Танҳо дар ду моҳи соли 2013 дар Тоҷикистон се мавриди ба додгоҳ кашида шудани журналистон сабт шудааст.
Танҳо дар ду моҳи соли 2013 дар Тоҷикистон се мавриди ба додгоҳ кашида шудани журналистон сабт шудааст, ки ҳамаи онҳо рӯзноманигорони ҷавонанд.
Рузи душанбеи 11-уми феврали соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи «Сино»-и шаҳри Душанбе паси дарҳои баста ҷаласаи аввали додгоҳии худро бо даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов доир ба ҳифзи обрӯву эътибор дар баробари рӯзномаи «ИмрӯзNews» оғоз намуд.
Назири Нусрат, журналисти ҷавони рӯзномаи мазкур дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сабаби даъвои Рустам Ҳукумов мақолаи навиштааш таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сари падар» шуданд», гардидааст, ки дар моҳи октябр нашрияи «ИмрӯзNews» ба чоп расонида буд.
Рустам Ҳукумов даъво дорад, ки ӯ бо ин хулосаи журналист, ки гӯё ҳукуматдорони тоҷик ӯро бо халабонҳои рус ва эстонӣ Владимир Садовничев ва Алексей Руденко иваз кардаанд, розӣ нест. Ва аз рӯзнома исботи ин гуфтаҳоро талаб дорад.
Вале Назири Нусрат дар баробари ин мегӯяд, «матлабе, ки инҷо нашр шудааст, бевосита дар бораи амалҳои кардаву нокардаи Рустам Ҳукумов қисса намекунад, гап сари зӯроварии давлатҳо, кишварҳои манфиатдор дар минтақа, болои кишварҳои хурдтаре ҳастанд ба мисли Тоҷикистону Қирғизистон мерафт ва дар ин матлаб қазияи додгоҳии Рустам Ҳукумов ба баҳс кашида нашудаву ба унвонии далел ёдоварӣ гардидааст. Ва ин мақола шояд ба қавле ба ҷониби даъвогар нафорид ва ҳис кард, ки ба иззати нафси он ҷониб расидем, шояд мехоҳад нишон диҳад, ки чунин ҷиноят содир накардааст ва ба ин васила худро мехоҳад сафед кунад».
Рустам Ҳукумов зимни ироаи даъвои додгоҳӣ аз рӯзнома пардохти маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавиро мекунад.
Ин қазия дар ҳолест, ки ба таъкиди Абдуфаттоҳ Воҳидов, як маъсули НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, таҷрибаи мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистон ва ВАО нишон додааст, ки ҳар сол 2-3 парванда алайҳи журналистону расонаҳо боз карда мешаванд. Ӯ мегӯяд, чунин ҳодисаҳо алалхусус дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ зиёд мешаванд: «Мо ҳозир дар пешорӯи маъракаи бисёр муҳими сиёсӣ истодаем ва ин маъракаи бисёр ҳассос, ки аст, одамон ҳассос мешаванд ва мехоҳанд дар арафаи ҳамин маърака дар байни ҷомеа обрӯю эътиборашон баланд бошад. Ба ҳамин восита шояд мехоҳанд, ки дар байни мардум баҳо пайдо кунанд».
Аммо бархе аз ҳуқуқшиносони тоҷик ба додгоҳ кашондани хабарнигоронро як тамоюли муқаррарии ҷомеаи шаҳрвандӣ медонанд. Адвокат Иноят Иноятов, ки бештар дар баҳсҳои додгоҳии журналистон ширкат ва ҳуқуқи хабарнигоронро ҳимоя кардааст, ба ин ақидаи ки бештар журналистони ҷавон ба додгоҳ кашида мешаванд, розӣ нест. Ӯ мегӯяд, мавридҳои зиёде низ буд, ки рӯзноманигорони ботаҷриба низ дучори баҳсҳои додгоҳӣ шудаанд. Дар ин асно ҷаноби Иноятов се омили асосии ба додгоҳ кашида шудани журналистонро пеш меорад:
-Якум, ин зиёд шудани баҳсҳои иттилоотӣ мебошад, сабаби дуввум дар он мебошад, ки дар баъзе ҳолатҳо баъзе шахсони алоҳида ё мақомот нисбати танқид таҳаммулпазир нестанд ва онро ҳамчун таҳқир қабул мекунанд. Аз тарафи дигар гирем, ҳастанд ҳолатҳое, ки худи рӯзноманигорон ҳам дидаву дониста маълумоти бардурӯғро дар воситаҳои ахбори омма паҳн мекунанд. Пеш аз паҳн кардани он дурустиашро намесанҷанд, ки ин оқибат боиси ба миён омадани баҳсҳои судӣ миёни журналистон ва хонандагон мегардад, - гуфт ин вакили дифоъ.
