Осияву Ёқубҷону Амирҷон... Ҳарсе тифли комиссари собиқ дар ҷои хоб даргузаштанд. ВИДЕО

Су қабри фарзандони ғӯрамарги Рустам Бурҳонов дар як оромгоҳи Кӯлоб

Дар пайи сӯхтор дар манзили собиқ сардори Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Рустам Бурҳонов, ҳамаи се фарзанди ноболиғи ӯ ҷон бохтаанд. Ҳодиса нимашаби гузашта дар як бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб, рух додааст.

Ҷасади ҳамаи се фарзанди Рустам Бурҳонов рӯзи 2-юми август дар оромгоҳи рақами дуи шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуданд.

Мутахассисони бахши судиву тиббӣ гуфтанд, ки Осияи 4-сола, Ёқубҷони 6-сола ва Амирҷони 7-сола бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи сӯхтор ҷон бохтанд. Хонаи собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб дар они воҳид ғамхона шуд.

Ҳамсояи наздикамон шаб ҷеғ зад, ки аз хонаи Рустам бӯи дуд баромада истодааст. Мо давида писарамро хабар кардам. Рафта онҳоро бедор карда, тирезаро шикаста кӯдаконро гирифтем, ки хона пур аз дуд шуда буд...

Фоҷеа шаби 2 август рух дод. Мутахассисони бахши сӯхторнишонӣ мушаххас карданд, ки эҳтимолан дар паи аланга гирифтани яхдони ошхона оташ сар зад ва ҳарсе тифле, ки дар ҳамин ошхона хобида буданд, аз газ ё дуди ғализи дар паи сӯхтор ҳосилшуда ҷон доданд. Волидони атфол дар лаҳзаҳои сар задани фоҷеа дар хонаи дигар хоб буданд.

Масъулони Хадамоти оташнишонӣ мушаххас карданд, ки сӯхтор дар соатҳои тақрибан 2 то 3-и шаби 2 август рух дод ва нахустин шуда ҳамсояҳои атроф аз ин ҳодиса хабар ёфта дигаронро бедор карданд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқот оғоз шудааст ва ҷузъиётро баъдан эълон хоҳанд кард.

Падар тавони сӯҳбатро надорад

Соатҳои 10 субҳи рӯзи 2 август аз хонаи Бурҳоновҳо якбора се ҷасад берун бурда шуд. Лаҳзаҳое, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар назди ин манзил қарор дошт, ҳамсояҳову наздикон мегуфтанд, ки ҳама аз ин фоҷеаи ногаҳонӣ шок шудаанд. Имкони сӯҳбат бо худи Рустам Бурҳонов даст надод. Ӯ пайваста мегирист, як-як номи фарзандонро ба забон меовард ва мусибати ба сараш омадаро қабул кардан намехост. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки падар фарзандонашро дар рӯи ҷогаҳ пайдо кард ва вақте онҳоро ба бемористон бурданд, аллакай фавтида буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Се фарзанди хурдсоли собиқ комиссари ҳарбии Кӯлоб дар сӯхтори хона ҷон бохтанд

Замоне аз ин хона садои хандаи чор тифл меомад. Касе намедонист, ки ғам дар пушти дари ин хона пинҳон шуда будааст. Хонум Идигул, як ҳамсояи пиронсоли Бурҳоновҳо гуфт, ки баъди марги нахустин фарзандашон дар ин хона тоза хотироти ғамангез зудуда мешуд. Ду моҳ пеш Ёқубҷон, писари шашсоларо барқ зад ва давоми ду соат ин кӯдакро зери қум нигоҳ дошта ба сахтӣ аз марг наҷоташ доданд. Хабари сӯхтори шабонгоҳӣ дар хонаи онҳоро як ҳамсояи дигар расонд:

Манзили Рустам Бурҳонов

“Ҳамсояи наздикамон шаб ҷеғ зад, ки аз хонаи Рустам бӯи дуд баромада истодааст. Мо давида писарамро хабар кардам. Рафта онҳоро бедор карда, тирезаро шикаста кӯдаконро гирифтем, ки хона пур аз дуд шуда буд ва онҳоро гирифта, ба бемористон бурданд ва аз онҷо хабари маргашон омад”, - гуфт хонум Идигул.

Ин зани ҳамсоя гуфт, ки агар каме дер мекарданд, шояд дигар ҷасади кӯдаконро низ аз зери оташ гирифта наметавонистанд. Ӯ гуфт, ки фоҷеаи ҳамсоя барои онҳо низ як мусибат аст, чунки бачагони Бурҳоновҳо ҳамарӯза дар хонаи ӯ бо набераҳояш бозӣ мекарданд.

Хонум Идигул, ки рӯзи панҷшанбе дар маросими дафни фарзандони ҳамсоя иштирок кард, гуфт, вазъи сиҳҳативу равонии волидони кӯдакони ғӯрамарг хеле сангин аст.

Ин ҳодиса дар ҳоле ба сари хонадони Рустам Бурҳонов, сардори собиқи Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб омад, ки ба гуфтаи ҳамсояҳо, баъди аз кор озод шуданаш ӯ бекор буд. Оғози соли ҷорӣ Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо

коррупсияи Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми гирифтани беш аз 300 доллар пора барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин минтақа боздошт кард.

Алайҳи Рустам Бурҳонов бар асоси қисми яки моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карданд ва ӯ бо пардохти ҷарима озод шуд. Ҳамсоягон мегӯянд, ки баъди ин ҳодисаҳо ҳамсари Бурҳонов дар бозори марказӣ ба савдо шурӯъ карда зиндагиашон асосан аз ҳамин ҳисоб мегузашт.