Барканории се фармондеҳ баъди ҳалокати сарбоз Фирдавс Раҳматов

Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, баъди ҳалокати сарбоз Фирдавс Раҳматов се фармондеҳи аршади қисми низомии мустақар дар Конибодомро барканор кардаанд.

Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 22 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки се фармондеҳи аршади қисми низомии мустақар дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд то анҷоми тафтиш аз мақом барканор шудаанд. Ин қисми низомӣ ду ҳафта пеш дар пайи марзи мармузи Фирдавс Раҳматов ном ҳам сарбози навхидмат вирди забони расонаҳо шуд.

Як масъули вазорати дифоъ ба Озодӣ гуфт, барканории се фармондеҳи ин қисми низомӣ – фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми ҳарбии 04080 ба ҳамин қазияи марги сарбоз рабт дорад ва ҳарсеро ба далели хунукназарӣ сабукдӯш кардаанд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс Раҳматов рӯзи 22 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо муваққатан ва то анҷоми тафтиш аз мақом барканор кардани ин се фармондеҳро ҷазои барои онҳо хеле сабук мешуморад: “То ҷое мо фаҳмидем, дар он қисми низомӣ бераҳмона кӯфтани сарбозони навхидмат ягона шеваи “тарбия” будааст. Фармондеҳони қисми низомӣ ба ин чизҳо аз паси панҷа нигоҳ мекарданд ва бояд онҳо ҳам ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.”

Барканории се фармондеҳи қисми низомии Конибодом ба дунболи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи се сарбози собиқадори ин воҳиди низомӣ бо иттиҳоми бадрафторӣ нисбат ба ҳамхидмати онҳост, ки мунҷар ба ҳалокати ӯ шудааст.

Фирдавс Раҳматов, сокини шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи ин шаҳр рӯзи 7 майи соли равон аз тариқи “облава” иҷборан ба артиш бурда шуд. Ӯ дар ҳамон қисми низомии воқеъ дар Конибодом хидмат мекард.

Аммо дуруст як моҳ баъд, шаби 7 ба 8 июн, масъулони қисми низомӣ ҷасади беҷони Фирдавсро оварда, ба волидонаш супурданд. Ин масъулон ибтидо гуфтаанд, ки гӯё Фирдавс Раҳматовро офтоб задааст ва бар асари ин, забонаш дарун рафтву пеши роҳи нафасашро гирифтааст. Вале волидони Фирдавс ба ин фарзия бовар накарда, марги мармузи ӯро аз тариқи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ расонаӣ карданд.

Ба дунбол, рӯзи 11 июн Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд бо баргузории як нишасти вижаи хабарӣ тасдиқ кард, ки Фирдавс Раҳматов на бо марги табиӣ, балки бар асари латукӯби ҳамхидматони собиқадор, ба истилоҳ “дед”-ҳо, ҳалок шудааст:

"Санҷиши гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса то ин лаҳза ошкор намуд, ки 7-уми июни соли ҷорӣ тахминан соати 15 сержантҳо Сулаймонов Раббонӣ ва Комрон Раҳимов дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро барои қазои ҳоҷат бурда, аз чашми афсарон пинҳон, ин сержантҳо ва аскари собиқадори қаторӣ - Айём Назаров аскари навдаъват - Фирдавс Раҳматовро зарбу лат мекунанд, ба гардан ва қафаси синаи вай мезананд, ки дар натиҷа Фирдавс нафасгир шуда, дар давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад."

Додситонии ҳарбӣ алайҳи сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов, Комрон Раҳимов мутобиқи банди 391, қисми 3 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" ва нисбат ба Айём Назаров мутобиқи банди 273, қисми 2 - "вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Фарзияи аввал дар доираи "бобосолорӣ" ё "дедовшина" рух додани латукӯб аст, ки аскарони собиқадор худро “хӯҷаин”-и мутлақи наваскарон пиндошта, барои мутеъ кардан онҳоро бидуни сабаб ва бераҳмона мекӯбанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи вуҷуди “меҳтарсолорӣ” дар воҳидҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста бонги изтироб мезананд. Додситони низомии Суғд низ дар нишасти рӯзи 11 июнаш бо ишора ба қазияи марги Фирдавс Раҳматов эътироф кард, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозорони собиқадор ва наваскарон вуҷуд дорад.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс мегӯяд, хеле мехост, то ӯро бо он се сарбози дастгиршуда рӯбарӯ кунанд: “Мехостам ба чашмашон нигоҳ кунаму аз худашон шунавам, ки чаро писари маро то мурдан задаанд? Аммо дар додситонӣ ин иҷозатро ба ман надоданд.”

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон алайҳи шиканҷа тасмим гирифтааст, барои бори аввал як бахши аъзами намоишгоҳи аксҳояш ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо шиканҷаро ба сарнавишти сарбозони мавриди шиканҷа қароргирифта дар артиши Тоҷикистон бубахшад.

Дар ин бахши намоиши аксҳо, ки рӯзи 26 июн, дар Рӯзи ҷаҳонии қурбониёни шиканҷа дар маркази “Вефа”-и Душанбе боз хоҳад шуд, аз ҷумла аз сарнавишти Шаҳбол Мирзоев, ки ба иллати бадрафтории ҳамхидматаш аз пои равон маҳрум шудааст ва Акмал Давлатов ва Мақсуд Носиров, ки ҳангоми адои хидмати низомӣ низ бар асари бадрафторӣ ҷон бохтаанд, қисса хоҳад шуд.

Акнун ба ин “рӯйхати сиёҳ”-и қурбониёни шиканҷа дар нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон боз як исми дигар илова мешавад: Фирдавс Раҳматов, ки ҳамагӣ 22 сол ва дар дил як ҷаҳон орзу дошт...