо то андозае дигар шудааст. Яке сарбози қисми низомии нируҳои марзбонии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, ки худро Ҷӯрахон муаррифӣ кард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «Ду моҳи пеш як офитсер як ҳамхизмати моро зада буд, прокуратура огоҳ шуда, парванда боз кард. Ҳоло ӯ аз вазифа сабукдӯш шудааст. Ҳоло афсарон бештари вақт чун сарбоз гуноҳ мекунад, бар асоси оиннома гирди қисми ҳарбӣ медавонанд ва ба қадамзанӣ водор мекунанд. Ё бонги хатар зада ҳамаро дар майдончаи қисми низомӣ, ҷамъ карда машқҳои тактикӣ мефармоянд. Аммо чун солҳои пеш бадрафторӣ намекунанд.”

Ҷӯрахон сабаби то андозае тағйир кардани муносибати афсарон ба сарбозонро ба фаъолияти додситонии низомӣ дар қисмҳои ҳарбӣ рабт медиҳад ва мегӯяд, намояндагони додситонӣ ҳамеша аз ҳоли сарбозон хабардор мешаванд ва ба мушкилоташон расидагӣ мекунанд.

Гузориши Омбудсмен: «Чораҳои андешишуда кофӣ нест»

Зимнан, ба манзури решакан кардани бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, дар моҳи гузашта мақомоти кишвар нахустин натиҷаҳои мониторинг дар воҳидҳои низомиро муаррифӣ карданд.

Ин мониторинг аз сӯи дафтари Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар тобистони соли 2014 шурӯъ шуда буд ва дар муддати тақрибан як сол кормандони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба воҳидҳои низомии

артишу нерӯҳои марзбонӣ ва дигар қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба Хатлону Суғду Душанбе ва дигар ноҳияҳо рафта ва дар мулоқот бо сарбозон пурсидаанд, ки оё афсарон ба ҳуқуқи онҳо эҳтиром мегузоранд, бадрафторӣ намекунанд, латукӯб шудаанд ва шароити хидматашон чӣ гуна аст?

Ба қавли як ҳомии ҳуқуқ, ки дар ҷараёни таҳқиқи вазъи қисмҳои низомӣ ширкат кардааст, авзоъ дар нерӯҳои мусаллаҳ рӯ ба беҳбудӣ овардааст, вале чораҳои андешишуда кофӣ нест ва барои доштани артише, ки сарбоз ба он содиқ бошаду ҷонфидоӣ кунад, давлати Тоҷикистон бояд заҳмати зиёде бикашад.

Танҳо дар соли 2014 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва ё дедовщина 3 сарбоз ба ҳалокат расид.