Раҳоии се тан аз наздикони Кабирӣ пас аз як соли зиндон

Се тан аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, пас аз иҷрои давраи ҷазои яксола, аз маҳбас озод шудаанд. Ронандаву ду хеши наздики Кабирӣ дар робита бо ошӯби мусаллаҳонаи 4 сентябри порсол, ки масъулияти ташкилашро ҳукумат ба ҲНИТ вогузор кард, ба яксолӣ зиндон маҳкум шуда буданд.

Масъулони Раёсати ислоҳи ҷазоии вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр тасдиқ карданд, ки писараммаи Муҳиддин Кабирӣ Ҷамшед Нарзуллоев - мудири ширкати "Бинокор-Сервис", бародари ҳамсари ӯ Маҳмадалӣ Раҳматуллоев, сардори шӯъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" ва Ҳикматулло Сайфов - ронанда ва хеши ҳамсари Кабирӣ, пас аз иҷрои давраи яксолаи ҷазо, аз маҳбас озод карда шуданд.

Се тан аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ бо иттиҳоми "хабар надодан" дар бораи ҷиноят, ба муддати яксолӣ аз озодӣ маҳрум кард

Ин мақоми Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод рӯзи 9 ноябр, пас аз адои муҳлати яксолаи ҷазо ба озодӣ баромаданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳукми додгоҳ дар нисбати онҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ содир шуда буд, вале мӯҳлати ҷазо аз замони боздошт ба эътибор гирифта мешавад ва бинобар ҳамин онҳо раҳо шуданд.

Наздикони ин афрод низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ озод шудани онҳоро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки феълан онҳо дар назди пайвандонашон қарор доранд.

Ҳукми аъзои ҲНИТ моҳи июн содир шуд

Моҳи июни соли равон Додгоҳии олии Тоҷикистон дар қатори 14 узви раёсати ҲНИТ инчунин се тан аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ бо иттиҳоми "хабар надодан" дар бораи ҷиноят, ба муддати яксолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Дар як барномаи телевизиони давлатии Тоҷикистон, ки ҷараёни тафтишоти ошӯби мусаллаҳонаро аз нигоҳи сохторҳои қудратӣ баён мекард, ин се нафар ба содир кардани ин ҷиноятҳо иқрор шуданд. Вале маълум нест, то куҷо баёноти онҳо ба ҳақиқат наздик аст, ба он хотир, ки тамоми ҷараёни тафтишот комилан баставу пӯшида буд, парвандаи мӯҳри "махфӣ" дошт ва ҳатто вакилони дифои онҳо ҳақ надоштанд ин маълумотро дар ихтиёри матбуот ва ҷомеа қарор диҳанд.

Рӯзи 2 июни соли 2016 ҳукми аъзои раёсати ҲНИТ низ хонда ва 13 нафари онҳо ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла ду муовини раиси ҳизб - Муҳаммадалии Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳукми абад маҳкум шуданд. Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, ин нафарон аз оғоз ба бегуноҳии худ исрор варзида, бо ҳукми додгоҳ розӣ нашудаанд. Танҳо як хонум дар байни маҳкумшудаҳо - ҳуқуқшиноси ҳизб Зарафо Раҳмонӣ бар асоси афви раиси ҷумҳурӣ баъди як соли боздошт ба озодӣ баромад.

Се узви авлоди Кабирӣ низ тирамоҳи соли гузашта аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо писари Муҳиддин Кабирӣ ва интиқоли маблағ ба Абдуҳалим Назарзода, генерал ва собиқ муовини вазири дифоъ боздошт шуда буданд.

Ошӯбе, ки то бастани ҲНИТ бурд

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ, бо шумули Абдулҳалим Назарзода, кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон баъди ин гуфтанд, ки дар робита бо ошӯби Назарзода ҳудудан 200 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд

Абдуҳалим Назарзода дар амалиёти низомӣ рӯзи 16 сентябри соли 2015 кушта шуд

Дар пасманзари ҳодисаи ошӯби Абдулҳалим Назарзода, Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ намуд. Ба дунбол шуморе аз сарони ин ҳизб боздошт шуданд ва додгоҳ онҳоро барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон намуд. Аммо масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора ин иттиҳомро рад намуда ва гуфтанд, ки дар ин ҳодиса даст надоранд. Аъзои ҲНИТ мӯътақиданд, ки ин ҳодисаҳо ангезаи сиёсӣ дошт ва ҳадафаш ҳам бастани танҳо ҳизби умдаи мухолифин дар Тоҷикистон будааст.