Ба гуфтаи Иноят Иноятов, аксар вақт дар ин баҳсҳои додгоҳӣ журналистон пирӯз мешаванд, вале ҳолатҳое низ буданд, ки ҷониби даъвогар дар он дастболо гардидааст. Ба андешаи таҳлилгарон, чунин баҳсҳои додгоҳӣ ғолибан рӯзноманигорон, хусусан журналистони ҷавонро рӯҳафтода ва аз касби хеш дилсард мекунад. Ва онҳо дар баррасии мавзӯъҳои ҷиддиву танқидӣ дигар майл ва ҷуръат намекунанд.
Саида Қурбонова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, ки соли 2008 баҳси додгоҳии ӯву ҳамкасбони дигараш Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиева, собиқ хабарнигорони нашрияи мустақили «Овоза» бо овозхони ҷавони тоҷик Райҳона яке аз пурсарусадотарин баҳсҳо буд, гуфт, ин ҳодиса онҳоро як муддат рӯҳафтода намуд. Аммо ӯ мегӯяд, бештар ин рӯҳафтодагӣ ба 7 моҳ давом кардани ҷараёни додгоҳ рабт дошт. Ба андешаи Саида, ин таҷрибаи баҳси додгоҳӣ ӯро барои навиштани мақолаҳо ва пайгирии мавзӯъҳои ҷиддитар боҷуръаттар кардааст.
«Фикр намекунам, ки барои журналисте, ки дар ҷодаи худ қадами устувор гузошта бошаду ҳадафаш ҷиддӣ бошад, ин гуна мурофиаҳо метавонад, таъсире гузорад ва ӯро аз интихоби касби худ боз дорад. Баръакс ин гуна ҳолатҳо журналистро бояд, ки боз ҳам устувор гардонад, боз ҳам пухтатар намояд», - мегӯяд хонум Қурбонова.
Бо ин ҳама нозирони умур мегӯянд, вобаста ба он ки матбуот дар Тоҷикистон озод аст ва Қонуни асосии кишвар озодии матбуотро кафолат додааст, сол то сол шумораи ширкатҳое, ки ба паҳн кардани иттилоъ машғул ҳастанд, зиёд ва фазои иттилоотӣ васеъ мегардад. Ин аст ки баҳсҳои додгоҳӣ минбаъд низ на кам, балки бештар мешаванд.
Аммо Тилав Расулзода, рӯзноманигори саршиноси тоҷик омили асосии ба додгоҳ кашида шудани рӯзноманигорон, алалхусус журналистони ҷавонро дар камтаҷрибагӣ ва шӯҳратхоҳиву аз меъёрҳои журналистикаи муосир хабардор набудани онҳо медонад. Ӯ мегӯяд, «мо бояд журналистонро аз рӯйи меъёрҳои муосири журналистика омода кунем. Журналист бояд бидонад, ки даврони эҳсосоту шӯҳратхоҳӣ ва популизм гузаштааст ва ӯ билкул бояд беғараз бошад. Факту арқомро аз ду се сарчашма гирифта, дурустии онро санҷад. Танҳо андешаи дигаронро бигӯяд ва мувозинатро нигоҳ дошта, ба ҳар ду ҷониб имконияти баробар фароҳам оварад, то андешаҳои худро бигӯянд", мегӯяд хабарнигори ботаҷрибаи суғдӣ.
Тилав Расулзода мегӯяд, афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ аз камтаҷрибагии хабарнигорон ҳам, ки аз талаботи журналистикаи муосир дуруст огаҳ нестанд, далолат мекунад. Вай мегӯяд, мактабҳои касбии таълими журналистика аз меъёрҳои замонавии кори хабарнигорон огаҳ нестанд ва ҳамин чиз боис мешавад, ки хабарнигорони ҷавону бетаҷриба ба иштибоҳҳои оддии касбӣ роҳ медиҳанд.
Рузи душанбеи 11-уми феврали соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи «Сино»-и шаҳри Душанбе паси дарҳои баста ҷаласаи аввали додгоҳии худро бо даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов доир ба ҳифзи обрӯву эътибор дар баробари рӯзномаи «ИмрӯзNews» оғоз намуд.
Назири Нусрат, журналисти ҷавони рӯзномаи мазкур дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сабаби даъвои Рустам Ҳукумов мақолаи навиштааш таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов: фарзандоне, ки «дарди сари падар» шуданд», гардидааст, ки дар моҳи октябр нашрияи «ИмрӯзNews» ба чоп расонида буд.
Рустам Ҳукумов даъво дорад, ки ӯ бо ин хулосаи журналист, ки гӯё ҳукуматдорони тоҷик ӯро бо халабонҳои рус ва эстонӣ Владимир Садовничев ва Алексей Руденко иваз кардаанд, розӣ нест. Ва аз рӯзнома исботи ин гуфтаҳоро талаб дорад.
Рустам Ҳукумов зимни ироаи даъвои додгоҳӣ аз рӯзнома пардохти маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавиро мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад